Имрӯз нозирони байналмиллалӣ конфронси матбуотӣ дар шаҳри Душанбе баргузор менамоянд

Date:


Душанбе. 1 март. «Азия-Плюс» – /Амрита Каргизова/ – Миссияи байнамиллалии нозирони интихобот оид ба интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон изҳороти аввалии баъд аз интихоботии худро дар конфронси матбуотӣ имрӯз, 1 март, дар шаҳри Душанбе пешкаш менамояд.


Чи тавре ки ба «АП» на Бюрои САХА хабар доданд, ин иқдоми муштараки Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои башари САҲА (ДНДҲБ/САҲА), Ассамблеяи Парлумонии САҲА (АП САҲА) ва Парлумони Аврупо (ПА) мебошад.


Изҳороти аввалиро ноиби Президенти АП САҲА ва ҳамоҳангсози махсуси нозирони кӯтоҳмуддати САҲА, Пия Крисмас-Мюллер пешниҳод менамояд, ки онро баъдан роҳбари ҳайати ПА Елизабет Ҷеггл ва роҳбари Миссияи нозиронии дарозмуддати ДНДҲБ/САҲА оид ба интихобот Артис Пабрикс давом медиҳанд.


Миссияи байналмиллалии нозиронии интихобот дар маҷмӯъ аз 261 нозирон аз 42 кишвар иборат буда, 200 нозирони дарозмуддат ва кӯтоҳмуддатро, ки аз ДНДҲБ/САҲА равона шудаанд, ҳамчунин 49 аъзои парлумон ва кормандони АП ва 12 нафар аз ПА-ро дар бар мегирад.


Конфронси матбуотӣ соати 14:30 дар бинои меҳмонхонаи Hyatt дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related