“Отахон Латифӣ намехост давлат исломӣ шавад ва то охири умр коммунист боқӣ монд!”

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Отахон Латифӣ, рӯзноманигор, сиёсатмадор ва яке аз ташаббускорони раванди сулҳи тоҷикон, агар 22-юми сентябри соли 1998 дар маркази Душанбе мармузона кушта намешуд, имрӯз 90-солагиашро таҷлил мекард.

Ба ин муносибат рӯзноманигори “Азия-Плюс” бо профессор Иброҳим Усмонов, яке аз шахсиятҳои калидии раванди сулҳи тоҷикон ва узви Комиссияи оштии миллӣ (КОМ), ки бо Латифӣ ҳамкасб буд, дар ду сангар қарор дошт ва дар ниҳоят дар як бино ва барои як маром кор кард, перомуни мавқеъ ва нақши Латифӣ дар сулҳи тоҷикон мусоҳиба анҷом дод.

Профессор Усмонов дар музокирот аз ҷониби ҳукумат ширкат дошт ва Латифӣ – аз ҷониби мухолифат. Дар оғоз аз Иброҳим Усмонов пурсидем, ки чӣ омил ва заминаҳое буданд, ки Отахон Латифӣ ба сафи мухолифат пайваст?

 

Чаро Отахон Латифӣ ба мухолифон пайваст?

Барои оппозитсионӣ шудани Отахон Латифӣ ҳеҷ гуна замина ё ангезаи хоссе вуҷуд надошт. Ӯ рӯзноманигори сиёсӣ набуд, мухбири хоси “Правда” ва “Комсомольская правда” буд, ки рӯйдодҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва пешрафту камбудиҳои Тоҷикистонро барои Маскав инъикос мекард. Масоили сиёсӣ ба ҳавзаи кори мухбирони маҳаллӣ дохил намешуд.

Вале дар нимаи дуюми солҳои 80-ум, дар замони бозсозии Горбачёв, дар низоми давлатдории шӯравӣ тағйироти бунёдӣ ба вуҷуд омад. Онҳое, ки дар қудрат буданд – пеш аз ҳама коммунистҳо ва журналистоне, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд – ба ду лагери муқобил тақсим шуданд: лагери аввал-тарафдорони давраи рукуди брежневӣ буданд; ва лагери дуюм – нерӯҳои нав, ки бо шиорҳои демократия роҳи иҷтимоии нав меҷустанд. Отахон Латифӣ ба ҷараёни горбачёвӣ гароиш кард – тарафдори ислоҳот шуд, на тарафдори сиёсати пешина.

– Латифие, ки гароиши демократӣ дошт, дар замони Шӯравӣ пойбанди мансаби давлатӣ шуд: ӯ дар Шӯрои вазирон чӣ гуна гунҷид?

– Бале, шахсе, ки пеш аз ин бо сиёсат сару кор надошт, дар оғози солҳои навадум муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон шуд. Зеро тафаккури Отахон Латифӣ бо ҳамон тағйироте, ки Горбачёв мехост ба вуҷуд оварад, ҳамоҳанг буд. Ӯ мехост, ки камбудиҳои Ҳизби коммунист ислоҳ шаванд ва системаи давлатдорӣ такомул ёбад – бо ҳамин мақсад ба ҳукумат даромад ва бо ҳамин мақсад баъдтар дар сафи оппозитсия ҳам пайваст.

 

Мухолиф ҳукумату ҳукумат мухолиф шуд…

 Андешаҳои Латифӣ бо ҳукумати комунистии вақт мутобиқат мекард? Агар ин тавр буд, пас чаро баъдтар ба сафи мухолифат гузашт?

Андешаҳояш мутобиқ буд. Нуктаи муҳим ин аст, ки ҳукумати коммунистии аввали соли 1991 ҳанӯз ҳам давлати шӯравӣ буд, на чизи дигаре. Фақат бозсозӣ дошт. Бозсозие, ки Горбачёв шиорашро ба миён оварда буд: “Мо бояд бидуни шарм дар бораи камбудиҳои содиркардаамон гап занем, то онҳоро ислоҳ карда тавонем”. Отахон Латифӣ низ дар партави ҳамин шиор ба қудрат омад – ӯ мехост, ки ба беҳтар шудани Ҳизби коммунист ёрӣ расонад ва давлатдории ин ҳизбро такомул бахшад.

