Вазири маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, соли гузашта 9 ҳазор хонандаи тоҷик, ки дар мактабҳои Русия мехонданд, ба ватан баргашта, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ӯ аз таҳсил дур мондани фарзандони муҳоҷирон тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кард ва гуфт “омори дақиқи кӯдакони дар ин кишвар қарордошта мавҷуд нест”.
Раҳим Саидзода, вазири маориф имрӯз, 30-юми январ, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳамаи кӯдаконе, ки ба ватан баргаштанд, “зери назорати худ гирифтем, чун инҳо фарзандони мо ҳастанд, вақте муроҷиат карданд онҳоро ҷобаҷо кардем”.
“Фақат дар баъзе ҳолатҳо мушкилие сар зад, ки баъзе шаҳрвандон дар Русия ба таҳсил фаро гирифта нашудаанд. Масалан дар Тоҷикистон синфи 7 хондааст, рафтааст як соли дигар хондааст, баргашта омада мехоҳад, ки ба синфи 8 ё 9-ум гузарад, ки ин мумкин нест. Тибқи қонунгузорӣ бояд тахминан 75% барномаи таҳсилиро аз худ кунад, дар ин ҳолат имкони ба синфи дигар гузарондан мавҷуд аст”,-гуфт вазири маориф.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Раҳим Саидзода
Бояд гуфт, ки баргашти ин теъдод хонандагони тоҷик аз Русия дар ҳолест, ки баъди қабули қонун дар бораи санҷиши сатҳи забондонии фарзандони муҳоҷирон пеш аз қабул ба мактабҳои ин кишвар, ҳазорҳо кӯдакон аз таҳсил дур монданд. Худи муҳоҷирон мегӯянд, ки дар баъзе аз макотиби манотиқи Русия бо баҳонаи надонистани забони русӣ кӯдаконашонро ба мактаб қабул намекунанд, ки ин боиси аз таҳсил дур мондани фарзандонашон мегардад.
Дар ҳамин ҳол, вазири маорифи Тоҷикистон дар робита ба теъдоди кӯдакони тоҷике, ки дар Русия қарор доранд ва аз таҳсил дур мондаанд, гуфт, ки “мо омори дақиқ надорем чунки ин дар салоҳияти Вазорати маориф нест”.
“Мутаассифона бисёри падару модарон ҳамроҳашон кӯдаконашонро гирифта рафтанд ва онҳо аз таҳсил дар Русия дур монданд. Баргашта меоянд ба Тоҷикистон ва моро маҷбур мекунанд, ки фарзандашонро баробари дигар ҳамсинфонаш қабул кунем. Як нафар кӯдакро овард, вақте хонандаи синфи 4 буд, рафтааст (ба Русия, аз идора), ҳоло хонандаи синфи 8 шудааст, аммо нахондааст (мактаб, аз идора). Мо дастур додем, ки роҳҳои ба таҳсил фаро гирифтани ӯро фикр кунанд”,-таъкид кард Саидзода.
Имкони таҳсили фосилавӣ барои кӯдакони муҳоҷирони тоҷик мавҷуд аст?
Раҳим Саидзода ба суоли он ки баъди куштори Қобилҷон Алиев, дар яке аз мактабҳои Маскав аз сӯйи шаҳрванди 15-солаи Русия имконии роҳандозии дарсҳои фосилавӣ (онлайнӣ) барои фарзандони шаҳрвандони Тоҷикистонд ар кишварҳои хориҷӣ, махсусан Русия имконпазир аст, посухи рад дод ва гуфт, “ин ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон вобаста нест”.
“Ҳар як давлат мустиқилияти худашро дорад, барои онки мо таҳсилро дар дигар кишвар амалӣ кунем, инҷо сохторҳои марбута ҳаст, ки инҳо моро иҷозат медиҳанд. Агар иҷозат надиҳанд мо чӣ хел дар як давлати дигар таҳсилро ба тариқи онлайнӣ амалӣ мекунем? Лекин дар ин самт ягон кас то ҳол муроҷиат ҳам накардааст ва мо фикр ҳам накардем”,-гуфт вазири маориф.
Бояд гуфт, ки ду сол пеш аз мақомоти Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки дар Русия мактаб ё синфи тоҷикӣ нест. Вазорати маорифи Тоҷикистон низ то кунун дарсҳои фосилавӣ роҳандозӣ накардааст ва барои тоҷикони бурунмарзӣ таҳсил бо забони тоҷикӣ ва тибқи барномаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар Русия дастрас нест.
Қаблан сабаби роҳандозӣ нашудани дарсҳои фосилавиро як манбаъ аз Вазорати маориф ва илм ба маҳдудияти интиқоли барқ ва суръати пасти интернет рабт дода буд. Пас аз ин дигар дар бораи роҳандозии дарсҳои фосилавӣ иттилоъе нашр нашудааст.


