ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2007 – Хатсайри нави ҳавоӣ дар масири Урумчи–Хуҷанд–Урумчи ифтитоҳ гардид.
Соли 2010 – Дар Душанбе намояндагии Пажӯҳишгоҳи фарҳангии ЭКО (Институти фарҳанги Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ) кушода шуд.
Соли 2012 – Беш аз 100 мағоза ва нуқтаҳои савдои бозори “Фаровон” дар Қурғонтеппа (Бохтари имрӯза) бар асари сӯхтор нобуд шуданд.
Соли 2015 – Бонки миллии Тоҷикистон фурӯши асъорро тавассути нуқтаҳои шахсии мубодила манъ карда, онро танҳо тавассути бонкҳои тиҷоратӣ иҷозат дод.
Соли 2015 – Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Маркази ҳамоҳангсозии ҳамкории милитсия бо ҷомеа ифтитоҳ шуд.
Соли 2016 – Дар Тоҷикистон “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ба фаъолият оғоз кард.
Соли 2019 – Дар натиҷаи низои навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Исфара ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.
Соли 2023 – Бинои нави Нозироти андоз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1930 – Зодрӯзи Ҷумъа Одина, нависандаи тоҷик.
Ҷумъа Одина факултаи филологияи Донишкадаи давлатии Самарқанд ва факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аввал муддате муаллимӣ карда, баъдан солҳои гуногун дар нашриёти “Ирфон”, маҷаллаи “Тоҷикистон”, Радиои Тоҷикистон, моҳномаи “Садои Шарқ”, рӯзномаи “Маориф ва маданият” фаъолият кардааст.
Аввалин навиштаҳояш солҳои шастум ба табъ расидаанд, аз ҷумла соли 1964 дар моҳномаи “Садои Шарқ” қиссаи аввалинаш – “Авроқи рангин”, ва баъдтар “Иншо дар мавзӯи озод” ба табъ расида, баъдан дар шакли китоби алоҳида чоп шуд. Баъдан маҷмӯаи ҳикояҳояш бо номи “Чанбари оташ”, романи “Гузашти айём” нашр шуданд. Пас аз вафоти нависанда бобҳое аз романи нотамоми “Искандари Мақдунӣ” дар матбуот чоп шуданд.
Ҷумъа Одина беш аз 20 асари нависандагони шӯравиро ба тоҷикӣ гардондааст.
Нависанда 14 сентябри соли 1982 дар синни 52-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1935 – Мавлуди Султон Сафаров, драматурги тоҷик
Султон Сафар хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии театрии ба номи Шепкин буда, аввал ду сол дар Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ҳамчун ҳунарпеша фаъолият намуд ва сипас дар вазифаҳои масъули вазорати фарҳанг кор кард. Ӯ як муддат директори киностудияи “Тоҷикфилм”, муовини ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода ва ҷонишини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон буд.
Як қатор драмаҳои офаридаи ӯ дар театрҳо саҳнагузорӣ шудаанд, аз ҷумла, “Субҳи Хуҷанд”, “Қарзи виҷдон”, “Беватан”, “Қасос”, “Уқоб”, “Одамият”, “Ду хоҳарон”, “Пайраҳаи зиндагӣ”, “Бузбибӣ”, “Зан агар ба шӯр ояд”.
Султон Сафар соли 2008 дар синни 73-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1944 – Зодрӯзи Давлат Худоназаров, сиёсатмадор ва коргардони тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистони Шӯравӣ.
Давлатназар Худоназаров яке аз коргардонҳои шинохтаи синамои тоҷик буда, як муддат раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон будт. Дар синамои тоҷик як қатор филмҳои мондагорро рӯйи саҳна овард. Аз ҷумла ӯ коргардони филмҳои “Ҷӯра Саркор”, “Субҳи аввалини ҷавонӣ” аст.
Ӯ дар сиёсат ҳам шахси шинохта аст. Ӯ аз соли 1989 Вакили халқии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР)аз Тоҷикистон ва аъзои “Гурӯҳи байниминтақавии вакилон” дар Анҷумани 1 вакилони халқии СССР буд.
