Дар соли 2025 беш аз 600 донишҷӯи тоҷик аз мактабҳои олӣ ва фурудгоҳҳои Русия ба Тоҷикистон ихроҷ шудаанд. Дар ин бора Лутфия Абдулзолиқзода, муовини вазири маориф ва илм имрӯз, 30-юми январ дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба қавли Абдулзолиқзода, ҳоло ин теъдод донишҷӯёни ихроҷшуда дар мактабҳои олии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ӯ гуфт, ки моҳи ноябри соли гузашта дар нишасти ҳайатҳои Тоҷикистон ва Русия масъалаи ихроҷи муҳоҷирону донишҷӯёни тоҷик аз Русия ва баргардонидани онҳо аз фурудгоҳҳои ин кишвар баррасӣ шудааст. Ба иттилои ӯ, дар пайи ин гуфтушунид иҷозаи идомаи таҳсили 730 донишҷӯи тоҷикро, ки давоми ду соли охир аз Русия ихроҷ шудаанд гирифтаанд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Лутфия Абдулзолиқзода
“Дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандае, ки далели беасос ихроҷ кардани ин теъдод донишҷӯёнро аз Русия исбот мекард, ҷониби ин кишвар розӣ шуданд, ки 730 донишҷӯи тоҷикро барои идомаи таҳсил қабул кунанд. Аммо аз миёни ин донишҷӯён бештарашон дар муассисаи таҳсилоти олии Тоҷикистон интиқол ёфта, таҳсилро идома медоданд, нахостанд ба Русия баргарданд”,- таъкид кард Абдулзолиқзода.
Бояд гуфт, ки ҳар сол мақомоти Русия дар оғози соли таҳсил даҳҳо донишҷӯёни тоҷикро, ки дар донишгоҳҳои ин кишвар таҳсил мекунанд, ихроҷ карда, чанди дигарро аз сарҳад ба дохил роҳ намедиҳанд. Аз ҷумла дар соли таҳсили 2024 чанд нафар донишҷӯёни тоҷик аз ихроҷ шуданашон аз донишгоҳ ё баргардонидан аз фурудгоҳҳои ин кишвар нигаронӣ карда буданд.
Пештар “Азия-Плюс” дар асоси шикояти донишҷӯёни тоҷик дар хусуси ихроҷи онҳо ҳудуди ин кишвар матлаб нашр карда буд, ки метавонед дар ин пайванд мутолиа кунед.
Баъди ҳодисаи “Крокус Сити Ҳол” фишор болои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия якбора бештар шуд. Аксари онҳоро ба Русия роҳ намедиҳанд ва ё бидуни шарҳ ихроҷ мекунанд. Ҳамакнун дар ин кишвар қонунҳои алоҳидае қабул шудаанд, ки зиндагӣ ва кори муҳоҷирони тоҷикро дар ҳудуди Русия чандин маротиба душвор кардааст.


