Вазир гуфт, Тоҷикистон аз рӯйи рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ миёни кишварҳои ИДМ дар ҷойи аввал аст

Дар соли 2025 дар Тоҷикистон ба маблағи 66,7 млрд сомонӣ (зиёда аз 7,1 млрд доллар) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, 13,3 млрд сомонӣ (беш аз 1,4 млрд доллар) зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст. Дар ин бора рӯзи 11 феврал зимни нишасти матбуоти ҷамъбасти соли гузашта вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир хабар дод. […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар соли 2025 дар Тоҷикистон ба маблағи 66,7 млрд сомонӣ (зиёда аз 7,1 млрд доллар) маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, 13,3 млрд сомонӣ (беш аз 1,4 млрд доллар) зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст. Дар ин бора рӯзи 11 феврал зимни нишасти матбуоти ҷамъбасти соли гузашта вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон аз рӯйи нишондиҳандаи рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ  миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар соли 2025 дар ҷойи аввал қарор гирифта, нишондиҳандаи мазкур аз Қирғизистон 10% зиёдтар мебошад.

Қазоқистон, Ӯзбекистон, Русия, Арманистон, Озарбойҷон ва Беларус суръати нисбатан камтар нишон дода, дар кишварҳое ба мисли Озарбйҷон ва Беларус ҳатто нишондиҳандаи манфӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар сохтори умумии саноати Тоҷикистон соҳаи кӯҳкорӣ ва истихроҷи маъдан, ки 40,3%-ро ташкил медиҳад, дар мавқеи аввал қарор дорад.

Дар идома аз рӯйи аҳаммият саноати хӯрокворӣ (18,6%), истеҳсоли нерӯи барқ (17,2%), мошинсозӣ (7,9%) ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон (6,2%) ҷойгир шудаанд.

Вазир ба рушди саноати коркард, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсол 51,8% ба он рост меояд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир кард. Дар ин соҳа саҳми маҳсулоти кимиёвӣ бо рушди 26,1%, истеҳсоли резин ва пластмасса – 16,1%, маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ – 14,4%, инчунин дорусозӣ бо рушди 10,6% низ назаррас аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.