ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 15:00 дар Театри академии русии ба номи Маяковский намоишномаи “Найрангҳои Скапен” (“Плутни Скапена”) ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта 25 сомонӣ аст.
– Имрӯз соати 17:00 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ шоми мусиқии Содиқ Нуруллоев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон баргузор мешавад. Консерт бо унвони “Нозам аз бахти баланд…” ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир мешавад.
Гуфта мешавад, ки Содиқ Нуруллоев ва аҳли эҷоди театр ҳам арияҳо аз операҳои машҳур ва ҳам сурудҳои ватании маҳбубро иҷро мекунанд. Арзиши билет аз 30 то 50 сомонӣ буда, аз хазинаи театр (2216291) ва ё сомонаи Echipta.tj метавон дастрас кард.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2002 – Дар Душанбе бори аввал вохӯрии донорҳо ва муассисаҳои молиявии байналмилалӣ бо намояндагони сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон баргузор гардид.
Соли 2008 – Фармони президент дар бораи “Вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” ба имзо расид. Дар асоси он мансабдорон уҳдадоранд, ки ба ҳар як мақолаи танқидӣ ва таҳлилии рӯзноманигорон вокуниш кунанд. Чизе ки дар амал қариб, ки иҷро намешавад.
Соли 2018 – Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон маҳдудияти синнусолиро барои номзадҳо ба мақоми президентӣ тасдиқ кард. Акнун номзад бояд на камтар аз 30-сола бошад.
Соли 2019 – Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ”-ро қабул кард. Мувофиқи он минбаъд шахсоне, ки қаблан барои содир кардани ҷинояти қасдан содиршуда маҳкум шудаанд, ҳаққи кор дар мақомоти давлатиро надоранд.
Соли 2020 – Роҳбарияти “Тоҷик Эйр” эълон кард, ки тақрибан нисфи кормандонаш бинобар ихтисор ва ба нафақа рафтан аз даст додааст.
Соли 2022 – Роҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон изҳор дошт, ки “нақшаи генералии Душанбе ҳуҷҷати махфӣ мебошад”.
Соли 2022 – Сафири нави Белгия дар Тоҷикистон ба Душанбе омад.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1910 – Мавлуди Миркарим Саидов, коргардони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Соли 1947 – Зодрӯзи Неъмат Халилов, коргардони телевизион.
Соли 1949 – Мавлуди Маҳбуба Неъматзода, шоири тоҷик.
Маҳбуба Неъматзода, ки асосан барои кӯдакону наврасон эҷод мекунад, Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси рӯзноманигорӣ хатм ва минбаъд дар ин ришта фаъолият кардааст.
Ӯ муаллифи чандин китобҳои шеъру ҳикоя ва афсонаҳо буда, маҷмуаҳои “Духтари заргар”, “Меҳрубон”, “Гиря кунам ё ки на?”, “Модари ҷон, модарам” аз ҷониби кӯдакону наврасон хуш пазируфта шудаанд.
Соли 1961 – Мавлуди Ҷовид Муқим рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷовид Муқим
Имрӯз мавлуди журналисти шинохтаи тоҷик Ҷовид Муқим (Муҳаммадӣ Муқимов) аст. Корномаи рӯзноманигории ӯ басо чашмрас аст ва солҳо дар рӯзномаҳои “Паёми Душанбе”, “Тоҷикистон”, “Нерӯи сухан” ва Радиои Озодӣ фаъолият кардааст.
Ӯ яке аз аввалин хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон буд ва дар солҳои 1990-ум бо риояи тавозун дар матолибаш аз рухдодҳои ҷанги шаҳрвандӣ шинохтатар ҳам шуд.
Аз кори амалии рӯзноманигорӣ ба тадрис рӯ овард ва ҳоло доктори улуми филология, профессори факултаи журналистикаи ДМТ мебошад. Дар омода кардани рӯзноманигорони ҷавон ва кадрҳои илмӣ саҳми бориз гузоштааст.
Муаллифи беш аз 1000 маводи журналистӣ, 75 мақолаи илмӣ, 5 монография ва даҳҳои дастурҳои таълимӣ аст.
