Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Asia-Plus

Аз ҳамлаи маргбор ва фоҷеавӣ ба толори консерти “Крокус Сити Ҳолл” дар канораи Маскав расо 2 сол гузашт. Дар пайи ин ҳамла, ки мақомоти Русия онро террористӣ гуфтанд, тибқи маълумоти ниҳодҳои ин кишвар, аз 146 то 149 нафар кушта шуд ва беш аз 500 нафар ҷароҳат бардоштанд. Бо иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят, мақомоти Русия як рӯз баъд 4 нафарро боздошт ва чун муттаҳам муаррифӣ карданд. Ва қариб 2 сол баъд, 19 нафар бо иттиҳоми содир кардани ин ҷиноят ба зиндон фиристода шуд. Аз ҷумла, 4 гумонбари аслӣ ва 11 нафари дигар барои як умр ва 4 нафари дигар аз 19 то 22 сол равонаи зиндон шуданд.

Бояд таъкид кард, ки ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” ва куштори одамон ҷиноятест, ки натанҳо боиси изтироб дар ҷомеаи Русия, балки тамоми ҷаҳон шуд ва боздошту муҷозоти дастандаркорони он ҳатмиву талаби қонун буд. Ҷомеа бояд чеҳраи асли ҷинояткороне, ки дар даст силоҳ хунсардона ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд ва фармоишгарони ин ҳамларо мешинохт. Аммо дар ниҳоят, бо гузашти 2 сол аз ин ҳамла, тафтишоти давомдор ва анҷоми мурофиаи додгоҳиву судури ҳукм ҳам, суолҳои зиёд бе посух монд.

 

Кӯтоҳ дар бораи ҳамла

Ду сол пеш, 22-юми марти соли 2024, чаҳор марди мусаллаҳ, тахминан соати 20:00 бо мошини “Рено” ба толори консерти “Крокус Сити Ҳолл” дар канораи Маскав ворид шуда, тирпаронӣ карданд. Сипас, толори мусиқӣ ва чанд ҷои дигари биноро оташ заданд. Субҳи рӯзи 23-юми март ҷомеа аз хабари ин ҳамла ба даҳшат афтода буд. Мақомоти Русия гуфт, ҳамаи ин дар 18 дақиқа сурат гирифт ва ҳамлаварон бо ҳамон мошин аз ҷойи ҳодиса рафтанд.

Ин ҳамла аз пурталафоттарин амали террористӣ дар таърихи Русия баъди ҳодисаи террористӣ дар мактабе дар шаҳри Беслан дар соли 2004 буд.

Тамоми ҷузъиёти ин ҳодиса, ки барои расонаҳо дастрас буд, дар ин пайванд гир оварда шудааст.

 

Дар ниҳоят фармоишгар кӣ буд?

Гурӯҳи “Вилояти Хуросони ДОИШ”* бо нашри изҳорот масъулияти ин ҳамларо ба зимма гирифт. Ин гурӯҳи террористӣ дар Афғонистон мустақар аст. Аммо мақомоти Русия дар аввалин рӯзҳои баъди ин ҳодиса ва то ҳол талош доранд, онро ба зиммаи мақомоти Украина вогузор кунанд. Русия, ки дар Украина меҷангад, ҳамларо ба дӯши Киев вогузор кард ва барои исботи ин иддао, “эътироф”-и гумонбарони аслии боздошткардаро ҳам нашр кард.

Дар навори эътироф, ки дар чӣ шароит сабт шудани он маълум нест ва Хадамоти федералии амният (ФСБ) нашр кард, боздоштшудагони гумонбар мегӯянд: “Сайфулло ба мо гуфт, ки ба Украина, ба Киев равем. Дар он ҷо ба мо 1 миллион рублӣ медиҳанд”.

Аммо то ҳол Сайфулло боздошт нашудааст ва маълум нест, ки нақши ӯ дар ин ҷиноят чист ва ӯ куҷост.

