“Баъди бурди Грин-корт ба Амрико рафта буд”. Марги зани 36-солаи тоҷик дар Амрико

Date:

Як зани 36-солаи тоҷик дар пайи садама дар Амрико ҷон бохта, се фарзанди ноболиғи ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштаанд. Ҳодиса рӯзи 6-уми феврал дар наздикии шаҳри Скрибнери иёлати Небраска рух додааст. Дар ин бора наздикони марҳум ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Аввалин маротиба дар бораи ҳодиса сомонаи “gofundme” хабар дода буд.

Ин зан, ки Дилрабо Азизбекова ном бурда мешавад, ҳангоми ҳодиса худ дар сари фармони мошин буда, се фарзандаш низ ҳамроҳаш будаанд. Зан дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, писари 9-солааш бо осеби шадиди мағзи сар дар шуъбаи эҳё қарор дошта, духтари 11-сола ва писари 5-солааш бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон будаанд.

Сабаби садама ва тафсилоти дигари ҳодиса то ҳол маълум нест.

Ба иттилои пайвандонаш, Дилрабо Азизбекова танҳо фарзандонашро ба воя мерасонид ва се моҳ пеш, баъди барандаи бозии бурдноки Грин-корт шудан, барои кору иқомат ба Амрико рафтааст.

Ҳоло барои интиқоли ҷасади ӯ, “табобат ва барқарорсозии кӯдакон, ҳамчунин таъмини  суботи ояндаи кӯдакони ятим” тариқи сомонаи хайривии “gofundme” маблағ ҷамъ меоранд.

Ҳанӯз ҷасади Дилрабо Азизбекова ба Тоҷикистон оварда нашудааст ва маълум нест, ки ӯро кай ба ватан меоранд ва ба хок месупоранд.

Ёдрас мешавем, ки моҳи сентябри соли 2025 Муҳаммадазиз Раҳматзода ном ҷавони 18-солаи тоҷик дар пайи як занозанӣ дар Амрико даргузашт.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Танҳо тавассути ду фурудгоҳ тобути беш аз 1,6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро ба ватан овардаанд

Ӯ баъди занозанӣ шаби 14-уми август дар ҷанҷоле дар назди фурӯшгоҳи “WAWA” се ҳафта дар шуъбаи эҳё буд ва баъд даргузашт. Сабаб ва ширкаткунандагони ин задухӯрд то кунун расман эълон нашудаанд.

Бояд гуфт, ба гузориши солонаи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе танҳо соли 2025 танҳо тариқи Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷасади 1 ҳазору 585 шаҳрванди Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷа, махсусан Русия  ба кишвар оварда шудааст. Ин теъдод назар ба соли 2024-ум 430 тобут ё 37% бештар аст. Маълум нест, ки аз Амрико ҷасади чанд шаҳрванди Тоҷикистон оварда шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related