Раҳпаймоии 60 ҳазор тоҷикистониён ба ифтихори ҷашни Истиқлолият

Ба муносибати 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр дар шаҳри Душанбе раҳпаймоии оммавии сокинони пойтахт доир мегардад, ки дар он иштироки ҳудуди 60 ҳазор нафар дар назар аст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, иштирокчиёни раҳпаймоии идона аз майдони «Дӯстӣ» гузашта, онҳоро раҳбарияти олии кишвар шодбош хоҳад гуфт. […]

Аваз Юлдошев

Ба муносибати 25-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр дар шаҳри Душанбе раҳпаймоии оммавии сокинони пойтахт доир мегардад, ки дар он иштироки ҳудуди 60 ҳазор нафар дар назар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, иштирокчиёни раҳпаймоии идона аз майдони «Дӯстӣ» гузашта, онҳоро раҳбарияти олии кишвар шодбош хоҳад гуфт.

Айни замон иштирокчиёни раҳпаймоӣ дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳр, майдонҳои мактабҳои олӣ ва техникуму коллеҷҳо омодагӣ мегиранд.

Манбаъ аз эҳтимол дур намедонад, ки дар робита ба раҳпаймоии оммавии идона дар майдони асосии кишвар, шояд гузашти низомии ба санаи 9 сентябр таъиншуда бо ҳузури 16 ҳазор сарбозону афсарони гарнизони Душанбе ба рӯзи 8 сентябр гузаронда шавад.

«Ҳамчунин аз эҳтимол дур нест, ки раҳпаймоии идона санаи 9 сентябр баъди анҷоми гузаштпи низомӣ доир мегардад. Алҳол ин масъала комилан ҳаллу фасл нашудааст», – иброз дошт манбаъ ва илова кард, ки дар гузашти низомии қарибулвуқӯъ авиатсия ва техникаи ҳарбӣ сафарбар намешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.