Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ баргузории ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Чинро пешниҳод месозад

Душанбе. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо мушовир оид масоили тиҷорату энергетикаи сафорати Чин дар Тоҷикистон Ван Чунган масоили густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, раиси палатаи савдои кишвар […]

Виктория Наумова


Душанбе. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл дар ҷараёни мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо мушовир оид масоили тиҷорату энергетикаи сафорати Чин дар Тоҷикистон Ван Чунган масоили густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.




Тавре аз палатаи мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, раиси палатаи савдои кишвар таъкид сохт, ки баргузории Намоишгоҳи миллии Чин соли гузашта дар ҷумҳурӣ ба имзои беш аз 100 шартномаи ҳамкории дуҷониба мусоидат кард. «Дар доираи баргузории намоишгоҳи «ЭКСПО-2010» дар шаҳри Душанбе метавон ҳамоиши муштараки соҳибкорону тоҷирони кишварҳоро баргузор сохт», – гуфт ӯ.



Дар навбати худ, мушовири сафоратхонаи Чин зикр сохт, ки роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаи пурсамар дар бахшҳоии энергетикаву сохтмони роҳҳо, коммуникатсия ва соҳаи кишоварзӣ гувоҳи онанд, ки муносиботи ҳамкориҳо миёни кишварҳо дар ҳоли густариш қарор доранд. Дар ҷараёни мулоқот оид ба табодули итттилоот дар бораи маҳсулоти содиротӣ аз Тоҷикистон тавофуқ ҳосил гардид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.