Дар ярмаркаи ҷойҳои кории холии Сирки давлатӣ ба бекорон 5 ҳазор ҷойи корӣ пешниҳод мегардад

            Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, ки дар бинои Сирки давлатии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ба хоҳишмандон беш аз 5 ҳазор ҷойи корӣ пешниҳод мегардад.             Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ярмарка 104 корхонаву муассисаҳо, […]

Мавҷуда Ҳасанова



           

Душанбе. 13-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ, ки дар бинои Сирки давлатии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ба хоҳишмандон беш аз 5 ҳазор ҷойи корӣ пешниҳод мегардад.





           

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ярмарка 104 корхонаву муассисаҳо, аз ҷумла корхонаи ҷуроббофӣ, ҶДММ «Стройинвест-2000», ки барои сохтмони нерӯгоҳҳои Сангтӯда бинокоронро даъват месозад, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва раёсати тандурустии пойтахт, шӯъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ва ғайра ба хоҳишмандон ҷойи кор пешкаш месозанд.




           

Бино ба иттилои манбаъ, музди меҳнат ба ҷойҳои кории пешниҳодшуда аз 120 то 900 сомониро ташкил медиҳад.




           

Интизор меравад, ки дар ярмарка ҳамчунин ташкилотҳое, ки бо сафарбар сохтани шаҳрвандон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сарукор доранд, аз ҷумла «Тоҷикхориҷакор», Биржаи меҳнати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва ғайра низ ширкат варзанд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.