ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни "Сада" баргузор мегардад. Дар ҷашн кишоварзон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсулотеро, ки ифодагари "Сада" мебошанд, ба намоиш мегузоранд.
Инчунин, дар доираи ин чорабинӣ намоиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ, намоиш-фурӯши ниҳол ва барномаи фарҳангӣ баргузор мешавад.
– Барои сокинон ва меҳмонони пойтахт хатсайри сайёҳии ройгон таҳти унвони "Сайри Сада" ташкил карда мешавад. Хоҳишмандон метавонанд соати 08:00 дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ҷамъ оянд. Сафар соати 08:30 аз майдони Исмоили Сомонӣ оғоз шуда, то Боғи ба номи Абулқосими Фирдавсӣ, ки қарор аст ҷашни "Сада" он ҷо баргузор шавад, давом меёбад.
ИЗОБРАЖЕНИЕ
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1927 – Ноҳияи Исфара (ҳоло шаҳри Исфара) таъсис дода шуд.
Соли 2001 – Дар Тоҷикистон ислоҳоти системаи идоракунии давлатӣ оғоз шуд.
Соли 2002 – Аввалин истгоҳи телефонии рақамӣ дар Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Соли 2009 – Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикгаз” ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиктрансгаз” табдил дода шуд.
Соли 2017 – Бо қарори Ҳукумат дар кишвар боз ду Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ) – “Ишкошим” ва “Данғара” таъсис дода шуд.
Соли 2019 – Пас аз танаффуси тӯлонӣ бархе аз шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон ба гирифтани нерӯи барқ аз Ӯзбакистон шурӯъ карданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1935 – Мавлуди Борис Пшеничний, рӯзноманигор, нависанда.
Борис Пшеничний фаъолияти пурсамари рӯзноманигорӣ ва тарҷумонӣ доштааст. Солҳо дар рӯзномаҳои мухталиф фаъолият карда, ҳамчунин сармуҳаррири моҳномаи “Помир” будааст.
Ӯ муаллифи мақола, очерк, филмнома, драма ва ҳикояҳои тахайюлӣ буда, осори алоҳидаи адибони тоҷик – Баҳром Фирӯз, Саттор Турсун, Ӯрун Кӯҳзод ва дигаронро ба русӣ тарҷума кардааст. Чанд сол вакили мардумӣ дар порлумон низ буд.
Борис Пшеничний соли 1997 дар синни 62-солагӣ даргузашт.
Соли 1976 – Зодрӯзи Сулаймон Султонзода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Сулаймон Султонзода
Ӯ хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон буда, солҳо ҳамчун муфаттиш ва додситон ифои вазифа кардааст. Аз ҷумла дар Додситони ҳарбӣ-гарнизони шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Қурғонтеппа (Бохтари ҳозира) чун муфаттиш ва солҳои баъдӣ ҳамчун додситон дар ин шаҳрҳо фаъолият бурдааст. Аз соли 2009 то ноябри 2010 муовини аввали додситони ҳарбии гарнизони Душанбе, аз ноябри соли 2010 то майи соли 2014 додситони ҳарбии гарнизони Душанбе ва баъди ин, як соли дигар додситони ҳарбии гарнизони Суғд буд.
Баъдан, соли 2015 сардори Раёсати кадрҳои Додситони кулли Тоҷикистон таъин шуд ва баъди ду соли фаъолият дар ин ниҳод, моҳи январи соли 2017 директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъин шуд ва то ҳол дар ин мақом кор мекунад. Султонзода генерал – лейтенанти адлия аст
Соли 1961 – Зодрӯзи Фозил Обидов, ректори пешини Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, собиқ вакили парлумони Тоҷикистон.
Соли 1962 – Абдусалом Деҳотӣ, шоир, нависанда, дромнавис, луғатшинос, арбоби давлатӣ дар синни 50-солагӣ аз олам даргузашт.
Абдусалом Деҳотӣ, шоир ва пажӯҳишгари тоҷик аз ҷумлаи маъруфтарин адибони садаи ХХ буда, 14-уми марти соли 1911 дар Самарқанд зода шудааст. Ӯ дар таҳрири осори устод Айнӣ ва таҳияи “Фарҳанги забони тоҷикӣ” низ саҳм дорад.
