Ҳукми абади чаҳор гумонбар дар кушторҳои пурсарусадои Конибодом

Дар пайванд ба силсилакушторҳои пурсарусадои соли гузашта дар Конибодом чаҳор нафар ба ҳукми абад маҳкум шудаанд. Дар ин бора Даврон Зоҳидзод, раиси шаҳри Конибодом имрӯз, 25-уми июл дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ӯ бо баҳонаи “аз рафти тафтишот огоҳ нестам” дар робита ба ин масъала ҷузъиёт надод ва ҳатто нагуфт, ки ҳукми гумонбарон кай содир […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар пайванд ба силсилакушторҳои пурсарусадои соли гузашта дар Конибодом чаҳор нафар ба ҳукми абад маҳкум шудаанд. Дар ин бора Даврон Зоҳидзод, раиси шаҳри Конибодом имрӯз, 25-уми июл дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ бо баҳонаи “аз рафти тафтишот огоҳ нестам” дар робита ба ин масъала ҷузъиёт надод ва ҳатто нагуфт, ки ҳукми гумонбарон кай содир шудааст.

Қаблан, рӯзи 21-уми декабри соли 2024, баъди қариб 9 моҳи оғози кушторҳои мармузи аъзои чанд оила дар Конибодом, Додситонии кулли кишвар бо нашри як иттилоия гуфта буд, ки “ҷинояти кушторҳо дар шаҳри Конибодом кушода шуда”, дар робита ба ин ҳодиса нафарони зерин ҳамчун гумонбар боздошт ва алайҳашон парванда боз гардидааст:

– Худойбердиев Солехҷон Набиевичи 26-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;

– Тухтаев Аҳадҷон Насибҷоновичи 27-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;

– Равшанов Бахтиёри 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом;

– Одилов Манучеҳр Солиҷоновичи 28-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, кӯчаи М.Абдуллоеви шаҳри Конибодом.

Назари маҳкумшудаҳо, наздикон ва вакили дифои онҳо ба ҳукми додгоҳ маъум нест.

Вале қаблан, наздикони чаҳор гумонбар аз бегуноҳии онҳо таъкид карда гуфта буданд, ки “ба тафтишоти одилона умед доранд”.

 

Дар пайванд ба кушторҳо ду шаҳрванди Қирғизитон дар ҷустуҷӯянд

Дар ҳамин ҳол, Диловар Ализода, нозири калони гуруҳи таҳлилӣ-назоратии Шӯъбаи ВКД дар Конибодом дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар пайи кушторҳо нисбати ду шаҳрванди Қирғизистон парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст ва онҳо дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд.

Онҳо Исоев Норбулсун, Мақсадбеков Қутманбек будаанд, ки ҳоло аз ҷониби мақомоти қудратии Қирғизистон дар пайванд ба кушторҳои пайдарпай дар Конибодом дар ҷустуҷӯйи расмӣ қарор доранд. 

“Барои дастгир кардани онҳо мақомоти салоҳиятдори Ҷумҳурии Қирғизистон чорабиниҳои фаврӣ – ҷустуҷӯии хешро гузаронида истодаанд. …Исаев Норбулсун ва Мақсадбеков Қутманбек аз рӯи нақшаи қаблан тарҳрезӣ кардаашон, дар якҷоягӣ кушторро содир кардаанд…”, – гуфт Диловар Ализода.

Қаблан, дар пайванд ба ин қазияҳо бо ҳукми додгоҳ Марат Сатторов ба ҳукми абад ва Шарифҷон Ашӯров ба 20 соли зиндон маҳкум шуда буданд. Наздикони онҳо аз бегуноҳияшон таъкид мекунанд.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар шаҳри Конибодом дастикам 7 куштори хонаводагӣ рух дод ва 23 нафар ба таври мармуз кушта шуданд. Кушторҳои пайдарпай дар он шабу рӯз тарсу ҳарос ва нигаронии сокинонро ба вуҷуд овард.

Дар ин миён, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори гаштугузори шахсони ниқобпӯш ҳам нашр шуд ва миёни мардум тарсу нигарониро ба вуҷуд овард. Сокинон дару тирезаи худро оҳанпеч карданд ва бархе низ шаҳрро тарк карда ба дигар навоҳӣ ба хонаи пайвандонашон рафтанд. Теъдоде аз мардҳои шаҳр гулхан афрӯхта, шабона дар кӯчаҳо то субҳ навбатдорӣ ташкил карданд.

Мақомот кушторҳои пурасрор дар Конибодомро “кушторҳои муқаррарӣ” гуфтанд ва таъкид карданд, ки ҳадафи аксари ин кушторҳо “ғоратгарӣ, соҳиб шудани молу амволи хонавода ва куштани соҳибхонаҳо” будааст.

Дар бораи силсилаи кушторҳо дар Конибодом муфассал дар маводи “Як сол баъд аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом. Чанд кас куштаву чанд нафар боздошт шуд ва тафтишот ба куҷо расидааст?” метавонед мутолиа кунед.

Ҳамчунин, дар бораи баъзе ҷузъиёти боздошт ва зиндагиву фаъолияти муттаҳамони дастгиршуда дар матлаби “Аз 4 гумонзад 3 нафар маҳбуси собиқанд. Сӯҳбат бо наздикони гумонбарони кушторҳои пайиҳам дар Конибодом” метавонед маълумоти бештар гиред.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.