Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҳашт нафар ҷони худро аз даст доданд

Date:


Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 57 ҳодисаи фавқулоддаи марбут ба офатҳои табиӣ рух доданд, ки бар асари он ҳашт нафар ҷони худро аз даст доданд.




Дар нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ генар-майор Ҳайбулло Латифов изҳор дошт, ки маблағи зарари аз офатҳои табиӣ дар ин давра расонидашуда 1 млн. 31 ҳазору 700 сомониро ташкил медиҳад. «Бар асари офатҳои табиӣ дар семоҳаи аввал 218 манзили зисти сокинон ба маблағи умумии 467 ҳазор сомонӣ зарар дида, 67-тои он комилан хароб гардид», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ 611 ҳазору 708 нафар шаҳрвандон ба машғулиятҳои омӯзиши тарзи рафтор дар ҳолатҳои фавқулодда ҷалб гардида, бо ташаббуси Кумита дар Академияи Вазорати умури дохилии ҶТ факултаи «Муҳофизат дар ҳолатҳои фавқулодда» таъсис дода шуд ва шурӯъ аз соли ҷорӣ, 25 нафар донишҷӯ дар он таҳсил хоҳанд кард. «Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандони кумита 26 амалиёти ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ анҷом дода шуд», – афзуд Ҳ.Латифов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...