ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз аз соати 9:00 то соати 16:00 дар дар саҳни Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мешавад. Он дар доираи ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” намоиш ва фурӯши китобҳои тозанашр баргузор шуда, беҳтарин намунаҳои китобҳои тозанашри ноширони Вазорати фарҳанги Тоҷикистон пешкаши ҳаводорони китобу мутолиа мегардад.

– Имрӯз аз соати 15:00 то 22:00 дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе ба муносибати Наврӯз ҷашнвораи “Dushanbe Navruz Fest баргузор мешавад. Дар ҷашнвора бо иштироки ҳунармандони маъруфи кишвар ва берун аз он барномаи консертии идона сурат гирифта, намоиш ва фурӯши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва шириниву нӯшиданиҳо дар назар аст.
– Имрӯз соати 10:00 дар китобхонаи филиали 10-и ноҳияи Варзоб мактаби рақами 129-и ноҳияи Фирдавсӣ дар доираи ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон” маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд.
– Имрӯз соати 14:00 дар Театри драмавии русии ба номи Маяковский намоишномаи “Панҷ зани Хоҷа Насриддин” ба саҳна гузошта мешавад. Намоиш имрӯз ройгон буда, теъдоди ҷойҳо маҳдуд аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2003 – Президенти Тоҷикистон фармон дар бораи таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистонро имзо кард.
Соли 2012 – Созмони байналмилалии “Amnesty International” аз нопадидшавии асрорангези Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вилояти Суғд ва соҳибкор изҳори нигаронӣ кард. Ӯ моҳи марти соли 2012 пас аз озодшавӣ аз боздошт дар Русия нопадид шуд ва баъдтар дар Тоҷикистон “пайдо шуд”.
Соли 2013 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бори дувум раиси Кумитаи миллии олимпии (КМО) кишвар интихоб шуд.
Соли 2013 – Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири Тоҷикистон, ки қаблан дар Украина боздошт ва бар асоси дархости истирдодӣ нигоҳ дошта мешуд, аз боздоштгоҳи Киев озод карда шуд.
Соли 2017 – Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардид.
Соли 2018 – Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин қабул гардид.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1933 – Мавлуди Сайёра Исоевa, меъмори Тоҷикистон.
Соли 1934 – Зодрӯзи Бурҳон Раҳмон, ровии телевизион ва радио.

Бурҳон Раҳмон яке аз ровиёни маъруфи телевизион ва радио буда, беш аз 60 сол дар радиоҳои “Тоҷикистон” ва “Овози тоҷик” кор кардааст.
Инчунин ӯ дар телевизион барномаҳои “Аз почтаи телевизион” ва “Чашма”-ро худ таҳия ва наттоқӣ мекард. Ғайр аз фаъолияти ровигӣ ҳамчунин ба сифати муҳаррир, рӯзноманигор ва ҳунарманди театр низ кору фаъолият карда, дар тарҷумаи 300 филми мустанаду бадеӣ овоз додааст.
Бурҳон Раҳмон 28 декабри соли 2015 дар 81-солагӣ даргузашт.
Соли 1960 – Мавлуди Бобоҷон Садриддин, нависандаи тоҷик.
Соли 1961 – Зодрӯзи Хайрандеш, Шоири халқии Тоҷикистон.

Хайриддин Хайрандеш, ки бо тахаллуси Хайрандеш маъруф аст, беш аз 40 сол роҳбари маҳфили “Ҳамешабаҳор” буда, дар рушди эҷодкорони навқалам саҳм мегузорад.
Хайрандеш фаъолияти кориашро ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёт оғоз намуда, соли 1999 гимназияи хусусии “Хайрандеш”-ро таъсис додааст. Аз соли 2001 котиби масъули шуъбаи Хатлонии Иттифоқи нависандагон буд ва сипас дар Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ фаъолият кардааст
Номбурда муаллифи маҷмӯаҳои “Зиёратнома”, “Сад қатра ашк”, “Замзама”, “Хайробод”, “Тоҷикнома”, “Чархофалак”, “Ғазалпайванд” аст.
Ҳамзамон, сардабири нашрияи бачагонаи “Пайрав” аст. Ӯ соли 2024 ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон соҳиб шуд.
Соли 1982 – Ҷаббор Расулов, раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистони Шӯравӣ, дар 68-солагӣ аз олам чашм баст.

