Ҳудуди 180 хоҷагии пахтакори вилоятҳои Суғду Хатлон қарзҳои худро дар назди «Амонатбонк» пурра пардохт намуданд

            Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз хоҷагиҳои пахтакори кишвар ба маблағи беш аз 18,8 млн. сомонӣ қарзҳои худро дар назди «Амонатбонк» пардохт намуданд.             Тавре сардори шӯъбаи қарздиҳии Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Назрихудо Шукрихудоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 1.1 млн. сомонӣ аз ин маблағро фоизҳои пардохт ташкил медиҳанд. Тибқи қарордод, дар […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 27-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – То имрӯз хоҷагиҳои пахтакори кишвар ба маблағи беш аз 18,8 млн. сомонӣ қарзҳои худро дар назди «Амонатбонк» пардохт намуданд.





           

Тавре сардори шӯъбаи қарздиҳии Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Назрихудо Шукрихудоев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, 1.1 млн. сомонӣ аз ин маблағро фоизҳои пардохт ташкил медиҳанд. Тибқи қарордод, дар марҳилаи аввал «Амонатбонк» маблағи 12,5 млн. сомонии қарзҳои Вазоарти молияро пардохт намуд. Маблағи боқимондаи аз ҷониби ҳукумат ҷудогардида, тибқи қарордод миёни бонку вазорат то 1-уми апрели соли ҷорӣ баргардонида мешавад.




           

Ба қавли Н.Шукрихудоев, то имрӯз 178 хоҷагии пахтакори вилоятҳои Суғду Хатлон аз ӯҳдаи пардохти қарзашон дар назди бонк бо сарбаландӣ баромаданд. «Амонатбонк» 548 млн. сомонии барои қарз аз ҳисоби буҷа ҷудогардидаро аз рӯи 18 фоизи солона миёни 548 хоҷагии пахтакори ин вилоятҳо тақсим карда буд.




           

Н.Шукрихудоев мегӯяд, ахиран бинобар боло рафтани арзиши нахи пахта дар бозори ҷаҳоӣ ҷараёни фурӯши пахта дар минтақа каме беҳ гашт. «Мо умедворем, ки хоҷагиҳо саривақт қарзҳои гирифтаашонро пардохт хоҳанд намуд», – гуфт ӯ.




           

Дар мавриди пешниҳоди қарз ба хоҷагиҳо дар мавсими киштукори имсола номбурда изҳор дошт, ки бонк омода аст, ба хоҷагиҳое, ки пурра аз ӯҳдаи пардохти қарзи гирифтаашон баромадаанд, дар мавсими имсола низ қарз ҷудо созад.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.