Вале дар моҳҳои август, сентябр, октябр ва ноябри соли 1991 ҳукумат якбора сарупо дигаргун шуд. Касоне, ки рӯзе душман буданд, ба ҳукумат табдил ёфтанд ва касоне, ки ҳукумат буданд, ба мавқеи муқобил гузаштанд.

Отахон Латифӣ дар лагере қарор гирифт, ки дигар манфиати коммунизми пешинаро ифода намекард, гарчи мутлақо зидди ҳукумати коммунистӣ ҳам набуд. Яке аз мақолаҳои охирини ӯ аз он рӯзҳо “Меравам, барои он ки бозгардам” ном дошт – ин худ баёнгари мавқеи Отахон Латифӣ дар он лаҳзаҳо буд.

– Кай Отахон Латифӣ пурра ба сафи мухолифат пайваст?

– Мавқеъгирии ниҳоии Отахон Латифӣ дар интихоботи президентии соли 1991 равшан шуд. Дар маҷмӯъ нӯҳ номзад буд. Аммо тамоми Тоҷикистон гирди ду номзад ҷамъ омад – Раҳмон Набиев ва Давлат Худоназаров. Аксарияти зиёии кишвар тарафдори Давлат Худоназаров буданд ва Отахон Латифӣ ҳам ба ҳамин лагер пайваст. Вақте ки Набиев президент шуд, Латифӣ табиатан дар оппозитсия монд.

 

Латифӣ давлати исломӣ намехост, чаро бо исломихоҳон буд?

– Аслан, Латифӣ дар сафи нерӯҳои демократхоҳ буд ё нерӯҳои исломихоҳ?

– Давлат Худоназаровро Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (фаъолияти он дар Тоҷикистон мамнӯъ, – АП) дастгирӣ мекард. Вале ин маъное надорад, ки Отахон Латифӣ ақидаи он ҳизбро пазируфта буд. Не! Латифӣ аз ҷиҳати ақидаи сиёсӣ то охири умр коммунист ва тарафдори давлати дунявӣ монд. Инро бо қатъият мегӯям.

Вале дар сатҳи ҳамкории сиёсии интихоботӣ, бо вуҷуди он ки Қозиёти Тоҷикистон Давлат Худоназаровро дастгирӣ мекард, вале ӯ пирӯзӣ ба даст наовард, амалан ба Латифӣ таъсир расонд ва ӯ дар ҳамон лагер боқӣ монд.

Пас аз ин Отахон Латифӣ ба Эрон рафт, вале дар Эрон монда натавонист. Зеро тарзи зиндагии он кишвар ба тарзи тафаккури ӯ мутобиқат намекард. Баргашт ба Маскав.

 Гуфтаниед, ки Отахон Латифӣ андешаҳои динӣ надошт?

– Отахон Латифӣ андешаҳои коммунистӣ дошт ва то охир коммунист боқӣ монд. Ҳам дар тафаккур ва ҳам дар тарзи зиндагиаш.

– Узвияти Ҳизби наҳзати исломиро дошт?

– Не, ҳатто узви Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам набуд.

 Пас Латифие, ки тафаккури динӣ надошт, ҳатто узви ин ҳизб набуд, чаро дар лагери онҳо қарор гирифт?

Барои дарки ин ман як мисол меоварам. Як вақт яке аз роҳбарони мухолифинро пурсидам – ӯ дар соли 1990 худашро демократ медонист ва ба ақидаи исломӣ ҳеҷ алоқае надошт – ки чаро якбора ба сафи ҳаракати исломӣ дохил шудӣ? Ӯ гуфт: “Агар мо ҳаракати исломиро дастгирӣ намекардем, ба мо силоҳ намерасид ва имконияти мубориза надоштем”.

Яъне, азбаски қувваи асосии мубориза дар солҳои 90-ум Ҳизби наҳзати исломӣ буд – пул, силоҳ ва захираҳо дар дасти онҳо буд – бисёр шахсиятҳои ғайридинӣ маҷбур буданд, ки бо онҳо ҳамкорӣ кунанд. Латифӣ ҳам.

 

Ҳимматзода дигар ҳарф мезаду Тӯраҷонзода дигар чиз

– Отахон Латифӣ дар Маскав Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистонро таъсис дод: мароми ин марказ чӣ буд?

