Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?

Шаҳноз Ализода, Asia-Plus

Ду сол пеш, шаби 28 ба 29-уми марти соли 2024, дар шаҳри Конибодом 5 аъзои як оила кушта пайдо шуданд. Ин ҳодисаи мудҳиш на танҳо сокинони ин шаҳр, балки тамоми аҳолии кишварро ба даҳшат овард. Мақомот қотил меҷусту сокинон фарзияҳои куштори бераҳмонаи як оиларо зикр мекарданд, аммо он замон касе намедонист, ки ин оғози кушторҳои пайдарпай ва асроромез дар Конибодом аст.

Баъди ин, Конибодом дар сархати расонаҳо қарор дошт. То охири соли 2024 номи 23 аъзои 7 оила расонаи шуд, ки дар ин шаҳр кушта шудаанд.  

Дар ин миён, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори гаштугузори шахсони ниқобпӯш ҳам нашр шуд ва миёни мардум тарсу нигарониро ба вуҷуд овард. Сокинон дару тирезаи худро оҳанпеч карданд ва бархе низ шаҳрро тарк карда ба дигар навоҳӣ ба хонаи пайвандонашон рафтанд. Теъдоде аз мардҳои шаҳр гулхан афрӯхта, шабона дар кӯчаҳо то субҳ навбатдорӣ ташкил карданд.

Пас аз чандин рӯзи сукут, масъули ВКД кушторҳои пурасрор дар Конибодомро “кушторҳои муқаррарӣ” гуфтанд ва таъкид карданд, ки гумонбарон боздошт ва ҷиноят ошкор шудаанд. Аммо куштор ҳамоно идома дошт. Дар шаҳр кормандони зиёди мақомоти амниятиву тафтишотӣ ҳузур доштанд. 

Пайвандони яке аз оилаи кушташуда
Asia-Plus

…Ҳоло бо гузашти ду сол аз ин ҳодисаҳо, вазъ дар Конибодом ором буда, сокинон ба зиндагии муқаррарии худ идома медиҳанд. “Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки дар солгарди оғози ин ҳодисаҳо, аз шахсияти кушташудаҳо, ангезаи кушторҳо ва тақдири гумонбарон ин ҳаводис ёдоварӣ кунад

 Ангезаи кушторҳо чӣ буд ва гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд?

Тобистони соли гузашта, сараввал, Даврон Зоҳидзод, раиси шаҳри Конибодом ва баъдан, Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли  кишвар дар нишасти матбуотӣ иттилоъ доданд, ки дар пайванд ба ин кӯшторҳо 4 гумонбар ба ҳабси абад маҳкум шуданд. 

Воҳидзода рӯзи 8-уми август ба рӯзноманигорон гуфт, тафтишот маълум кард, ки силсилакушторҳо дар Конибодом бо мақсади ғоратгарӣ ва тасарруфи молу амвол содир шуда, “ягона мақсади гунаҳкорон ба даст овардани маблағ буд”.

“…дар рафти ин ҷиноятҳо ба ҳамин корҳо даст заданд, аз ҷумла, ҳам куштор шуд, ҳам таҷовуз ба номус шуд ва ҳам дигар корҳо содир шудааст, ки дар тафтишот муайян шудааст”,-гуфт вай 

Ба иттилои ӯ, дар ин силсилакушторҳо 15 нафар аъзои 5 оила ба қатл расонида шудаанд, ки 5 нафари онҳо ноболиғ будаанд. Қаблан дастикам номи 23 нафар аъзои 7 оила расонаӣ гардида буд, ки аз сӯи афроди ношинос кушта шуданд.

Додситон аз 4 нафар, ки дар пайванд ба кушторҳо боздошт ва ба ҳукми абад маҳкум шуданд, ном бурд:

– Худойбердиев Солеҳҷон 26-сола, сокини деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;

– Тухтаев Аҳадҷон 27-сола, сокини  деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;

– Равшанов Бахтиёр 36-сола, сокини деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом;

– Сатторов Марат, сокини деҳаи Сайҳуни шаҳри Конибодом.

Ҳабибулло Воҳидзода
Азия-Плюс

Бояд гуфт, қаблан дар иттилоияи Додситонии кул дар моҳи декабр, ки дар авҷи кушторҳо нашр шуд, номи Одилов Манучеҳр низ чун шарики ин ҷиноятҳо ном бурда мешуд. Вале дар нишасти матбуоти Додситонии кулл таъкид гардид, ки даст доштани ӯ дар қатлҳо собит нашудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, Одилов дар қатлҳо иштирок надоштааст, вале ҷиноятҳои дигар содир кардааст. Ӯ ба таҷовуз ба номус муттаҳам дониста шуда, барои ин ҷиноят ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст.

Пеш аз ин, дар пайванд ба ин қазияҳо бо ҳукми додгоҳ Шарифҷон Ашӯров низ ба 20 соли зиндон маҳкум шуда буд. Наздикони ӯ ба бегуноҳиаш таъкид мекунанд.

Қаблан, Диловар Ализода, нозири калони гуруҳи таҳлилӣ-назоратии Шӯъбаи ВКД дар Конибодом дар нишасти матбуотии моҳи июли соли гузаштаи шаҳрдории Конибодом гуфта буд, ки дар пайванд ба кушторҳо нисбати ду шаҳрванди Қирғизистон: Исоев Норбулсун, Мақсадбеков Қутманбек парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст ва онҳо дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд.

