Муштарии миллионии «Вавилон-Мобайл» соҳиби мошини сабукрав ва 1000000 сония вақти гуфтугӯи бемузд шуд

Душанбе. 21-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – 10 –уми январи соли 2009 адади муштариёни «Вавилон-Мобайл» аз миллион нафар зиёд гашт. Рӯзи 21 феврал ширкат муштарии соҳибҷашни худро муаррифӣ кард ва ба ӯ тӯҳфаҳои худро супорид! Тавре сухангӯи ҶСП «Вавилон – Мобайл Амрита Қирғизова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, номи «муштарии миллионии ширкати «Вавилон-Мобайл» сазовори сокини деҳаи […]

Пайрав Чоршанбиев


Душанбе. 21-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – 10 –уми январи соли 2009 адади муштариёни «Вавилон-Мобайл» аз миллион нафар зиёд гашт. Рӯзи 21 феврал ширкат муштарии соҳибҷашни худро муаррифӣ кард ва ба ӯ тӯҳфаҳои худро супорид!




Тавре сухангӯи ҶСП «Вавилон – Мобайл Амрита Қирғизова ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, номи «муштарии миллионии ширкати «Вавилон-Мобайл» сазовори сокини деҳаи Дектури ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Шарифов Ҳасан Саидович гардид. Ҳ. Шарипов аз оилаи деҳқон буда, худаш ҳам солҳои зиёд дар саҳро кор мекунад. Оиладор ва 10 фарзанд дорад. Маҳз эшон, рӯзи 10-уми январ ба шабакаи «Вавилон-Мобайл» пайваст шуда, муштарии соҳибҷашни ширкат гардиданд.



Шанбеи гузашта дар рафти ҷамъомади тантанавӣ Ҳ. Шарипов соҳиби мукофотҳои олиҷаноб гашт – соҳибҷашн дорои мошини тамғаи ВАЗ 21015 ва сертификат барои 1000000 сонияи вақти гуфтугӯи бемузд шуд.



«Ҳамаи ин барои ман ғайричашмдошт буд. Вақте ки аз ширкат занг зада, гуфтанд, ки ман муштарии миллионӣ шудам, бовар накардам. Умуман ҳеҷ кас аз наздиконам боварӣ надоштанд! – гуфт Ҳ. Шарипов. – Баъди чанд занги дигар, ман тасмим гирифтам, ки ба шаҳр рафта аз ҳақиқати ҳол огаҳ гардам. Хеле хушҳолам, ки тақдир ба ман чунин тӯҳфа кард. Ҳеҷ бовар намекардам, ки ба «Вавилон» пайваст шуда, соҳиби мошин мешавам».



Раиси техникии «Вавилон-Мобайл» Бахтиёр Мӯъминов соҳибҷашнро табрик гуфта, калидҳои мошинро ба ӯ тақдим кард.



«Мо хурсандем, ки бештар аз як миллион сокинони Тоҷикистон хизматрасониҳои ширкати моро интихоб кардаанд, – гуфт Б. Мӯъминов. – Бо муштариёни худ мо қуллаи навбатиро фатҳ кардем, ки ин далели ташаккулёбии мунтазами ширкат аст. Муштарии миллионии мо ба гурӯҳи одамоне ҳамроҳ, шуд ки барои муошират на фақат алоқаи мобилӣ, балки тамоми хизматрасониҳое, ки «Вавилон-Мобайл» дар асоси технологияхои навтарин дастрас мекунад, дохил шуд».




         

Ба гуфти Б. Мӯъминов, кори ҳаррӯзаи коркунони «Вавилон-Мобайл» ба он равона шудааст, ки боварии муштариёнро нисбат ба ширкат боз ҳам қавитар гардонанд. Ва маҳз барои ҳамин «Вавилон-Мобайл» фаъолиятиашро сари васеъ кардани масоҳати фарогирии шабака, баланд кардани сифати алоқа ва хизматрасониҳо боз хам пурзӯртар менамояд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.