– Дар Маскав Отахон Латифӣ дид, ки қувваҳои аз Тоҷикистон баромада ба чанд гурӯҳ пароканда шудаанд – демократҳо, растохезҳо ва зиёиёне, ки иҷборан муҳоҷир шуда буданд. Барои ҳамин Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои ИДМ-ро ташкил дод ва роҳбари он шуд. Мақсади ин марказ он буд, ки зиёии дар муҳоҷират буда талаф ва миллат пароканда нашавад. Дар он лаҳзаҳо ин муҳимтарин чиз буд.

– Латифӣ ва маркази ӯ ҷонибдори ташкили давлати исломӣ набуданд?

– Не, онҳо давлати исломӣ сохтанӣ набуданд ва чунин даъво ҳам надоштанд. Дар ҳеҷ мақолаи Отахон Латифӣ нест, ки ӯ ақидаи роҳбарони Ҳизби наҳзат дар бораи характери давлатдории Тоҷикистонро тасдиқ карда бошад.

Аслан, дар он солҳо дар худи оппозитсия ҳам якдилии комил дар масъалаи давлатдорӣ набуд. Домулло Ҳимматзода соли 1992 дар Ишкошим гуфта буд, ки мо дар Тоҷикистон давлати исломӣ месозем. Вале ҳамон сол домулло Тӯраҷонзода дар рӯзномаи “Известия” гуфта буд, ки дар Тоҷикистон давлати исломӣ намесозем, барои давлати исломӣ ҳоло фурсати зиёде даркор аст. Яъне, мафкураи давлатсозии исломӣ дар худи мухолифин ҳам пухта нарасида буд.

Аз тарафи дигар, Латифӣ аз инкишофи нерӯҳои исломӣ ҳам метарсид. Ташкилшавӣ ва фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам ӯро нигарон мекард.

 Пас дар лагери мухолифин ба Отахон Латифӣ ба унвони коммунисте, ки давлати исломӣ намехост, чӣ гуна муносибат мекарданд?

– Баъзан шӯхӣ мекарданд, баъзан сахт мерасониданд, латифаҳо ҳам мебофтанд. Медонистанд, ки Отахон Латифӣ дар мубориза ба муқобили ҳукумат ҳамроҳи онҳост, вале дар айни ҳол медонистанд, ки ӯ шароб менӯшад, сигор мекашад ва намоз намехонад. Ин чизҳо барои онҳо пӯшида набуд.

 

Чаро ҳукумат назди Латифӣ рафт?​​​​​​​

 Шояд сабаб маҳз ҳамин навъи тафаккур ва мавқеъгирии Латифӣ буд, ки соли 1993 ҳукумат аз байни садҳо мухолифаш маҳз ба суроғи Отахон Латифӣ рафт?

– Рӯзи 18-уми декабри соли 1993 изҳороти се нафар дар матбуот чоп шуд – яке аз ин се Отахон Латифӣ буд. Онҳо эълон карданд, ки омодаанд бо ҳукумат дар масъалаи сулҳ ҳамкорӣ кунанд. Гузашти айём ҳам нишон дод, ки онҳо ин суханро содиқона гуфтаанд.

Ва аз соли 1993 ҳукумат зарур донист, одамҳоеро ёбад, ки аз ҷиҳати ақидавӣ бо ҳукумат наздик бошанд. Ҳукумат ба ҳамон изҳорот такя карда, аз ҷумлаи аввалинҳо ба Маскав ба суроғи Латифӣ рафт. Андешаҳои Латифӣ ба ҳукумат наздик буд. Вай коммунист ва дунявигаро буд.

– Дар музокироти сулҳи тоҷикон Отахон Латифӣ аз номи кадом лагер намояндагӣ мекард?

– Вақте музокироти сулҳ расман оғоз шуд, ҳайати оппозитсия то муддате бо се имзои ҷудогона иштирок мекарданд: Оппозитсия, Фонди кумак ба гурезаҳо – “Умед” ва Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон дар кишварҳои ИДМ – маркази зери роҳбарии Отахон Латифӣ. Дар чанд музокирот “Растохез” ҳам ҷудогона имзо мекард. Танҳо баъди соли 1996 номи Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) пайдо шуд.