Ҳабибулло Воҳидзода дар шарҳи ширкати шаҳрвандони Қирғизистонон дар нишасти матбуотии моҳи августи соли гузашта чунин гуфта буд:

“Аз сабаби онки шахсияти баъзе одамҳо маълум ки, нест то шахсияти онҳоро мо маълум накунем, ки ин шаҳрванди куҷо аст, кӣ ҳаст бо гуруҳи тафтишотӣ, мо гуфта наметавонем, ки ин шаҳрванди ин ё он давлат ҳаст. Албатта дар дохили тафтишоти парвандаҳои ҷиноятӣ баъзан нишондод нисабати шахсони дигар, ки фақат номашон ё номҳое, ки аз худашон ҳам нест ном гирифта мешавад корбарӣ карда мешавад”.

Назари худи боздоштшудагон ё вакили дифои онҳо ба иттиҳом маълум нест. Танҳо пайвандони онҳо ба иттиҳом бо шубҳа мегиранд ва иддао доранд, ки бегуноҳанд.

Модаркалони яке аз боздоштшудагон
Asia-Plus

 

Таърихи кушторҳо. Аз оғоз то анҷом

Кушторҳо дар Конибодом ва маҳаллаҳои гирду атрофи он шаби 28 ба 29-уми март сар шуд. Он шаб дар кӯчаи Комил Ёрматови шаҳри Конибодом 5 аъзои як оила, Муҳиддин Шарифови 65-сола, ҳамсараш Марям Шарифова, келини хона Фирӯза Шарифова ва набераҳояш Абубакр Шарифов ва Азиз Кабирзода кушта пайдо шуданд.

Мақомот дар оғоз Муҳиддин Шарифовро ҳамчун гумонбар эълон карданд вале дертар ин гуфтаҳо рад шуд. Он замон Кабир Шарифов, писари Муҳиддин Шарифов ба “Азия-Плюс” гуфт, ки падараш ҷабрдида эътироф шудааст ва қотилони асосӣ пайдо нашудаанд.

Бо гузашти камтар аз як моҳ аз ин ҳодиса, шаби 16 ба 17-уми апрел дар деҳаи Сайҳуни шаҳри Конибодом зану шавҳари 70-сола Музаффар Урмонов ва ҳамсари ӯ Иноят Урмонова кушта пайдо шуданд. Пас аз 21 рӯзи ин ҳодиса мақомот Шарифҷон Ашӯров, бародари Музаффар Урмоновро бо гумони куштори онҳо боздошт кард.

Asia-Plus

Бо вуҷуди он ки хешовандон ва фарзандони ҷуфти кушташуда ва фарзандони гумонбари куштор ба гуноҳкории мард бовар надоштанд ва далел оварданд, ки дар шаби куштор Ашӯров ба ҳеҷ куҷо нарафтааст, номбурда дар куштор гунаҳкор дониста шуд ва 12-уми декабр ба 20 соли зиндон маҳкум гардид.

Шаби 28 ба 29-уми май дар деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом шаш узви ду оила кушта пайдо шуданд. Як оилаи кушташуда тоҷикон, оилаи дигар қирғизҳо буданд.

Мақомот дар ин ду куштор посбони 42-солаи мактаби деҳаи Санҷидзори ноҳияи Конибодом Марат Сатторовро айбдор карданд. Дар охири моҳи ноябри соли гузашта Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Куштори навбатӣ шаби 8 ба 9-уми декабр дар деҳаи Шӯробқалъаи шаҳри Конибодом рух дод, ки ҷасади 6 узви як оила – зану шавҳар ва 4 фарзандашон дарёфт шуд.

Ҷасади сардори оила Наимҷон Неъматови 37-соларо дар дарахт овезон, ҳамсараш Нафиса Неъматоваи 33-соларо бо кӯдаконаш – се духтари яке 13-сола, дугоникҳои 10-сола ва писарбачаи 2-сола бо “нишонаҳои буғӣ кардан” пайдо карданд.

Як ҳафта баъд аз ин ҳодиса, шаби 15 ба 16-уми декабр дар деҳаи Ҳисорак (Қурғончаи собиқ) шаҳри Конибодом боз ҷасади чор узви ду оила кушта пайдо шуданд.

Яке аз кӯчаҳои беодами Конибодом
Asia-Plus

Дар умум, давоми 10 моҳ, дар шаҳри Конибодом 23 узви 7 оила ба таври мармуз кушта шуданд.

Кушторҳои пайдарпай дар он шабу рӯз тарсу ҳарос ва нигаронии сокинонро ба вуҷуд овард.  Хабаринигори “Азия-Плюс” кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро аз аввал пайгирӣ кард ва чанд маротиба ба ин шаҳр рафта, гузориш таҳия кард.

Гузоришеро, ки баъди қатли чор узви ду оила  дар деҳаи Ҳисорак таҳия гардид, бо ин пайванд “Кӯчаҳои камодам, сокинони ҳаросон, посбонӣ дар гирди гулхан. Гузориш аз як деҳаи Конибодом, ки дар як шаб 4 касро куштанд” метавонед мутолиа кунед.

Дар бораи хроникаи кушторҳо дар Конибодом ва ҳароси сокинон дар гузориши “Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...