Соли равон дар ҷумҳурӣ 110-солагии Шириншо Шотемур дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад

Хоруғ. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар ҷумҳурӣ 110-солагии Шириншо Шотемур дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Тавре мудири шӯъбаи иҷтимоиву фарҳангии дастгоҳи раиси ВМКБ Нарзулло Хайруллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чанде қабл ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Ширншо Шотемур» қарор қабул кард. […]

Шонаврӯз Афзалшоев


Хоруғ. 12-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Соли равон дар ҷумҳурӣ 110-солагии Шириншо Шотемур дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.




Тавре мудири шӯъбаи иҷтимоиву фарҳангии дастгоҳи раиси ВМКБ Нарзулло Хайруллоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, чанде қабл ҳукумати ҷумҳурӣ «Дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Ширншо Шотемур» қарор қабул кард.



Ба гуфтаи ӯ, тибқи қарори мазкур, кумитаи тадорукоти ҷашн ӯҳдадор гардидааст, ки аз моҳи июл то октябри соли ҷорӣ нашри мавод дар бораи Шириншо Шотемур ва паҳну таблиғи он дар ВАО-ро таъмин сохта, тамоми маводи эҷодгардида перомуни фаъолият ва ҳаёти қаҳрамонро дар як маҷмӯа ҷамъоварӣ созад.



Н.Хайруллоев мегӯяд, инчунин бунёди муҷассамаи Ширншо Щотемур дар боғи шаҳри Хоруғ, таҷдиди осорхонаи ӯ дар деҳаи Поршневи ноҳияи Шуғнон ва наворбардории филми мустанад дар бораи ҳаёту фаъоли ӯ низ дар назар аст. Ғайр аз ин нашри китоби К.Аламшоев «Дар куҷое набошам, бо Тоҷикистон будан мехоҳам» бо забонҳои тоҷикиву русӣ, ки ба ҳаёту корномаи Ш.Шотемур бахшида шудааст, ба нақша гирифта шудааст.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.