Украина ҳар гуна иттиҳом алайҳаш дар робита ба ин ҳамларо рад мекунад.

Бо гузашти ду сол, то ҳол барои ҷомеа рӯшан нест, ки ин кори дасти кӣ буд: Гурӯҳи “Вилояти Хуросони ДОИШ”, ки масъулияти ҳамларо ба зимма гирифт ё мақомоти Украина, ки даст доштани худро дар ин ҳамла рад мекунад.

 

Чаро Русия огоҳӣ аз ҳамларо нодида гирифт?

Нашрияи “The Washington Post”-и Амрико бо такя ба манобеи худ навишт, ки мақомоти Амрико чанд рӯз пеш аз ҳамла, ҳамтоёни худ аз Русияро дар бораи эҳтимоли ҳамла ба ин бино огоҳ карда буданд. Мақомоти Русия ин хабарро шарҳ надоданд, танҳо сухангӯи Кремл гуфт, ки “шарҳи он дар ваколати ӯ нест”.

Тибқи иттилои “The Washington Post”, Амрико Русияро дар бораи ҳамлаи террористӣ 6-уми март огоҳ кард. Рӯзи дигар сафорати ИМА дар Маскав эълон кард, ки “ифротгароён нақша доранд, дар ояндаи наздик ба издиҳоми зиёд дар Маскав, аз ҷумла ба консертҳо, ҳамла кунанд". Аммо мақомоти Русия онро нодида гирифтанд.

Чаҳор рӯз пас аз ҳамла, директори ХАФ (ФСБ)-и Русия эътироф кард, ки мақомоти иктишофии ИМА Маскавро дар бораи ҳамлаи тарҳрезишуда огоҳ кардаанд, аммо ин маълумот хусусияти умумӣ дошт.

Ҳамин тавр, маълум нест, ки чаро ин огоҳии Амрико, ки метавонист аз куштори садҳо нафар пешгирӣ кунад, аз сӯйи мақомоти Русия нодида гирифта шуд.

 

Наворҳои асл чаро ба ҷомеа нишон дода нашуд?

Чанд наворе, ки то ин замон аз лаҳзаи ҳамала ба “Крокус” дар интернет паҳн шудааст, ҳамагӣ хираву сифати паст доранд ва дар он мушаххас чеҳраи ҳамлаварон дида намешавад. Расонаҳои Русия ҳам аз ин наворҳо истифода кардаанд. Аммо наворҳои асл ва сифатан хуб аз ин толори консерт, ки хеле муосир бунёд шуда буд, барои ҷомеа дастрас нест.

Эмин Агаларов, молики толори консерти “Крокус” пас аз ҳамла ба расонаҳо гуфт, ки сабти тамоми наворҳо ба мақомоти Русия дода шудааст. Аммо мақомоти Русия он наворҳоро расонаӣ накарданд. Ҳадди ақал, барои эътимоди ҷомеа ва исботи муҷозот шудани “ҷинояткорони ҳақиқӣ” чеҳраҳои онҳо вақти содир кардани ҷиноят нишон дода шуд.

 

Чаро мақомоти Русия ҳуқуқи инсонро ошкор зери пой кард?

Дар баробари ҷинояти мудҳиш, ҷомеаро шеваи боздошти гумонбарон аз сӯйи мақомоти Русия нигарон кард. Дар наворҳое, ки аз лаҳзаи боздошти гумонбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳатто расонаҳои таблиғотии Русия нашр шуд, дида мешавад, ки вақти боздошти гумонбарон якеро гӯш бурида, ба даҳонаш гузоштанд, дигареро аз узви таносул ба барқ гузоштанд, сеюмиро ба ҳадде шиканҷа карданд, ки аз ҳуш рафта буд. Ва ин ҳамаро сабт кардаву ба намоиш гузоштанд.

 

Дар пайи ин, Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа аз шеваи боздошти гумонбарон ва ба намоиш гузоштани шиканҷаи ошкори он интиқод кард.

