Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни натиҷагирӣ аз ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар соли 2025, дар бораи зарурати ислоҳот дар низоми идоракунии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар ба “Азия-Плюс” изҳори назар кард. Ба гуфтаи Латифов, соли 2025 варзишгарони тоҷик дар як қатор мусобиқаҳои бузурги ҷаҳонӣ ширкат варзида, ба натиҷаҳои назаррас даст […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни натиҷагирӣ аз ҳунарнамоии варзишгарони тоҷик дар соли 2025, дар бораи зарурати ислоҳот дар низоми идоракунии соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар ба “Азия-Плюс” изҳори назар кард.

Ба гуфтаи Латифов, соли 2025 варзишгарони тоҷик дар як қатор мусобиқаҳои бузурги ҷаҳонӣ ширкат варзида, ба натиҷаҳои назаррас даст ёфтанд. Аз ҷумла, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудо ва муштзании ҷаҳон онҳо ба сурати умум панҷ медал ба даст оварданд, ки яке аз натиҷаҳои беҳтарини варзиши ватанӣ дар мавсим мебошад.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон моҳи июн дар Будапешт (Маҷористон) намояндагони Тоҷикистон ба дарёфти се медал: нуқра дар вазни то 66 кг (Эмомалӣ Нуралӣ), ва 2 медали биринҷӣ – дар вазни то 66 кг (Обид Ҷебов) ва вазни зиёда аз 100 кг (Темру Раҳимов) ноил гардиданд.

Боз ду медалро варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии муштзанӣ (бокс) миёни мрадон моҳи декабр дар Дубай (АМА) ба даст оварданд. Дар вазни то 57 кг Хусравхон Раҳимов медали нуқра ва дар вазни то 60 кг Акмал Убайдов медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар ҳамин ҳол, Латифов хотиррасон намуд, ки тайи 30 соли ахир ҳеҷ яке аз варзишгарони Тоҷикистон ба дарёфти медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар навъҳои олимпии варзиш даст ёфта натавонист. Чунин дастоварди ахир соли 1995 ба қайд гирифта шуда буд, ки он замон гурзпарто Андрей Абдувалиев дар Гётеборг (Шветсия) ба унвони қаҳрамони ҷаҳон соҳиб шуд.

Дар ин робита Нарзулло Латипов доир ба як қатор пешниҳодҳо изҳори назар кард, ки ба рушди соҳаи тарбияи ҷисонӣ ва варзиш дар кишвар равона шудаанд.

Аввалан ӯ пешниҳод намуд, ки низоми амалкунандаи идоракунии соҳа аз ҷониби давлат бозбинӣ шавад ва зикр кард, ки табдили Кумитаи пешинаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба самаранокии фаъолият, бахусус дар сатҳи шаҳру навоҳӣ, таъсири манфӣ расонид. Ба қавли ӯ, соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад.

Сониян, Латипов баргардонидани шакли пешинаи кори Шӯро оид ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро, ки он замон онро сарвазири Тоҷикистон роҳбарӣ мекард, мувофиқи мақсад медонад. Ӯ таъкид дошт, ки ба ҳайати Шӯро бояд роҳбарони вазоратҳои калидии вазорату идораҳои дахлдор, инчунин раисони минтақаҳо шомил бошанд.

Дар идома ӯ пешниҳод намуд, ки дар дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм раёсат ё шуъбаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъсис дода шавад. Ғайр аз ин, ба гуфтаи ӯ, дубора барқарор намудани фаъолияти қисмате аз мактабҳои варзишии кӯдакону наврасон, инчунин ба тобеъияти вазорати мазкур додани Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ зарур аст.

Дар робита ба масъалаи омодагӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелес Латифов таҳияи барномаи махсуси давлатӣ, таъмини маблағгузории кофии соҳа аз ҳисоби воситаҳои буҷет ва сарпарастон, дар фурсатҳои кӯтоҳтарин таъсис додани Маркази олимпии омодагӣ дар кишварро пешниҳод кард. 

Қобили зикр аст, ки бори аввал нест, ки Нарзулло Латифов доир ба ҷудо кардани соҳаи варзиш аз сиёсати ҷавонон изҳори назар мекунад. Моҳи феврали соли 2016 ӯ аллакай чунин пешниҳодро изҳор ва зикр карда буд, ки муттаҳид сохтани соҳаи варзиш бо сохтори ҷавонон ва сайёҳӣ ба поин рафтани мақоми соҳа ва заъиф гардидани низоми идоракунии он оварда расонид. Баъди як соли чунин изҳорот соҳаи сайёҳӣ ба сохтори алоҳида табдил дода шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Имсол низ ба ҳар як иштирокчии ҶБВ 50 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад

Ҳоло дар Тоҷикистон 8 иштирокчии ҶБВ боқӣ мондааст.

Дар Душанбе бори аввал мусобиқаи байналмилалии устодони ҷудои ҷаҳонӣ баргузор мешавад

Ин яке аз мусобиқаҳои пурнуфуз дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 81

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мирсаид Миршакару Зариф Ализода ва Рустами Ваҳҳобу Ҳафиз Раҳмон ва Рӯзи байналмилалии баробарҳуқуқии маъюбон.

Марги як нафар ва ҷароҳати ду тани дигар аз раъду барқ дар Турсунзода. Мақомот паёмадҳои селҳои рӯзи гузаштаро эълон карданд

Рӯзи гузашта дар пайи борони шадид дар чанд минтақаи кишвар сел омада, хонаву замини кишт, роҳу сохтмонҳои гуногун зери об мондаанд.

“Арванд” беҳтарин бонк дар пешниҳоди хидматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор эътироф шуд

Бонк дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин ташкилоти қарзӣ оид ба пешниҳоди хизматрасониҳои ғайрибонкӣ ба бонувони соҳибкор” сазовори ҷои аввал дониста шуд.