Тасаввур кунед, ки корманди Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) рақами мошини шуморо канду гирифт. Ин амал ҳам қонунӣ ва ҳам ғайриқонунӣ аст.
Дар кадом ҳолат нозир ба ин кор ҳуқуқ дорад ва чӣ гуна метавон рақамҳои худро бозпас баргардонид. "Азия-Плюс" кӯшиш кард, ба ин саволҳо рӯшанӣ андозад.
Дар кадом ҳолатҳо корманди БДА ба гирифтани рақами мошин ҳақ дорад?
Мувофиқи қисми 2 моддаи 72 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон корманди БДА дар чунин ҳолатҳо ҳақ дорад, ки рақами мошини шуморо гирад:
– муҳлати аз ташхиси техникӣ гузаштан ба охир расида бошад ё умуман аз он нагузашта бошед№
– чанбарак ё таҷҳизоти боздоранда (тормозҳо)-и вайрон бошад;
– ба мошин ғайриқонунӣ таҷҳизоти равшанидиҳанда ё махсуси садодиҳанда гузошта шуда бошад.
То бартараф кардани ин камбудиҳо, корманди БДА барои идораи мошин иҷозат намедиҳад.

Корманди БДА рақамҳоро гирифт. Минбаъд чӣ мешавад?
Пас аз гирифтани рақамҳо, корманди БДА бояд дар бораи қонуншиканиии маъмурӣ протокол ва дар бораи гирифтани рақами қайд санад тартиб диҳад. Ин ҳуҷҷатҳо ба ронанда ҷиҳати рафтан то ҷойи бартараф кардани камбудиҳо, яъне то устохона ё маркази ташхиси техникӣ ва бозпас омадан ба БДА барои азназаргузаронии такрорӣ имкон медиҳад.
Маро боз метавонанд ҷарима кунанд?
Бале, корманди БДА ҳангоми гирифтан рақами қайди давлатӣ, вобаста ба навъи қонуншиканӣ шуморо метавонанд аз 1 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (соли 2026 -ум 1 нишондиҳана – 78 сомонӣ) ҷарима кунанд.
Маблағи ҷарима чунинанд:
– барои идораи воситаи нақлиёте, ки аз муоинаи техникӣ нагузаштааст – 3 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
– барои идораи воситаи нақлиёти низоми боздоранда ё чанбараки идоракунаиаш нуқсондор – аз 1 то 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
-барои идораи мошин дар ҳолати ҷой доштан дигар нуқсонҳо (ба истиснои низоми боздоранда ва чанбарак) – аз нисф то 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
– идораи воситаи нақлиёт бо насби таҷҳиҳоти равшанидиҳандае, ки ба меъёрҳо ҷавобгӯ нест ё таҷҳизоти махсуси садодиҳанда (мигалка) бидуни иҷозат – аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.

Чӣ гуна метавонам рақамҳоямро бозпас гирам?
Баъди бартараф кардани камбудӣ, ронанда бояд ба Раёсати БДА дар маҳалли содир гардидани қонуншиканӣ равад ва баъди такрорӣ гузаштан аз муоинаи техникӣ ва пардохти ҷарима, ба ронанда рақами қайди давлатии мошинаш бозпас баргардонида мешавад.
Агар ба ҷазои таъиншуда розӣ набошам, чӣ бояд кард?
Агар шумо ба ҷазои таъиншуда розӣ набошед ва онро ғайриқонунӣ шуморед, ҳуқуқ доред, ки ба зинаи таҷдиди назар (апеллятсия) шикоят баред.
Яъне метавонед, аз болои қарори додрас ба додгоҳи болоӣ, аз болоиқарори мақомоти ваколатдори давлатӣ ё шахси мансабдор ба мақомоти болоии ваколатдори далатӣ ё шахси мансабдори зинаи болоӣ ё додгоҳи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ муроҷиат кунед.
Дар ҳолати охир, агар шикоят ба мақомоти болоӣ ва додгоҳ расида бошад, парванда дар додгоҳ баррасӣ мешавад.
Баъдан корманди БДА ҷазо дода мешавад?
Бале, агар корманди БДА рақамро аз автомашина ғайриқонунӣ гирифта бошад, ӯ мувофиқи Оинномаи интизомии мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ҷазо дода мешавад.