 

Латифӣ ҳайати мухолифинро роҳбарӣ мекард​​​​​​​

 Латифӣ дар ду давраи аввали музокирот роҳбари ҳайати нерӯҳои мухолифин буд, чаро дар давраҳои дигар ӯ муовин шуд?

– Аслан, Латифӣ дар музокирот ҷонишини раиси ҳайати мухолифин буд. Вале азбаски роҳбари расмии ҳайати мухолифин – ҷаноби Тӯраҷонзода дар ду даври аввали музокирот – апрел ва июни соли 1994 иштирок накарданд, амалан Отахон Латифӣ дар ин ду давра роҳбарӣ кард. Ғайр аз ин, Отахон Латифӣ дар мулоқоти моҳҳои октябр ва декабри соли 1996 ҳам роҳбари гурӯҳи кории мухолифин буд. Бисёр шудааст, ки ба сабаби принсипнокиаш ва сулҳхоҳиаш дар муқобили роҳбари ҳайъаташон қарор гирифтааст.

 

“Ба ҳам хандида гуфтугӯ кардан осон набуд…”​​​​​​​

– Дар воқеъ, ҳарфу ҳадисҳое ҳаст, ки дар музокироти аввали ҳукумат ва мухолифат самимият эҳсос намешуд. Аз ҷумла, “ҳолпурсии иҷборӣ”-и Шумо бо Латифӣ ҳам ба гӯши мо расидааст…

– Мо – ҳамамон, музокиракунандаҳои ду тараф, дар ибтидо нисбат ба рақибамон бардошти манфӣ доштем ва ин бесабаб набуд. То солҳои 1989, 1990, 1991 ва 1992 суханони тунд дар муқобили ҳамдигар гуфта мешуданд.

Масалан, дар арафаи интихоботи президентии соли 1991 дар рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” шеъре чоп шуд бо сарлавҳаи тақрибан “Хат назан бар номи Худо, хат назан”, ки дар он ба одамони бегуноҳ дашном дода мешуд ва гуфта мешуд, ки агар ба фалонӣ овоз диҳӣ, фалону фалонӣ ҳастӣ.

Мо ба ҳамин шакл ба муқобили ҳамдигар мубориза мебурдем ва ин уқдаҳо дар дил мемонданд. Шустан ва партофтани ҳамаи инҳо ва ба якдигар қариб шудан, даст ба даст кардан ва ба ҳам хандида гуфтугӯ кардан кори осон набуд.

Моҳи апрели соли 1994 дар Маскав, дар яке аз қасрҳои Вазорати корҳои хориҷии Русия, ҳайатҳои ду тараф барои аввалин бор дар як ҷо нишастанд. Намояндаи Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон Ливиу Бота мардумро бо нишондоди хос шинонд: дар паҳлӯи кӯлобии мухолиф – кӯлобии ҳукуматӣ, дар паҳлӯи зарафшонии мухолиф – зарафшонии ҳукуматӣ, то ки ақаллан дар бораи хешу ақрабо ва хонаю ҷойҳояшон ба ҳам гуфтугӯ карда тавонанд. Аммо он вақт ҳатто дасти ошноӣ дароз кардан ба ҳамдигар мушкил буд.

Ҳамон шаб ба хулоса омадам, ки пагоҳӣ ба мухолифин салом намекунам. Қарор буд, ки пагоҳ вохӯрӣ дар яке аз қасрҳои Вазорати корҳои хориҷии Русия баргузор шавад. Ҳайати оппозитсия каме пештар ба ҷойи мулоқот расиданд ва дар даҳлези маҷлисгоҳ мунтазири мо истоданд. Пас аз фурсате мо – ҳайати ҳукуматӣ вориди бино шудем ва бе салому калом, бо нодида гирифтани ҳайати оппозитсия, рост ба сӯйи маҷлисгоҳ рафтем. Дар ҳамин лаҳза садои Отахон Латифӣ баланд шуд, ки бевосита ба ман мегуфт:

– Ҳой, Иброҳим, дигарон шояд маро нашиносанд, вале чаро ту салом надода гузашта меравӣ? О, ману ту якдигарро хуб мешиносем! Ҳамкасб ҳастем. Ман раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, ту узви Раёсати он…

Ин суханҳо маро бетафовут нагузошт. Баргаштам. Ба Отахон Латифӣ ва аъзои дигари ҳайати ИНОТ салому алейк кардам.

