А.Мамадазимов: Муносиботи дуҷонибаи Русияву Тоҷикистон нишонаҳои воқеъгароёна ва оқилонаро касб мекунанд

Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Асссостсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов бар чунин назар аст, ки бо сафари президенти Тоҷикистон ба Маскав дар муносиботи Тоҷикистону Русия марҳилаи нав шурӯъ мегардад. Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос изҳор дошт, ки муносиботи дуҷонибаи Русияву Тоҷикистон акнун нишонаҳои воқеъгароёна ва оқилонаро касб карда, назардошти […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Раиси Асссостсиатсияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов бар чунин назар аст, ки бо сафари президенти Тоҷикистон ба Маскав дар муносиботи Тоҷикистону Русия марҳилаи нав шурӯъ мегардад.




Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сиёсатшинос изҳор дошт, ки муносиботи дуҷонибаи Русияву Тоҷикистон акнун нишонаҳои воқеъгароёна ва оқилонаро касб карда, назардошти манфиати миллӣ дар меҳвари муносибот қарор хоҳад дошт. «Муносибот чунинанд, ки ҷонибҳо ба ҳамкории дуҷониба шадидан ниёз доранд», – гуфт ӯ.

 




Сиёсатшиноси тоҷик аз рӯйдодҳои зимни сафари президенти Русия ба Ӯзбекистон рухдода ёдовар шуда, мегӯяд, акнун ҳама чиз возеҳ гардид ва ҷонибҳо эҳсосоти худро изҳор дошта, ҷой танҳо барои ҳамкории мушаххас ва ба ҳарду ҷониб судманд боқӣ мондааст. «Аз ин рӯ, мо аз такони ҷиддӣ дар роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши истихроҷи газ, идомаи иштироки Русия дар сохтмони иншооти гидроэнегетикии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои дигар интизорӣ дорем», – гуфт ӯ.



Ба ақидаи А.Мамадазимов, дар гуфтушуниди қарибулвуқӯъи сарони кишварҳои Русияву Тоҷикистон атрофи масоили нигаҳдории квотаҳо барои муҳоҷирони тоҷик ва андешидани чораҳо ҷиҳати пурзӯр кардани дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои онҳо табодули афкори ошкоро сурат хоҳад гирифт. «Баррасии масоили ҳамкории минбаъдаи низомиву техникӣ, ки миёни кишварҳо афзалиятнок арзёбӣ мегардад, низ аз эҳтимол дур нест», – афзуд коршноси масоили сиёсӣ.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.