Соли 1991 аз ҷониби қувваҳои мухолифин дар интихоботи Президенти Тоҷикистон ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуд.
Ин сиёсатмадори тоҷик соли 1993 ба ИМА муҳоҷират кард ва соли 1995 ба Маскав баргашт.
Вай чанд сол аст, аз фаъолияти сиёсӣ ва коргардонӣ канор рафта, бештар ба таҳқиқ ва пажӯҳиш рӯ овардааст. Ҳоло дар Маскав зиндагӣ дорад ва бештар бо фаъолиятҳои ҷамъиятӣ машғул аст.
"Азия-Плюс" бахшида 75-солагии Давлат Худоназаров соли 2019 андешаҳои ӯро гирдоварӣ намуд, ки дар замони гуногун ба расонаҳо баён доштааст. Ин гуфтаҳо то андозае ҳолу ҳавои ӯро дар лаҳзаҳои мухталифи ҳаёташ бозгӯй мекунанд. Бо ин гуфтаҳоро дар ин пайванд метавонед шинос шавед: “Қонуни зиндагӣ”-и Давлат Худоназаров.
Соли 1946 – Мавлуди Толиб Шаҳидӣ, оҳангсози тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.
Толиб Шаҳидӣ, фарзанди Зиёдулло Шаҳидӣ яке аз оҳагсозони маъруфи тоҷик буда, бо фаъоляити худ дар саҳнаи ҳунари тоҷик ва офаридани намоишномаҳо барои театрҳо мавқеи хоса дорад.
Ӯ як муддат дар Киностудияи “Тоҷикфилм”, Телевизиони Тоҷикистон ва Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ фаъолият кардааст. Шаҳидӣ дар бисёр жанрҳо асарҳо офаридааст, ки ҷумла дорои тобишҳои миллӣ буда, нақши манбаҳои мардумӣ дар онҳо инъикос меёбад.
Ӯ муаллифи асарҳои саҳнавии “Спитамен”, “Юсуф ва Зулайхо”, “Зани зебо ва ғул”, ва операву балетҳои “Марги судхӯр”, “Рубоиёти Хайём”, “Хотираи дил”, “Сиёвуш”, “Амир Исмоил” ва дигар асарҳои саҳнавӣ аст.
Соли 1974 – Зодрӯзи Зулфия Давлатзода, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон.
Зулфия Давлатзода дар риштаи филологияи шарқ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев таҳсил карда, фаъолияти худро ҳамчун рӯзноманигор дар идораи телевизион ва радиои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз кардааст. Сипас, соли 2007 ба вазифаи сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ таъйин гардида, баъди як сол Сардори идораи телевизион ва радиои ВМКБ таъйин шуд ва то соли 2014 фаъолият кард.
Солҳои 2014-2015 директори Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар ВМКБ буд ва соли 2015 муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оила таъин шуда, то соли 2020 дар ин мақом кор кард.
24-уми январи соли 2020 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда, моҳи январи соли 2024 аз вазифа озод шуд.
Ҳоло ӯ сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон аст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
13 марти соли 1917 аввалин шумораи рӯзномаи “Известия” бо номи “Известия Петроградскаго совета рабочих депутатов” нашр шуд. Ин рӯзнома ба нашрияи расмии ҳукумати нав табдил ёфта, дар саҳифаҳои он хабарҳои муҳим чоп мешуданд.
«Известия» аввалин рӯзномаи шӯравӣ буд, ки хабарнигорони мустақили худро дошт. Ҳафт сол пас, шабакаи васеи хабарнигорон, аз ҷумла намояндагиҳои хориҷиро таъсис дод. Аз августи соли 1991, рӯзнома ба нашрияи мустақил табдил ёфт.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар водиҳо шабона 1+6º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 12+17º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 6+11º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1+6º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3+8º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 5-7º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 9+14º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе минтақаҳо то 3-5º сард, дар ғарби вилоят шабона -4+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 4+6º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 8+10º гарм, шабона 0-2º сард.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 14+16º гарм, шабона 3+5º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 0+2º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 13 ба 14-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.





