Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд, яке аз омилҳои аслии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба ҳукумати феълии ин кишвар итоат намекунанд.
“Ба ҳама маълум аст, ки имрӯз дар Афғонистон дар баъзе минтақаҳо, нуқтаҳо, маҳалҳо гурӯҳҳое амал мекунанд, ки онҳо ба мақоми ваколатдори идоракунии марказӣ он қадар итоат намекунад”, – изҳор дошт ӯ.
Раиси МТС ҳодисаҳои ахир дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистонро “боиси ташвиш” хонда, гуфт, “мақомоти имрӯзаи идоракунии Афғонистон низ ин гуна ҷиноятҳоро маҳкум карданд” ва ҳамлаҳоро кори дасти “унсурҳое номиданд, ки мехоҳанд, муносибатҳои сулҳомез ва хуби байни кишварҳоро халалдор созанд”.
Усмонзода имрӯз, 9-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ илова кард, ки мавқеи Тоҷикистон дар баробари ҳукумати имрӯзаи Афғонистон бетағйир мондааст ва мулоқоти роҳбарони ниҳодҳои ду кишвар барои таъмини амният дар сарҳад сурат мегирад.
Бояд гуфт, даргириҳои моҳҳои ахири соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, ки чандин куштаву захмӣ аз ду тараф бар ҷой гузошт, нигарониҳоеро ба бор овардааст. Дар пайи ин даргириҳо мақомоти Тоҷиикстону Толибон* чанд бор мулоқот кардаанд. Вале ин дидорҳо аз сӯи Тоҷикистон расман шарҳ дода нашудааст.
Чанд рӯз пеш Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ сатҳи робитаҳо бо Афғонистонро шарҳ дода, гуфта буд, ки барои пешгирии низоъ дар сарҳад мақомоти қудратии ду кишвар ҳамкорӣ доранд.
Ба қавли ӯ, ҷониби Афғонистон изҳор доштааст, ки “барои роҳ надодан ба такрори чунин ҳолатҳо дар сарҳад чораҳои зарурӣ меандешад ва нисбат ба ин ҳодисаҳо тафтишоти ҳамаҷониба анҷом хоҳад дод”.
“Масъалаҳои таъмини амният дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ҳамоно бисёр муҳим боқӣ мемонанд. Бо ин мақсад, албатта, миёни ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон ва Афғонистон робитаҳои корӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҷонибҳо фаъолияти ҷинояткоронаи гурӯҳҳои ҷиноӣ ва террористиро дар сарҳад маҳкум намуданд”, – таъкид кард ӯ.
Дар бораи вазъи кунунии равобити Тоҷикистон бо Афғонистон ва даргирӣ дар сарҳад дар ин матлаб бештар мутолиа кунед: Тоҷикистон ва Афғонистон. Вазири корҳои хориҷӣ сатҳи равобити кунуниро шарҳ дод
*Дар Тоҷикистон террористӣ дониста мешавад.


