Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон

Таҳияи Asia-Plus

Бомдоди 14-уми март Амрико ба ҷазираи Хорк, ки аз ҷазираҳои стратегии Эрон ба ҳисоб меравад, ҳамла анҷом дода, иддао кард, ки иншооти низомии ин ҷазираро нобуд кард. Дар посух ба ин нерӯҳои Эрон чанд пойгоҳи низомии Амрикоро ҳадаф қарор доданд. Ҳамчунин, шаби гузашта Эрон ҳамроҳ бо “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ба Исроил ҳамлаҳои муштарак анҷом додаанд.

Шабонарӯзи гузашта миёни Амрикову Исроил бо Эрон ва дигар кишварҳои Ховари Миёна чӣ гузашт, дар ин матлаби мо хонед.

 

Амрико ба ҷазираи Хорки Эрон ҳамла кардааст

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико мегӯяд, Фармондеҳии марказии ин кишвар шаби гузашта ба ҷазираи Хорки Эрон, ки яке аз маконҳои муҳими истихроҷи нафт ба ҳисоб меравад, ҳамла кардааст.

Ӯ бомдоди 14-уми март дар фиристае дар саҳифаи “Truth Social”-и худ ин ҳамларо “қудратмандтарин ҳамлаи ҳавоӣ дар таърихи Ховари Миёна” тавсиф карда, гуфтааст, ки “тамоми ҳадафҳои низомӣ дар ҷазираи Хорк нобуд шуд”.

Мақомоти Эрон дар ин бора то кунун изҳори назар накардаанд, вале хабаргузории эронии “Форс” ҳамла ба ин ҷазираро тасдиқ кардааст. Ин расона аз шунида шудани садои беш аз 15 таркиш дар Хорк гузориш дода, навиштааст, ки зерсохтҳои нафтӣ осеб надидаанд.

Трамп дар навиштаи худ, илова карда, ки “ба далели инсонӣ ва ахлоқӣ тасмим гирифтам, зерсохтҳои нафтии ин ҷазираро ҳадаф қарор надиҳем”.

 

“Аммо, агар Эрон ё ягон тарафи дигар барои халалдор кардани убури озод ва бехатари киштиҳо аз гулӯгоҳи Ҳурмуз ягон амале анҷом диҳад, ман фавран ин тасмимро бозбинӣ мекунам”, – илова кардааст ӯ.

Сипоҳи посдорони Эрон 14-уми март ҳушдор дод, ки “дар сурати ҳамла ба зерсохтҳои нафтӣ, иқтисодӣ ва энержии ҶИЭ, ҳамон тавре, ки қаблан ҳушдор дода будем, билофосила тамоми зерсохтҳои нафтӣ, иқтисодӣ ва энержии мутаалиқ ба ширкатҳои нафтӣ дар саросари минтақа, ки дорои саҳмияҳои амрикоӣ мебошанд ва ё бо Амрико ҳамкорӣ мекунанд, нобуд ва ба хокистар табдил дода мешавад”.

Ҷазираи Хорк дар ҷанубу ғарби Эрон ҷойгир буда, бахше аз вилояти Бушаҳр аст. Дар он таъсисоти зиёди нафтии Эрон қарор дошта, дорои аҳамияти калони иқтисодӣ ва терминали аслии содироти нафти ин кишвар аст.

 

Ҳамлаҳои шадид ба Телавив ва Теҳрон

Ба иттилои хабаргузории “Форс” шоми 13-уми март Эрон ҳамроҳ бо “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ҳамлаҳои мушакии муштарак ба Исроил анҷом додаанд.

Дар пайи ин ҳамлаҳо дар Телавив, маркази Исроил, Каронаи Бохтарӣ ва чанд шаҳри дигар “бонги хатар” ба садо даромада, садои таркиш шунида шудааст.

Ҷузъиёт ва талафоти ин зарбаҳо маълум нест. Исроил сензураи шадидӣ низомӣ ҷорӣ кардааст ва аз талафоташ хабар намедиҳад.

Дар зимн, пас аз ин ҳамлаҳо Исроил аз мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрон хабар дод. Хабаргузории “Форс” менависад, ки ҳамлаҳо ба чанд нуқтаи Теҳрон ва дигар шаҳрҳо сурат гирифтааст.

 

Ба иттилои ин расона дар Теҳрон ба як анбори маводи ғизоӣ, як бемористон ва чанд нуқтаи дигар ҳамлаи ҳавоӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии шабонаи Амрикову Исроил ба ду деҳа ва як манзили истиқоматӣ дар чанд шаҳристони Эрон 13 нафар, аз ҷумла ду кӯдаки шашмоҳа ва сесола кушта шуда, чанд тани дигар маҷрӯҳ гаштааст.

СММ ҳам эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон беш аз 22 ҳазор бино осеб дидааст, ки ҳудуди 17 ҳазори он биноҳои истиқоматианд.

