Ба Тоҷикистон дар як сол қариб 1,8 млн сайёҳ омадааст

Теъдоди сайёҳоне, ки соли гузашта ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, қариб 1,8 млн будааст. Дар ин бора Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, хабар дод. “Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазору 454 сайёҳ омад, ки ин нисбат ба соли 2024 27,5% ва ё 384 ҳазору 299 нафар бештар аст”, – гуфт Ҷумъахонзода. Кумитаи рушди […]

Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Теъдоди сайёҳоне, ки соли гузашта ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, қариб 1,8 млн будааст. Дар ин бора Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ, хабар дод.

“Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазору 454 сайёҳ омад, ки ин нисбат ба соли 2024 27,5% ва ё 384 ҳазору 299 нафар бештар аст”, – гуфт Ҷумъахонзода.

Кумитаи рушди сайёҳии кишвар мегӯяд, ки теъдоди сайёҳон аз кишварҳои хориҷи дур 32,8%  ва аз кишварҳои ИДМ 19,2% боло рафтааст.

Ба даҳгонаи аввали кишварҳое, ки шаҳрвандонашон ба Тоҷикистон чун сайёҳ омадаанд, инҳо шомил ҳастанд:

Ӯзбекситон – 1 млн 46 ҳазор 672

Русия- 396 ҳазор 475

Қирғизистон – 137 ҳазору 530

Қазоқистон – 37 ҳазор 288

Хитой – 33 ҳазору 178

Афғонистон – 14 ҳазор 577

Амрико – 12 ҳазор 350

Эрон – 11 ҳазору 866

Олмон – 7 ҳазор 668

Туркманистон – 6 ҳазор 475

 

Ҷамшед Ҷумъахонзода гуфт, ки барои рушди сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ҳоло бо Чин лағви раводид баррасӣ мешавад ва “умедвор ҳастем, ки натиҷаи хуб медиҳад”.

Ба гуфтаи ӯ, ин яке аз роҳҳои ҷалби бештари сайёҳон аз бозори асосии сайёҳӣ ба кишвар аст.

“Барои Тоҷикистон кишварҳои арабӣ, Англия, Олмон, Фаронса, Русия, Чин, Кореяи Ҷанубӣ бозори асосии сайёҳиро ташкил медиҳанд”,- гуфт Ҷамшед Ҷумъахонзода.

Ба қавли ӯ, шаҳрвандони ин кишварҳо “бештар ба истироҳат ва сайёҳат завқ доранд”.

Аммо коршиносон ин омори пешниҳодкардаи Кумитаи рушди сайёҳиро ба чолиш мекашанд ва зикр мекунанд, ки он баёнгари вазъи воқеӣ нест. Дар асл теъдоди сайёҳони воқеӣ бамаротиб камтар аст ва ин тафовути рақамҳо дар пайи ҳисоби нодуруст ба миён омадааст. Яъне, теъдоди сайёҳон бо меъёри қабулшудаи ҷаҳонӣ ҳисоб нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.