 Аз ҷониби ҳукумат барои ин ҳолпурсӣ ба Шумо чизе нагуфтанд?

Ҷониби ҳукумат худам будам – дигар кӣ гап мезад?

 

Миллат барои​​​​​​​ Латифӣ муҳим буд

– Назари ӯ ба масоили миллӣ чӣ буд?

Латифӣ дар масъалаи миллӣ, масъалаи фарҳанги миллӣ ва муттаҳид кардани халқ бисёр фикр мекард ва бисёр менавишт. Дар давраи музокирот, хусусан пас аз моҳи январи соли 1996, мавқеи Отахон Латифӣ дар мавзӯи миллӣ ниҳоят қавӣ ва муассир шуд. Ӯ медонист, ки раванди музокирот метавонад ба ҳар сӯ кашида шавад ва тақозо мекард, ки ин раванд дар ҷараёни ҳифзи миллати тоҷик нигоҳ дошта шавад. Имкон намедод, ки миллат хор ва пароканда шавад.

Ҳатто Латифӣ ҳамеша пойфишорӣ мекард, ки ҳамаи раванди музокироти сулҳи тоҷикон пурра навишта шавад, то таърих донад, ки кӣ хайрхоҳи миллат буду кӣ хунхори миллат. Аммо он сарфи назар шуд…

 

Ҷойгоҳи Латифӣ дар Комиссияи оштии миллӣ​​​​​​​

 Латифӣ чӣ мавқеъ ва нақше дар Комиссияи оштии миллӣ дошт?

Комиссияи оштии миллӣ аз 13 намояндаи мухолифин ва 13 намояндаи ҳукумат иборат буд. Раиси КОМ аз мухолифин – ҷаноби Нурӣ ва ҷонишини раис аз ҳукумат – Абдумаҷид Достиев буданд. КОМ 4 зеркомиссия дошт, дар ҳар кадом 6 кас: 3 кас аз оппозитсия, 3 кас аз ҳукумат. Отахон Латифӣ раиси зеркомиссияи ҳуқуқ буданд. Ман раиси зеркомиссияи сиёсӣ будам.

Дар баҳсу мунозираҳо дар КОМ сухани Латифӣ эътибори баланд дошт ва дар тайёр кардани тағйироту иловаҳо ба Конститутсия ва қабули қонун дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ низ нақши он кас барҷаста буд. Инро бори дигар таъкид кардан мехоҳам, ки Отахон Латифӣ низ, мисли аъзои ҳайъати ҳукумат, тарафдори дар Конститутсия сабтшудани вожаи “давлати дунявӣ” буд.

Латифӣ одами ҷиддӣ буд – то наомӯзад ва факти зарурӣ надошта бошад, ҳеҷ гоҳ сухан намегуфт. Аз ин рӯ, пешниҳодҳои Отахон Латифӣ вазн доштанд. Мо ҳар пешниҳоди ӯро ҷиддӣ мегирифтем ва баррасӣ мекардем.

Як фактро мегӯям, дар хотир гиред: рӯйхати қариб 7 ҳазор нафаре, ки тибқи Қонуни авфи якуми августи соли 1997 бахшида шуданд, як ба як аз ҷониби Отахон Латифӣ пурра омӯхта шуда буданд. Ҳамин гап мавқеъ ва бовари ду ҷониб ба Отахон Латифиро равшан баён мекунад.

 Чаро Латифӣ аз ҷумлаи 30%-и мансабҳо барои худ ягон вазифаи давлатӣ нагирифт?

Ду сабаб дорад. Аввал – тибқи низомнома аъзои КОМ наметавонистанд мансаб гиранд, онҳо мансаб тақсим мекарданд. Гарчи ин пурра риоя нашуд, вале ин қоидаи асосӣ буд. Дуюм, Латифӣ соли 1998 кушта шуданд, вале раванди тақсимоти мансабҳои 30-фоиза аз соли 1999 оғоз шуд.

 

Аз инъикоси ҷангу сулҳ то дӯстии ду ҳамкасб​​​​​​​

– Дар зимн, Отахон Латифӣ ҳамчун рӯзноманигор ҳаводиси ҷангу сулҳи тоҷиконро дар матбуот чӣ гуна бозтоб дод?

