Дар пайи садамае дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 узви ду хонадон ҷон бохтаанд

Дар пайи як садама, ки рӯзи 24-уми феврал дар роҳи Душанбе-Хуҷанд рух додааст, 5 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст. Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД), Мастибек Шоҳназаров, сокини 38-солаи ноҳияи Айнӣ ва ронандаи худрави “Tайота карола версо” ҳангоми ҳаракат аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе аз уҳдаи […]

Муҳаммад Назар, Asia-Plus

Дар пайи як садама, ки рӯзи 24-уми феврал дар роҳи Душанбе-Хуҷанд рух додааст, 5 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳодиса дар ҳудуди ноҳияи Варзоб рух додааст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД), Мастибек Шоҳназаров, сокини 38-солаи ноҳияи Айнӣ ва ронандаи худрави “Tайота карола версо” ҳангоми ҳаракат аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба тарафи муқобил рафтаву ба мошини борбари “Волво трак”, ки таҳти идораи Зикрулло Атобулоеви сокини 49-солаи ноҳияи Мастчоҳ буд, бархурдааст.

Дар натиҷа, Мастибек Шоҳназаров ҳамроҳ бо 4 мусофир мошинаш ҷон бохтаанд. Аз қурбониёни дигар чунин ном бурда мешавад:

Садбарг Ашӯроваи 46-сола;

Раҳмоназир Ашӯрови 52-сола;

Меҳрубон Ашӯроваи  47-сола;

Завқибек Шоҳназарови 46-сола.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҷон бохтани 9 тан, аз ҷумла 4 ноболиғ дар пайи садамаҳои нақлиётии чанд рӯзи охир

Мақомот мегӯянд, ин ҳодисаро тафтиш доранд.

Навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, вокуниши зиёди корбаронро ба бор овардааст.

Бояд гуфт, ки ҳар сол дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар кишвар садҳо нафар захмӣ ва кушта мешаванд. Тибқи маълумоти расмӣ, соли гузашта дар кишвар 1 ҳазору 373 садамаи нақлиётӣ сабт шуда, дар пайи он, 643 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин, дар ин ҳодисаҳо 1 ҳазору 542 тан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Ин дар ҳолест, ки соли 2024-ум дар Тоҷикистон 1 ҳазору 233 сонеҳа рух дода, дар натиҷа 552 тан ҷон бохта буд. Соли 2023 бошад, мақомот аз марги 519 кас дар дар пайи 1 ҳазору 111 садама хабар дода буданд.

Мақомот дар бештари маврид ронандагонро айбдор мекунад, ки қоидаҳои сабқатро риоя намекунанд, ба самти муқобил мебароянд, бо суръати баланд ва гоҳе дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.