Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар – генерал-майор Бекмурод Абдуллоев, муовини пешини вазири корҳои дохилӣ ва Рустам Турсунов, собиқ роҳбари Департаменти иҷрои ҷазои ВКД-и Ӯзбекистон хабар додаанд. Маълум нест, ки онҳо ба чӣ иттиҳом айбдор мешаванд.
Ба иттилои Kun.UZ, алайҳи ҳардуи ин мансабдорони пешин дар доираи як парванда тафтишот идома дорад. Ба қавли манбаъ, боздошти онҳо пас аз он сурат мегирад, ки Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон дар робита бо мубориза бо фасод дар соли 2026 “вазъияти фавқулода” эълон кардааст.
Аз мақомоти ин кишвар боздошти ин ду чеҳраи шинохта дар Ӯзбекистонро тасдиқ карда, гуфтаанд, ки Додситонии кул ҳоло таштишот мебарад. Дар робита ба иттиҳоме, ки онҳо айбдор мешаванд, иттилоъ дода намешавад.
Онҳо кистанд?
Ба навиштаи расонаҳои ин кишвар, Бекмурод Абдуллоев аз моҳи апрели соли 2021 муовини вазири корҳои дохилии Ӯзбекистон буда, 3-юми ноябри соли 2025 бо дастури роҳбари ин кишвар аз вазифа барканор шуда буд. Ӯ қаблан низ дар сохтори ВКД дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доштааст. Аз ҷумла, солҳои 2018-2019 муовини сардори Сарраёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд ва як муддат сардори Сарраёсати патрулӣ-посбонӣ ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД Ӯзбекистон будааст. Баъдан, то замони муовини вазири корҳои дохилӣ таъин шуданаш, муовини якум оид ба таъминоти ҷамъиятии фармондеҳи Гвардияи миллӣ буд.
Рустам Турсунов низ, ки аз соли 2021 сардори Департаменти иҷрои ҷазои ВКД-и Ӯзбекистон буд, дар як рӯз бо Бекмурод Абдуллоев, 3-юми ноябри соли 2025 бо фармони раисҷумҳури ин кишвар аз мансаб озод шудааст. Ӯ қаблан, солҳои 2017-2018 сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Ҷиззах ва сипас то соли 2021 сардори Раёсати ВКД дар вилоятии Навоӣ будааст.
Бояд гуфт, боздошти мансабдорон ва ё собиқ мақомдорон дар ин кишвар падидаи нав нест. Аз ҷумла, соли 2023 Афзал Эрматов, раиси Оҷонсии муҳоҷират бо иттиҳоми ҷамъоварии ғайриқонунии беш аз миллион доллар (14,5 млрд сӯми ӯзбекӣ) боздошт шуд ва додгоҳ ӯро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.
Ҳамчунин ахиран, моҳи феврали соли 2025 Дониёр Тошхӯҷаев, собиқ муовини аввали сардори Раёсати пулиси шаҳри Тошканд бо иттиҳоми сӯйиқасд ба ҷони Комил Алламҷонов, чеҳраи шинохтаи сиёсати Ӯзбекистон ва яке аз ҳамсафони Саида Мирзиёева, духтари раисҷумҳури Ӯзбекистон ба 7 соли зиндон маҳкум шуд.
Пештар аз ин, Рашид Қодиров, додситони кулли пешини Ӯзбекистон барои содир кардани як қатор ҷиноёт, аз ҷумла гирифтани пора, қаллобӣ, қасдан саркашӣ аз пардохти андоз, дахолат ба раванди таштишот муттаҳам дониста ва ба 10 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳамроҳи ӯ чандин зердастонаш ҳам зиндонӣ шуданд. Аммо аввали соли 2023 додситони кулли пешин шартан аз зиндон раҳо шуд.


