Президенти Тоҷикистон аз Эрон ва Туркия боздид мекунад

            Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуввуми имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи X -уми сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ОЭС) озими шаҳри Теҳрон мешавад.             Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба ҷуз ширкат дар кори ҷаласаи созмон, президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи дуввуми имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи


X


-уми сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (ОЭС) озими шаҳри Теҳрон мешавад.





           

Тавре аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ба ҷуз ширкат дар кори ҷаласаи созмон, президенти Тоҷикистон ҳамчунин аз як қатор музофотҳои Эрон низ боздид намуда, баҳри густариши ҳамкориҳои минтақавӣ замина хоҳад гузошт. «Масъалаи рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шароити бӯҳрони молӣ дар меҳвари баррасии ҷаласа қарор хоҳад гирифт», – гуфт манбаъ.




           

Тибқи маълумоти сафорати Эрон дар Тоҷикистон, дар чаҳорчӯбаи сафари сарвари давлати Тоҷикистон дидору гуфтушуниди ӯ бо президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод низ дар назар аст.




           

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дастгоҳи сарвари давлат, пас аз сафари Эрон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15-уми март ба Туркия хоҳад рафт. Дар шаҳри Анқара Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави сафорати Тоҷикистон дар Туркия иштирок мекунад. Худи ҳамин рӯз прзиденти Тоҷикистон озими шаҳри Истанбул гардида, дар Ҳамоиши


V


-уми умумиҷаҳонӣ оид ба об суханронӣ хоҳад намуд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.