Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ пайваст

Кӯлоб. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби гузашта дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон ду корманди Агентии назорати маводи нашъадор ҳалок ва се марзбон захмӣ гардиданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов хабар дод, задухӯрд дар наздикии деҳаи Сари Мазор рух дода, гурӯҳи қочоқбарони афғон тақрибан […]

Турко Дикаев


Кӯлоб. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Шаби гузашта дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон дар натиҷаи задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон ду корманди Агентии назорати маводи нашъадор ҳалок ва се марзбон захмӣ гардиданд.




Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Шӯрообод Иброҳим Азизов хабар дод, задухӯрд дар наздикии деҳаи Сари Мазор рух дода, гурӯҳи қочоқбарони афғон тақрибан аз 30 нафар иборат будааст. «Марзбонони ҷароҳатбардошта дар ҳолати вазнин ба беморхона фиристода шуданд», – гуфт ӯ.



Иттилои ба ҳалокат расидани ду корманди Агентии назорати маводи нашъадори назди президенти Тоҷикистонро сардори ситоди агентии мазкур Фахриддин Ҷонмаҳмадов тасдиқ кард. Ба гуфтаиӯ, феълан ба ҷои ҳодиса гурӯҳи тафтишотии сохторҳои қудратӣ сафарбар шудааст. Дар бораи ҷузъиёти дигари ҳодиса алҳол чизи дигаре хабар дода нашуд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.