Ҷовид Муқим ба эҷоди бадеӣ низ машғул буда, 5 китобаш бо номҳои “Вақте мард мегиряд” (2007), “Ишқи деромада” (2008), “Ишқи мӯйсафед” (2012), “Қасос” (2013), “Хиёнат” (2015) ба чоп расидаанд.
Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи Лоҳутӣ мебошад.
Соли 1980 – Зодрӯзи Муҳаммадрабии Исмоил, коргардони тоҷик.
Муҳаммадраббии Исмоил яке аз коргардонҳои пурмаҳсули тоҷик буда, фитлмҳои офаридааш дар чандин ҷашнвораҳои байналмилалӣ иштирок ва соҳиби ҷоиза гардидаанд.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Муҳаммадрабии Исмоил
Ӯ баъди хатми Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси коргардони телевизион ва радио солҳо дар Телевизиони Тоҷикистон, Симои мустақили Тоҷикистон, ТВ "Сафина" ҳамчун коргардон ва саркоргардон кор кардааст. Аз соли 2016 инҷониб саркоргардони телевизиони “Синамо” буд ва ҳоло дар “Тоҷикфилм” ба фаъолияти ҳунарӣ машғул аст.
“Иштибоҳ”, “Сенздаҳ солу се моҳ”, “Сарнавишт”, “Фасли рӯъё”, “Муфаттиш”, “Бозии тақдир”, “Охирин сайди сайёд” аз маъруфтарин филмҳое мебошанд, ки бо коргардонии ӯ рӯйи пардаи синамо омадаанд.
Соли 1988 – Мавлуди Нозияи Кароматуллоҳ, овозхони шинохтаи тоҷик.
Ӯ фарзанди Кароматуллоҳ Қурбонов, сарояндаи маъруфи тоҷик буда, дар мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ва Консерваторияи Ҳиндустон таҳсил кардааст.
Ӯ соли 2006 ба саҳнаи санъати тоҷик қадам ниҳода, то имрӯз чандин сурудҳои марғуб офаридааст. Таронаҳои “Нагӯ, нагӯ”, “Бе ту мемирам”, “Майда, майда”, “Биёӣ”, “Дареғ” намунаи таронаҳои маъруфи ӯянд.
Ҳоло Нозияи Кароматулло узви ансамбли эстрадии “Ориё”-и Кумитаи телевизион ва радио аст, ки бародараш Муҳаммадрофии Кароматулло роҳбари бадеии ҳамин ансамбл мебошад.
Соли 1998 – Зодрӯзи Чоршанбе Аловатов, овозхони тоҷик.
ИЗОБРАЖЕНИЕ Чоршанбе Аловатов
Чоршанбе Аловатов овозхонест, ки аз синаи кӯҳсор ба саҳнаҳои бузурги Осиёи Марказӣ роҳ ёфт. Ӯ дар хонадони мусиқидон ва овозхони маъруф Ақназар Аловатов ба дунё омада, аз овони кӯдакӣ бо олами мусиқӣ қадам ниҳод.
Чоршанбе ҳанӯз дар солҳои мактабхонӣ ба мусиқӣ машғул шуда, бо хатми синфи 9 роҳи ҳунарро ба таври ҷиддӣ интихоб намуда, ба Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе дохил шуд ва баъдан дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон таҳсил кардааст.
Аз соли 2018 Чоршанбе Аловатов ба ҳайси овозхон дар Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Дар таронаҳояш суннати мусиқии мардумӣ бо сабки муосир пайваст шудааанд ва аз бозхонии сурудҳои мардумӣ то эҷоди таронаҳои муаллифӣ Чоршанберо ҳамчун ҳунарманди ҷӯянда ва эҷодкор муаррифӣ кардааст.
Соли 2019 ӯ барандаи ҷоизаи асосии озмуни “Central Asia’s Got Talent” гардид. Ин пирӯзӣ на танҳо муваффақияти шахсӣ, балки дастоварди фарҳангии Тоҷикистон дар сатҳи минтақавӣ буд.
Соли 2010 – Фаррух Қосим, ҳунарпеша ва коргардони маъруфи театри тоҷик ва асосгузори театри “Аҳорун” дар синни 62-солагӣ даргузашт.