 

“WSJ”: Эрон ба 5 ҳавопаймои сӯхтрасони Амрико дар Арабистони Саудӣ зарба задааст

Рӯзномаи “Wall Street Journal” (WSJ) рӯзи ҷумъа бо такя ба ду мақомдои амрикоӣ хабар дод, ки Эрон ба 5 ҳавопаймои сӯхтрасони амрико дар пойгоҳи ҳавоии “Шоҳзода Султон” дар Арабистони Саудӣ зарба задааст.

Ба навиштаи ин расона, ҳамла дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ин ҳавопаймоҳо дар замин қарор доштаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳавопаймоҳои сӯхтрасон, дар пайи ҳамлаи Эрон, осеб дидаанд, аммо пурра нобуд нашудаанд ва ҳоло таъмир мешаванд.

Дар гузориши “WSJ” гуфта мешавад, ки дар ин ҳамлаҳо касе кушта нашудааст.

 

Мақомоти амрикоӣ дар ин маврид то ҳол расман изҳори назар накардаанд. Вале агар ин хабар тасдиқ шавад, бо назардошти сарнагун шудани як ҳавопаймои сӯхтрасони “KC-135”-и Амрико дар ғарби Ироқ, дасти кам 6 ҳавопаймои сӯхтрасони Амрико аз оғози ҷанг дар Ховари Миёна осеб дидаанд ё нобуд шудаанд.

Дар пайи сарнагун шудани ҳавопаймои сӯхтрасони “KC-135”-и Амрико дар ғарби Ироқ, ки рӯзи 13-уми март рух дод, 6 сарнишини он кушта шудааст.

Арзиши як ҳавопаймои сӯхтрасони “KC-135” ҳудуди 40 миллион доллар гуфта мешавад.

 

Вазъ дар кишварҳои дигари Ховари Миёна

Зимнан, давоми шаби гузашта ва субҳи 14-уми март Эрон ба пойгоҳҳои низомӣ ва зерсохтҳои Амрико дар кишварҳои Ховари Миёна зарба задааст.

Аз ҷумла, Сипоҳи посдорон дар баёнияе изҳор доштааст, ки шаби гузашта се макони ҷамъшавии фармондеҳони амрикоӣ дар пойгоҳҳои Малик Салмон, Виктория ва Ирбил, инчунин пойгоҳҳои “Ал-Удайд”, ва “Ал-Зуфра”-ро ҳадаф қарор додааст.

Ба сафорати Амрико дар Бағдод низ, ҳамлаҳои паҳподӣ сурат гирифта, дуд аз он боло шудааст.

Инчунин, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон печидатар мешавад. Шабона “Ҳизбуллоҳ” ҳамроҳ бо нерӯҳои Эрон ҳамлаҳои шадиде ба Исроил, аз ҷумла шаҳрҳои Телавав ва Кирят Шмона анҷом додааст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон

Исроил низ ҳамлаҳои худро ба Лубнон идома дода, дар пайи ин ҳамлаҳо даҳҳо сокинони осоишта кушта шудааст.

Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Лубнон Ҷозеф Аун, 13-уми март дар дидор бо Антониу Гутерриш, дабири кулли СММ гуфтааст, ки Бейрут омодагии худро барои музокирот бо Исроил изҳор доштааст, вале аз Телавив посух нагирифтааст.

Вазорати тандурустии Лубнон мегӯяд, дар пайи ҳамлаҳои Исроил дастикам 773 нафар кушта ва 1 ҳазору 933 нафари дигар захмӣ шудаанд. Инчунин беш аз 750 ҳазор тани дигар дар Лубнон овора гаштааст.

Ҳамзамон, Амрико қасд дорад, ки ҳудуди 2,3 ҳазор нерӯи баҳрии худро ба Ховари Миёна фиристад. “Ал-Ҷазира” хабар медиҳад, ки қарор аст, онҳо тавассути се киштӣ ба ин минтақа фиристода шаванд.

Вазорати дифоъи Арабистони Саудӣ рӯзи 14-уми март аз нобуд кардани се папод ва Кувайт аз раҳгирии як паҳпод хабар додаанд.

Имрӯз 15-умии рӯзи даргирӣ дар Ховари Миёна аст. Даргирие, ки бо ҳамлаи ҳавоии Амрикову Исроил ба Эрон шуруъ шуд, ки бо ҷавоби Ҷумҳурии Исломӣ ба Исроил ва пойгоҳҳои низомиву зерсохтҳои марбут ба Амрико дар Ховари Миёна идома дорад. Зимнан, ба ин даргирӣ “Ҳизбуллоҳ”-и Лубнон ворид шуд ва дар ин муддат, дар Эрону Лубнон беш аз 2 ҳазор тан кушта шуда, садҳо ҳазор кас захмӣ гаштааст.

 

Бо охирин таҳаввулоти Эрону дигар кишварҳои Ховари Миёна, вазъи тоҷикистониҳо дар ин кишварҳо дар ин бахши махсуси "Азия-Плюс" огоҳ шавед: Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон

 бо мо бимонед.Instagram ва FacebookTelegramДар 

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...