– Дар рӯзномаи “Коммерсантъ” як мусоҳибаи ману Отахон Латифӣ дар бораи музокирот чоп шуда буд. Чанд мақолаи дигари он кас дар бораи ҷангу сулҳи тоҷикон дар “Независимая газета” чоп шудааст. Боз ҳам бояд бошад.

Бояд гӯям, ки публитсистикаи Отахон Латифӣ то ҳол мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст ва ин бисёр бад аст. Ӯ чеҳраи барҷастаи журналистика ва сиёсати замони бозсозиву ҷангу сулҳи тоҷикон аст ва арзиши пажӯҳиши комилро дорад. Агар муҳаққиқони мо аз таҳқиқи осори шахсиятҳои тасодуфиву камарзиш даст кашида, ба пажӯҳиши мероси Латифӣ ва латифиҳо рӯ оваранд, публитсистикаи мо соҳиби як мактаби ҳувиятсоз мегардад.

– Бо Отахон Латифӣ кай ба ҳам қарин шудед ва шаҳодати дӯстиатон чист?

– Ман бо Отахон Латифӣ пеш аз ҷангу сулҳи тоҷикон ҳам дӯст будам. Дар ҷашнҳои рӯзи матбуот борҳо ӯро ба Университети давлатӣ (имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) даъват мекардам. Баъдан вақте муовини раиси Шӯрои вазирон шуд, бо ҳам иртибот доштем. Дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон якҷо кор мекардем.

10-уми сентябри 1998 дар ресторани “Гулдаста” дар Душанбе 50-солагиамро таҷлил кардам. Отахон Латифӣ дар он ҷашн иштирок дошт ва суханронии самимӣ ҳам кард. Муҳтавои он суханронӣ дар мавзӯи дӯстии мо, сулҳ ва оромии Тоҷикистон буд, ки бо эҳтиром ва бо эҳсос ҳарф задаанд. Пас аз 12 рӯзи он Латифиро куштанд…

 

Латифиро касе кушт, ки…​​​​​​​

 Рӯзи қатли Отахон Латифиро дар ёд доред ва ҷасади варо дидед: агар “ҳа”, чанд тир ба кадом қисматҳои баданаш расида буд?

– Он як фоҷиавӣ буд. Сиёҳнависӣ тамоми таъзияҳое, ки расман аз номи КОМ чоп шудаанд, ман тайёр мекардам. Сиёҳнависи таъзияи Латифиро ҳам ман навиштам. Ҷасади Латифиро дидам. Дар назди хонааш митинги мотам баргузор шуд ва раиси шаҳри Душанбе ҳам иштирок карданд ва сухан гуфтанд. Ман дар он ҷо будам. Вале дар бораи чанд тир чизе намегӯям…

 Ангезаи қатл чӣ буд? Ва қотилони Отахон Латифӣ ҷазо гирифтанд?

Ман ҳуҷҷати расмии кифоя надорам – на “ҳа” гуфта метавонам, на “не”, зеро дар чунин масъалаҳои ҷиддӣ бар асоси гуфтаву шунида сухан ронданро одоб намедонам. Мақомоти қудратӣ таҳқиқ карданд, натиҷаро намедонам.

Аммо дар бораи ангеза – ин чизе буд, ки ҳама медонистанд. Комиссияи оштии миллӣ яке аз ҳадафҳои аввалини ҳар касе буд, ки сулҳу оромӣ дар Тоҷикистонро намехост. Ин нукта ҳамеша дар зеҳни тамоми аъзои КОМ буд ва мо омодаи ҳама чиз будем.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Наврӯз – бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!

Гуруҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ҳамаи мардуми шарифи кишварро бо ҷашни Наврӯз табрик мегӯяд.

Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" хонандагону корбарони худро бо иди Фитр табрик мегӯяд.

Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд

Ӯ чун шоҳид дар доираи ду парвандаи ҷиноӣ бозпурсӣ мешавад.

Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон

Дар баъзе минтақаҳо ҳатто боридани барф дар назар аст

Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе – Хуҷанд баланд шудааст?

Дар моварои иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз, ки дар...

Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард

Бо чанде аз шартҳо онҳо ба тарки кишвар ё гирифтани патент барои худ уҳдадор мешаванд.