Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст

Дар пайи як садами нақлиётӣ, ки рӯзи 2-юми март дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе рух додааст, се ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Варзоб ҷон бохтанд. Як тани дигар захмӣ шуда, дар беморхона бистарӣ шудааст.  Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) рӯзи 4-уми март хабар дода гуфтааст, Фурқат Хоҷаев, ронандаи автомашинаи “Lexus RX 350” “ҳангоми ҳаракат […]

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Дар пайи як садами нақлиётӣ, ки рӯзи 2-юми март дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе рух додааст, се ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Варзоб ҷон бохтанд. Як тани дигар захмӣ шуда, дар беморхона бистарӣ шудааст. 

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) рӯзи 4-уми март хабар дода гуфтааст, Фурқат Хоҷаев, ронандаи автомашинаи “Lexus RX 350” “ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе дар рӯ ба рӯи бинои корхонаи “Сементи тоҷик” аз уҳдаи идораи мошин набаромада ба девори бетонии канори рости роҳ бархӯрдааст”.

Мақомот гуфтаанд, дар натиҷаи садама ронанда ва ду мусофири дигари ӯ Абдукарим Шарипов ва Нодир Раҷабов дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, як ҷавони дигар бо номи Шафиҷон Исматзода бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ шудааст.

ВКД гуфтааст дар робита ба ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад. 

Навори садама ва маросими хоксупории ин ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, вокуниши зиёди корбаронро ба бор овардааст. Ба гуфтаи истифодабарандаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, ин ҷавонон барои ифтор ба Душанбе омада, дар роҳи баргашт ба садама дучор шудаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар пайи садамае дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 узви ду хонадон ҷон бохтаанд

Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон садҳо нафар захмӣ ва кушта мешаванд. Аз ҷумла, рӯзи 24-уми феврал дар пайи як садама дар роҳи Душанбе-Хуҷанд, 5 узви ду хонавода ҷони худро аз даст доданд.

Тибқи маълумоти расмӣ, соли гузашта дар кишвар 1 ҳазору 373 садамаи нақлиётӣ сабт шуда, дар пайи он, 643 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин, дар ин ҳодисаҳо 1 ҳазору 542 тан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ин дар ҳолест, ки соли 2024-ум дар Тоҷикистон 1 ҳазору 233 сонеҳа рух дода, дар натиҷа 552 тан ҷон бохта буд. Соли 2023 бошад, мақомот аз марги 519 кас дар дар пайи 1 ҳазору 111 садама хабар дода буданд.

Мақомот дар бештари маврид ронандагонро айбдор мекунад, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.