Деҳотӣ солҳо дар Тоҷикистон фаъолият бурда, осори ғанӣ эҷод ва дастраси хонандагон кардааст. “Ҳаёт қадам мезанад”, “Бунафша, “Ҳадя ба хурдтаракон”, “Оби равон меояд” аз ин қабиланд.
Насри Деҳотӣ аз ҳикояҳои ҳаҷвӣ, очеркҳо ва мақолаҳои публисистӣ иборат аст. Муҳимтарин хусусияти ҳикояҳои ҳаҷвии ӯ қувват гирифтани ҷанбаи публисистӣ, ба нақл ҳамроҳ шудани андешаву мулоҳизоти публисистона, фаровон истифода гардидани унсурҳои этнографӣ мебошад.
Дар офаридани асарҳои драмавӣ низ маҳорати беҳамто дошта, дар ҳамқаламии М.Турсунзода драмаи мусиқии “Хусрав ва Ширин”, мустақилона либреттои операҳои “Шӯриши Восеъ” ва “Комде ва Мадан”-ро навиштааст. Соли 1953 мазҳакаи “Қиссаи Таърифхоҷаев”-ро ба қалам овардааст.
Абдусалом Деҳотӣ соли 1962 дар синни 50-солагӣ даргузашт.
Соли 1976 – Зодрӯзи Шоҳрух Ғаффорзода, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Ҳар сол 31 январ ҳамчун Рӯзи байналмилалии заргарон таҷлил мешавад. Қарори расман тасдиқ намудани ин рӯз ҳамчун рӯзи заргарон соли 2008 дар шаҳри Тошканд дар озмуни заргарони ҷавон қабул гардид.
31 января соли 1924 аввалин Конститутсияи Иттиҳоди Шӯравӣ қабул карда шуд. Хусусияти хоси ин Конститутсия дар он буд, ки дар қонун ҳадафи асосии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун иттиҳоди ихтиёрии ҷумҳуриҳо, баробарии ҳуқуқи онҳо, соҳибихтиёрии ҳар ҷумҳурӣ ва ҳуқуқи вуруд ва хориҷшавӣ аз Иттиҳод зикр гардида буд.
Соли 1729 дар Истанбул аввалин китоби чопӣ ба хати арабӣ нашр шуд. Ин китоб луғати Ҷавҳарӣ дар тарҷума ба туркӣ буд. Ин луғат дар он замон хеле маъруф шуд ва зиёда аз ҳазорсол мақоми пешсафиро аз даст надод.
31 января соли 1893 тамғаи тиҷоратии "Coca-Cola" расман ба қайд гирифта шуд. Таърихи пайдоиши ин нӯшокӣ моҳи аз моҳи марти соли 1886 аст. Вақте Ҷон Пембертон хост давои дардсозе пайдо кунад, шарбати шакарро бо кофеин ва гиёҳи кока омехта карда, нӯшокии хушмаззае бо ранги қаҳвагӣ ҳосил кард.
Аввалин маротиба ин нӯшокӣ дар дорухонаи “Ҷейкобс” дар Атланта ҳамчун дору барои ихтилоҷоти асабӣ пешниҳод гардид ва соҳиби патент шуд. Ҳар шахс метавонист бо пардохти панҷ сент финҷоне нӯшокии шифобахш гирад.
Аммо тамғаи тиҷоратии "Coca-Cola" танҳо соли 1893 аз ҷониби соҳибкори амрикоӣ Аса Кендлер , ки дорухатро аз ҳамсари Пембертон харидоре карда буд, расман сабт карда шуд. Аз ҳамон вақт "Coca-Cola" ба бозори ҷаҳонӣ роҳ ёфт.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -3+2º, дар водиҳо шабона 1-6º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борон ва дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳӣ борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 4+9º гарм, дар водиҳо шабона -1+4º, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар водиҳо шабона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º сард, дар ғарби вилоят шабона 5-10º сард, дар баъзе ноҳияҳо то -1+1º, дар шарқи вилоят шабона 18-23º сард, дар баъзе минтақаҳо то 28-30º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 0+2º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 3+5º гарм, шабона 0-2º сард.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 10+12º гарм, шабона 0+2º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар охири рӯз борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 6-8º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 31-уми январ ба 1-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.


