Дар Тоҷикистон реҷабандии истифодаи барқ ба охир мерасад

            Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе реҷабандии истифодаи барқ, ки аз 27-уми январ ҷорӣ гардида буд, ба охир расид. Шурӯъ аз 27-уми феврал ба пойтахт шабона низ барқ бидуни маҳдудият интиқол дода мешавад.               Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чунин иқдом ба туфайли барқарор сохтани […]

Виктория Наумова



           

Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе реҷабандии истифодаи барқ, ки аз 27-уми январ ҷорӣ гардида буд, ба охир расид. Шурӯъ аз 27-уми феврал ба пойтахт шабона низ барқ бидуни маҳдудият интиқол дода мешавад.

 






           

Тавре аз ширкати «Барқи тоҷик» ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, чунин иқдом ба туфайли барқарор сохтани транзити интиқоли барқи Туркманистон тавассути низоми энергетикии Ӯзбекистон ва интиқоли барқи истеҳсоли Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ муясаар гаштааст.




           

Ба иттилои манбаъ, феълан ҷиҳати афзоиши ҳаҷми интиқоли барқ ба манотиқи кишвар ҳукумати ҷумҳурӣ реҷаи интиқоли онро таҳия месозад. «Агар мо захираҳо пайдо намоем, табиист, ки ҳаҷми интиқоли барқ ба минтақаҳоро зиёд хоҳем кард, вале аллакай шурӯъ аз имрӯз баҳри сабуктар гардонидани реҷабандии истифодаи барқ дар минтақаҳо чораҳо андешида мешаванд», – гуфт манбаъ.




           

Айни замон шабонарӯзӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 13 млн. кВт/соат нерӯи барқ ворид мегардад, ки беш аз 10 млн. кВт/соаташ ба Туркманистон рост омада, боқимонда барқи Ӯзбекистон мебошад. Дар дохили ҷумҳурӣ шабонарӯзи гузашта 19,7 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардид. Феълан мизони ҷоришавии об ба обанбори нерӯгоҳи Норак 166 метри мукааб дар як сонияро ташкил медиҳад. Сатҳи об дар обанбори бузургтарини ҷумҳурӣ айни замон 858,19 метрро ташкил медиҳад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршинос мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер