Дар Алмаато ҷаласаи нахустини Шӯрои Маркази мубориза бо маводи мухаддири минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор гашт

            Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Алмаато ҷаласаи нахустини Шӯрои Маркази минтақавии ҳамоҳангсозиву иттилоотии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои Осиёи Марказӣ баргузор гашт. Дар кори Шӯро директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров ширкат варзид.             Тавре аз шӯъбаи робита бо […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 2-юми март. ОИ «Азия-Плюс» – Ахири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Алмаато ҷаласаи нахустини Шӯрои Маркази минтақавии ҳамоҳангсозиву иттилоотии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои Осиёи Марказӣ баргузор гашт. Дар кори Шӯро директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон Рустам Назаров ширкат варзид.





           

Тавре аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷаласаи шӯро масоили мушаххас сохтани самтҳои фаъолияти марказ барои ду соли оянда, тасдиқи сохтор ва ҳайати шахсии марказ ва Муқаррарот дар бораи фаъолият дар марказ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.



Ба иттилои манбаъ, аз ин ба баъд Фаронса, Финландия, Италия, ИМА ва Интерпол чун нозир дар Маркази ҳамоҳангсози мубориза бо маводи мухаддир ба фаъолият шурӯъ мекунанд.



Ёдрас мекунем, ки маркази мазкур бо қарори сарони кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Русия ва Туркманистон бо мақсади ҳамоҳангсозии кӯшишоти мақомоти салоҳиятдори кишварҳо баҳри пешгирии қочоқи маводи мухаддир таъсис ёфта буд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.