Мария Квитсинская, корманди Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа гуфт, Русия Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар санадҳои манъкунандаи муносибат ё ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафи Созмони Милали Муттаҳидро қабул карда ва уҳдадориҳои возеҳи байналмилалӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо шиканҷаро ба ӯҳда гирифтааст. Аз ин лиҳоз, вазифадор аст, ки онро риоя кунад.

Аммо ҳеҷ як аз ин меъёрҳои байналмилалии ҳуқуқи инсон риоя нашуд ва барои зери по кардани он, мақомоти Русия на дар назди ҷомеа ва на дар назди созмонҳои ҷаҳонии мудофеи ҳуқуқи инсон шарҳе надоданд.

Ҳамин тавр, номаълум монд, ки ҳадаф аз намоиши ошкороии поймол кардани ҳуқуқи инсон, нодида гирифтани асли бароат аз сӯйи мақомоти Русия чӣ буд. Эътирофи мақомдорони Русия гувоҳи он аст, ки дар солҳои баъдӣ дар Русия амалҳои террористӣ афзоиш ёфтааст.

 

Муттаҳамон вакили дифоъ ва ҳаққи мулоқот бо пайвандонро доранд?

Расонаҳои Русия аз номи “вакилони дифоъ”-и муттаҳамон чанд сухан нашр карданд, аммо ном ва чеҳраи онҳо барои ҷомеа норӯшан монд. Ин суолеро дар миён гузошт, ки оё муттаҳамон вакили дифоъ доранд ё не? Ба ин суол то ҳол посухи рӯшан дода нашудааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, ки онҳо вакили дифои давлатӣ доштанд. Аммо онҳо чӣ кор карданд ва чӣ гуна аз ҳуқуқи зирҳимояашон дифоъ карданд, маълум нест.

 

Пайвандони аксари ҳамакнун маҳкумшудагон гуфтанд, ки вакили дифоъ киро накардаанд ва намедонанд, ки аз ҳуқуқи пайвандонашон кӣ ва чӣ гуна дифоъ мекунад.

Ҳамчунин, пайвандони маҳкумшудагон аз он шикоят доранд, ки ба онҳо ҳақи мулоқот бо пайвандонашон то ҳол дода нашудааст. Аксари онҳо гуфтанд, ки то ҳол дар бораи пайвандонашон ҳеҷ маълумоте надоранд, намедонанд, ки онҳо дар кадом зиндонанд. Талошашон барои пайдо кардани онҳо бесамар будааст.

Ин муҳимтарин суолҳое буд, ки бо гузашти ду сол аз ҳамла посух наёфтаанд. Посухи ошкор ва рӯшан ба он, эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки дар толори консерти “Крокус Сити Ҳолл” ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушода, 146 ё 149 нафарро хунсардона куштанд, ҷазо гирифтанд ва маҳз онҳое, ки супориш дода буданд, муҷозот хоҳанд шуд. Дар акси ҳол, шубҳаву гумон ба тафтишоту ҳукм боқӣ хоҳад монд.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз мураккабтарин низомҳои сиёсиро дорад, ки дар он дин ва демократия бо ҳам омехта шудаанд. Бисёре аз таҳлилгарон ин сохторро сахт...

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 10:00 дар Боғи "Куруши Кабир" ва...

Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?

Чаро ба ҳар ҳол, аҳолиро лозим аст, ки сармоягузорӣ кунад ва дар куҷо метавон ин пулҳоро маблағгузорӣ кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Абдумалик Баҳорию Юсуф Раҳмон то Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об

“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ

Фармондеҳи ин сарбоз мегӯяд, “мақсад аз ин шикоят саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ аст”.

Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?

Дар Хадамоти алоқа мегӯянд, ки нархҳо поин рафта, суръат баланд шудааст, лекин дар асл вазъият чӣ хел аст?

Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?

Агар фурӯшанда бо ҳуҷҷат сохтори нархро тасдиқ карда тавонад, ӯро фақат барои гӯшти гови “гарон” ҷарима бастан имкон надорад.