Норасоии кормандони соҳаи тиб, муассисаи таъмирталаб, афзоиши ҷарроҳии пайванди узвҳо, коҳиши фавти кӯдакон, зиёдшавии таваллуд ва теъдоди кӯдакони маъюб дар кишвар, аз нуктаҳои муҳими нишасти хабарии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ буданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ рӯзи 28-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ҳоло дар кишвар 1 ҳазору 432 корманди соҳаи тандурустӣ намерасад. Шаш моҳ пеш норасоӣ 1 ҳазору 600 нафарро ташкил медод ва дар ин давра 168 нафар ба кор қабул шудааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта мактабҳои олии кишварро 2 ҳазору 945 нафар хатм кардаанд.
Ҳамчунин вазир нагуфт, ки дар ин давра чанд нафар тарки соҳа кардаанд. Дар нишасти хабарии қаблӣ, дар моҳи июли соли гузашта, ӯ таъкид карда буд, ки дар шаш моҳи соли 2025 дар Тоҷикистон 51 табиб ҷойи кори худро тарк карда, ба муҳоҷират рафтаанд, вале сарфи назар аз ин, раванди муҳоҷиршавии табибон коҳиш ёфтааст.
Абдуллозода изҳор дошта буд, ки сол аз сол бо мақсади муҳоҷират соҳаро тарк кардани табибон коҳиш меёбад ва дар муқоиса бо солҳои пешин, ки дар як сол то 500-600 табиб ба муҳоҷирати меҳнатӣ мерафтанд, ин омор хеле коҳиш ёфтааст. Ӯ сабаби коҳиши сатҳи муҳоҷирати табибонро беҳтар гардидани шароити кор дар беморхонаҳои кишвар ва боло рафтани маоши онҳо унвон кард.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло кишвар 94% аз табиб ва 99% аз кормандони миёнаи тибб таъмин аст. Дар кишвар 22 ҳазору 419 табиб ва 64 ҳазору 909 корманди миёнаи тиб фаъолият мекунад, ки нисбат ба соли гузашта мутаносибан 1,9 ва 2% зиёдтар аст.
Ҳамчунин, вазир гуфт, имрӯз дар мактабҳои олии тиббии кишвар дар умум 26 ҳазору 911 нафар, аз ҷумла 13 ҳазору 860 донишҷӯ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, 2 ҳазору 875 донишҷӯ дар Донишгоҳи тиббии Хатлон, 5 ҳазору 759 нафар дар факултаҳои тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва 4 ҳазору 417 донишҷӯ дар Донишгоҳи тиббӣ-иҷтимоӣ таҳсил мекунанд.
Дар коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ бошад 80 ҳазор донишҷӯ таҳсили тиб мекунад, ки нисбат ба соле пеш 7 ҳазору 240 нафар зиёд аст.
Муасиссаҳои таъмирталаби тиббӣ
Ба гуфтаи вазири тандурустии кишвар, ҳоло дар Тоҷикистон 62 бемористон таъмирталаб буда, 52 бемористони дигар дар бинои дигар муассисаҳо ҷойгир будаанд. Ӯ гуфт, интизор меравад, ки то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатӣ ин мушкилот бартараф шавад.
Ҳамчунин, вазир гуфт, соли гузашта дар кишвар бо дастгирии соҳибкорон ва шарикони рушд 113 беморхонаи нав сохта шуда, 301 муассисаи тиббии дигар таъмир шудаанд.
Ба гуфтаи Ҷамолиддинзода, ҳоло дар Тоҷикистон 5 ҳазору 289 муассисаи тандурустӣ ҳаст.
Афзоиши пайванди узвҳои бадан
Соли гузашта дар Тоҷикистон 330 ҷарроҳии пайванди узвҳои бадан, аз ҷумла, 222 ҷарроҳии пайванди гурда ва 108 пайванди ҷигар гузаронида шудааст.
Ба гуфтаи Абдуллозода, соли 2024 дар Тоҷикистон 298 ҷарроҳии пайванди узвҳо, аз ҷумла 199 пайванди гурда ва 67 ҷигар анҷом шуда будааст.
Ба гуфтаи вазири тандурустӣ, аз 330 ҷарроҳии пайванди узвҳо дар соли 2025-уми 99-тояш (64 гурда ва 35 ҷигар) дар бадани кӯдакон ва 95-тои дигараш дар тани шаҳрвандони хориҷӣ сурат гирифтааст. Вазир нагуфт, ки онҳо шаҳрванди кадом кишвар буданд ва арзиши ин навъи ҷарроҳӣ дар Тоҷикистон чӣ қадар аст.
Абдуллозода, ҳамчунин, изҳор дошт, ки соли гузашта дар кишвар дар умум беш аз 203 ҳазор ҷарроҳӣ анҷом шуд. Ин рақам нисбат ба соле 2024-ум 10% ё 20 ҳазор адад зиёд будааст.
“Таваллуди кӯдакон афзуда, фавт кам шудааст”
Ба гуфтаи вазири тандурустӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон 264 ҳазору 913 кӯдак таваллуд шудааст, ки назар ба соли 2024-ум 1496 тифл зиёд аст. Соли 2024 дар Тоҷикистон 263 ҳазору 417 кӯдак таваллуд шуда буд.
Ҳамчунин ӯ гуфт, дар ин давра фавти кӯдакон коҳиш ёфта, аз 1000 кӯдаки таваллудшуда 10,8 кӯдаки то яксола фавтидааст. Соли 2024 ин нишондод аз 1000 тифл 11,8 фавтро ташкил медод.
Инчунин, давоми соли 2025 аз 100 кӯдаки зиндатаваллуд 13,1 кӯдаки то панҷсола фавтидааст. Соле пеш аз он ин рақам ба 14 фавт аз 1000 зиндатаваллуд рост меомад.
Воридоти дору ба кишвар
Дар соли 2025 ба кишвар ба маблағи 1 миллиард 152 миллион сомонӣ дору ва молҳои тиббӣ ворид шудааст. Он нисбат ба соле пеш 32,77 миллион сомонӣ зиёд будааст.
Аз ҷумла, дар соли гузашта ширкатҳои дорусозӣ ба маблағи 30 миллион сомонӣ дору ва моддаҳои биологӣ ба хориҷа фурӯхтаанд, ки 5 миллион сомонӣ бештар аз соли қаблӣ будааст.
Ба гуфтаи вазир, соли гузашта 4 корхонаи нави ватанӣ ба истеҳсоли дору оғоз кардаанд. Ҳоло дар кишвар 71 корхонаи ватанӣ 634 навъ дору ва молҳои дигари тиббӣ истеҳсол мекунад. Соли 2025 дар кишвар беш аз 106,5 миллион адад дору истеҳсол шудааст. Ин нишондод аз соли қаблӣ 4,5 миллион адад бештар будааст.
Беш аз 172 ҳазор шахси дорои маъюбият дар Тоҷикистон
Ба иттилои вазири тандурустии кишвар, ҳоло дар Тоҷикистон 172 ҳазору 538 шахси маъюбиятдошта буда, 35 ҳазору 381 нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Гуфта мешавад, ки маъюбон дар кишвар 1,6 дарсади аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакон 0,8 дарсадро ташкил медодаанд.