Фаррух Қосим дар хонаводаи ҳунармандони саршиноси театр ва синамои тоҷик Муҳаммадҷон ва Мушаррафа Қосимовҳо чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ҳарчанд волидайн бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти мавҷуд дар зиндагии ҳунармандон фарзанди худро барои омӯзиш ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ба бахши физика равона карданд, аммо баъд аз як соли таҳсил дар донишгоҳ Фаррух онро тарк кард ва дар Донишгоҳи санъати Точикистон барои таҳсил дар бахши ҳунарманди синамо ва театр пазируфта шуд.
Баъд аз поёни давраи донишгоҳ Фаррухи ҷавон дар Театри Лоҳутӣ ба унвони ҳунарпеша ва коргардон тайи 20 сол фаъолият намуд ва сипас бо дархости гурӯҳе аз ҳунармандони Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, коргардонии ин гурӯҳро бар ӯҳда гирифт.
Ҳамзамон пас аз фурӯпошии Шӯравӣ Фаррух Қосим театри худро бо номи “Аҳорун” таъсис дод (ҳоло театри таҷрибавии ба номи Муҳаммадҷон Қосимов) ва марҳилаи дурахши ҳунарии Фаррух Қосим оғоз ёфт.
Намоишномаҳои ӯ – “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон…”, “Даҷҷол”, “Исфандиёр”, “Шоҳ Фаридун”, “Хонасӯзон”, "Раъно" ва "Тортюфт" ҳунар, маҳорат ва тавоноии театри тоҷикро на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ аз кишвар муарифӣ намуд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 1895 бандари Хоҷибей ба Одесса тағйири ном кард. Дар ибтидои солҳои 1760-ум туркҳо дар маҳаллаи Хоҷибей як қалъаи хурд бунёд карданд. Дар ҷанги Русияву Туркия дар моҳи сентябри соли 1789, ин қалъа аз ҷониби отряди рус таҳти фармондеҳии генерал Осип Дерибас ишғол гардид.
Моҳи майи соли 1794 тарҳи бандар ва шаҳр тасдиқ шуд ва соли 1795 бандари нав киштиҳоро қабул мекард. Шаҳр ба яке аз марказҳои бузурги тиҷорати хориҷии Русия табдил ёфт. Бо амри Екатеринаи II, шаҳр ба Одесса номгузорӣ шуд.
7 феврали соли 1568 аврупоиҳо ҷазираҳои Соломонро кашф карданд. Дар ин рӯз маллоҳи испанӣ Алваро Мендания де Нейра, ки бо ду киштӣ аз бандари Каляои Перу ба сафар баромада буд, пас аз се моҳи шино дар самти ғарб, ба шарқи Гвинеяи Нав ба гурӯҳи ҷазираҳо расид.
Мендания онҳоро Ҷазираҳои Соломон номид, зеро бовар дошт, ки ин ҳамон сарзамини Офир аст, ки мувофиқи ривояти библиявӣ, аз он ҷо ба шоҳ Сулаймон тилло ва ҷавоҳирот барои ороиши маъбади Эрусалим оварда мешуд.
Имрӯз ҷазираҳои Соломон як давлатест дар қисми ҷанубу ғарбии уқёнуси Ором, дар минтақаи Меланезия ҷойгор аст. Он аз 992 ҷазира иборат буда, пойтахташ шаҳри Хониара мебошад.
7 феврали соли 1863 муҳандис Алан Крей дар ИМА аввалин оташхомӯшкуни патентшуда (огнетушител)-ро ихтироъ кард.
Ихтироъкор Шефтал бошад дар охири асри XIX оташхомӯшкунаки тарканда бо номи “Пожарогаз”-ро сохт, ки бомуваффақият таблиғ ва фурӯхта шуд. Бо мурури замон, оташхомӯшкунакҳои бо маводи хокаӣ пайдо шуданд, ки то имрӯз истифода мешаванд.
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -3+2º, дар водиҳо шабона 0+5º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 10+15º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -1+4º, дар баъзе ноҳияҳо то 3-5º сард, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 8-10º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 4-9º сард, дар баъзе минтақаҳо то 13-15º сард, дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, дар шарқи вилоят шабона 16-21º сард, дар баъзе минтақаҳо то 28-30º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 1+3º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 0+2º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 1+3º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 5-7º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 7 ба 8-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.


