Нигора Муқимӣ ваколатдори нави ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон таъин шуд

Миҷгона Бобоҷонзода, муовини Ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен), ки ҳамзамон Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон буд, аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Нигора Муқимӣ ба ин мансаб таъин шудааст. Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба додани ризоият барои ин тағйирот аз сӯи палатаи поёнии парлумони кишвар, имрӯз, 11-уми март қабул шудааст. Сабаби барканории Миҷгона Бобоҷонзода […]

Asia-Plus

Миҷгона Бобоҷонзода, муовини Ваколатдори ҳуқуқи инсон (Омбудсмен), ки ҳамзамон Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон буд, аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Нигора Муқимӣ ба ин мансаб таъин шудааст.

Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба додани ризоият барои ин тағйирот аз сӯи палатаи поёнии парлумони кишвар, имрӯз, 11-уми март қабул шудааст.

Сабаби барканории Миҷгона Бобоҷонзода ва ин ки ӯ мансаби дигаре гирифтааст, ё не, маълум нест. Ӯ аз соли 2021 дар ин вазифа кор мекард. Бобоҷонзода қабл аз расидан ба курсии омбудсмени кӯдак сармутахассиси Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Нигора Муқимӣ қаблан дар вазифаи сардори раёсати муқовимат ба фасоди Оҷонсии мубориза бо фасоди кишвар кор мекард.

Ӯ хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, тибқи иттилои расмӣ, фаъолияташро дар мақомоти Оҷонсии зиддифасод аз соли 2010 оғоз ва дар чанд раёсати муҳими ин ниҳод кор кардааст.

Ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кудак, дар Тоҷикистон соли 2016 таъсис ёфт ва вазифаи он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кудак мебошад. Роҳбари ин ниҳод як маротиба 5 сол таъин мешавад ва наметавонад ба ин вазифа бештар аз ду муҳлат пай дар пай таъин карда шавад. Аввалин роҳбари ин ниҳод Раҷабмо Ҳабибулозода буд, ки то соли 2021 дар ин мақом кор кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.