ҶСП «Бонки рушди Тоҷикистон» ду депозити нав ҷорӣ сохт

Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки рушди Тоҷикистон» бо мақсади такмили фаъолияти хизматгузорӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ду депозити нав – «Нури умед» ва «Адолат»-ро ҷорӣ сохт. Тавре аз маркази матбуоти бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, депозитҳои нави бонк ҷавобгӯи тамоили иқтисоди бозорӣ буда, ба нигаҳдории рақоабатпазирии бонк […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 11-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бонки рушди Тоҷикистон» бо мақсади такмили фаъолияти хизматгузорӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ду депозити нав – «Нури умед» ва «Адолат»-ро ҷорӣ сохт.




Тавре аз маркази матбуоти бонки мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, депозитҳои нави бонк ҷавобгӯи тамоили иқтисоди бозорӣ буда, ба нигаҳдории рақоабатпазирии бонк мусоидат менамоянд. «Депозити «Нури умед» ба шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва депозити «Адолат» танҳо ба шахсони воқеӣ пешбинӣ гардида, фоизи пардохти он ба мӯҳлати ҷой додани воситаҳои пулӣ, тарзи пардохти фоизҳо ва шакли асъор вобаста аст», – гуфт манбаъ.



Депозитҳо ба мӯҳлати аз 6 моҳ то 3 сол қабул карда мешаванд. Ба санаи 1-уми марти соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маблағи депозити аҳолӣ ҳудуди 22,5 млн. сомониро ташкил додааст.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.