Ширкати ТВЕА ӯҳдадор шуд, ки сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимолро то охири соли равон ба поён расонад

Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои директорони ширкати ТВЕА – и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Синро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат дар самти сохтмони иншооти энергетикӣ баррасӣ шуд. Чжан Син ба Сарвари давлат оид ба рафти сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи […]

root


Душанбе. 18-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои директорони ширкати ТВЕА – и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Синро ба ҳузур пазируфт.




Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат дар самти сохтмони иншооти энергетикӣ баррасӣ шуд.



Чжан Син ба Сарвари давлат оид ба рафти сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимол ва нақшаҳои бунёди нерӯгоҳи обии Нуробод-1 ва як Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе гузориш дод.



Ширкати ТВЕА бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ӯҳдадор шуд, ки сохтмони хатти 500 киловолтаи интиқоли нерӯи барқи Ҷануб-Шимолро то охири соли равон ба поён расонад.



Ба гуфти Чжан Син, бунёди нерӯгоҳи обии Нуробод-1 дар болои дарёи Хингоб, ки иқтидори лоиҳавиаш 200 мегават аст, дар ҳоли омодасозии асоснокии техникию иқтисодӣ қарор дорад.



Маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Душанбе бошад, бояд бо иқтидори зиёда аз 200 мегават ва бо харҷи тақрибан 30 миллион доллари амрикоӣ дар давоми 18-20 моҳ

 

сохта шавад.



Дар мулоқот оид ба имконоти ҳамкорӣ дар татбиқи дигар тарҳу барномаҳо низ гуфтугӯ сурат гирифт. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

Таъсиси фонду додани унвон ва бо як чашм дидани расонаҳо. Ҳамовозиву пешниҳоди рӯзноманигорон ба мактуби Зафар Саидзода ба Эмомалӣ Раҳмон

Вазъияти расонаҳо дар майдони баҳс: “набояд ислоҳоти соҳаро ба мавқуф гузорем, то ба амнияти миллӣ хатар эҷод нашавад”.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова