Ҷаримаи як сокини Суғд барои сохтани муҳри қалбакии кормандони гумрук

Мақомот як сокини вилояти Суғдро бо иттиҳоми сохтани муҳри қалбакии кормандони гумрук ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида, беш аз 10 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Дар ин бора, рӯзи 17-уми март Эраҷ Давлатов, сардори шуъбаи мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, аз ин шахс Наимҷон Эркинов ном бурд, ки ронандаи […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Мақомот як сокини вилояти Суғдро бо иттиҳоми сохтани муҳри қалбакии кормандони гумрук ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида, беш аз 10 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.

Дар ин бора, рӯзи 17-уми март Эраҷ Давлатов, сардори шуъбаи мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, аз ин шахс Наимҷон Эркинов ном бурд, ки ронандаи мошини боркаш будааст.

Ба иттилои манбаъ, ӯ ҳангоми содироти маҳсулот ба хориҷа, мӯҳри кормандони гумрукро нусхабардорӣ ва дар Русия муҳри қалбакиро омода кардааст.

Манбаъ афзуд, номбурда муҳри қалбакиро ҳангоми убури сарҳади гумрукӣ дар ҳуҷҷатҳои худ истифода мебурд ва бидуни навбат ва пеш аз вақти муайяншуда бор ва мошини худро аз сарҳад интиқол медод.

 

Мақомот баъди ошкор шудани ин кирдори Эркинов, нисбати ӯ бо иттиҳоми сохтакории мӯҳр (моддаи 340, қисми 2, Кодекси ҷиноятӣ) парвандаи ҷиноӣ боз карда, барои баррасӣ ба Додситонии ноҳияи Мастчоҳ ирсол кардааст.

Аммо маълум нест, ки ин амали ӯ кай ва дар кадом шароит ошкор шудааст.

Аз Додгоҳи ноҳияи Мастчоҳ, ки парванда баъди баррасӣ ба ин идора ворид шудааст, ба мо гуфтанд, Наимбой Эркинов бо ҳукми додгоҳ 10 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима  шудааст.

Бояд гуфт, ба иттилои Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, давоми соли 2025 дар самти мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ 1719 қонуншиканӣ ошкор шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2024-ум 385 ҳолат зиёд аст. Ҳамчунин, соли гузашта 26 ҷиноят дар ин самт ошкор шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.