Сафири Фаронса бо фаъолияти ҲНИТ аз наздик ошно гардид

Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл мулоқоти раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани баргузор шуд. Чӣ тавре ки сухангӯи раиси ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот сафир ба вазъи мавҷудаи ҳизби ягонаи исломӣ дар минтақа ва муносибати ҳукуматдорон […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 17-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл мулоқоти раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо сафири Фаронса дар Тоҷикистон Анри Зиппер де Фабиани баргузор шуд.




Чӣ тавре ки сухангӯи раиси ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот сафир ба вазъи мавҷудаи ҳизби ягонаи исломӣ дар минтақа ва муносибати ҳукуматдорон бо он таваҷҷӯҳ зоҳир сохт.



Дар посух раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошт, ки мушкилоти ҳизб маҳз дар он ифода меёбад, ки он ягонаву танҳо аст. «Аз як тараф, моро ҳукуматдорон танқид мекунанд, ки ҳизб исломро ба ҷомеа таҳмил месозад, аз тарафи дигар, баъзе доираҳо моро ҳизби ғайриисломӣ мехонанд ва ин дар ҳолест, ки ҳизби мо усулҳои демократиро сармашқи фаъолияти худ қарор додааст», – гуфтааст ӯ.



Ҳ.Сайфуллозода афзуд, дар мулоқот ҳамчунин масоили омодагии ҳизб ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ дар ҷумҳурӣ, таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди кишвар ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.