Ҷаббор Расулов яке аз шахсиятҳои сиёсии Тоҷикистон буд, ки дар замони шӯравӣ беш аз 30 сол роҳбари Тоҷикистон буд. Ӯ даҳ сол раиси Шурои вазирони ҶШС Тоҷикистон ва 21 сол Котиби якуми Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд.
Солҳои 1946-1955 Ҷаббор Расулов ба ҳайси сарвазири Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон – раиси шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ҳамзамон вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Сипас дар вазифаи ҷонишини якуми вазири хоҷагии қишлоқи ИҶШС, котиби Кумитаи марзи ҲКТ кор кардааст. Ӯ аввалин шахс аз Тоҷикистон аст, ки ҳамчун сафири ИҶШС дар Ҷумҳурии Того адои вазифа намудааст.
Охирин мансаби давлатии ӯ вазифаи Сарвари ҶШС Тоҷикистон – Котиби якуми ҲК ҶШС Тоҷикистон буд, ки солҳои 1961-1982 ба ухда дошт.
Ҷаббор Расулов 4 апрели соли 1982 дар синни 69-солагӣ ҳангоми иштирок дар анҷумани Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон аз бемории сактаи дил вафот кардааст.
Соли 2007 – Адҳам Бобоев, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика дар 71-солагӣ даргузашт.
Соли 2010 – Расул Ҳодизода, адабиётшинос, мунаққид, нависанда ва тарҷумони тоҷик дар 82-солагӣ даргузашт.

Расул Ҳодизода яке аз донишмандон ва муҳаққиқони варзидаи адабиёти тоҷики асрҳои миёна ва нав аст, ки осори зиёде дар бораи таърихи адабиёти тоҷик ва шахсиятҳои барҷастаи он таълиф кардааст.
Ӯ муаллифи асарҳои арзишманде чун “Аҳмади Дониш”, “Баъзе масъалаҳои омӯхтани таърихи адабиёти тоҷики нимаи дуюми асри XIX”, “Рӯдакӣ ва шоирони ҳамзамони ӯ”, “Ситорае дар тирашаб” буда, чандин асарҳои маъруфи ҷаҳониро тарҷума кардааст.
Соли 2021 – Асалбегим Саодатова, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар синни 70-солагӣ даргузашт.

Асалбегим Саодатоваро бештар бо нақши “Аҷузкампир” аз намоишномаи телевизионии “Алифбоҷон, Алифбо!” мешиносанд. Фаъолияти ин ҳунарпеша пурра дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон гузаштааст.
Тӯли беш аз чор даҳсола дар намоишномаҳои зиёд нақш бозида, симои қаҳрамонҳои аз лиҳози хислат, хулқу атвор, ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмӣ ва идроки моҳияти зиндагӣ аз ҳам мутафовит офаридааст. Намоишномаҳои “Робиаи Балхӣ”, “Табиби зӯракӣ”, “Тангои ҷиноятӣ”, “Илоҷи беилоҷӣ ҳаст” зумрае аз онҳоянд.
Дар синамо бошад, дар филми “Асрори оилаи Ғаюровҳо” нақши хоҳар – Ғаюрова Руқияро бозидааст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии огоҳонидан аз хатарҳои мина ва кӯмак дар безараргардонии минаҳо ҷашн гирифта мешавад. Маҷмаи Умумии СММ кишварҳоро даъват мекунад, ки барои поксозии заминҳо аз минаҳо чораҳои муассир андешанд, зеро онҳо ба амният, саломатӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ халал мерасонанд.

4 апрели соли 1949 Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) таъсис ёфтааст. Ин созмон як паймони мудофиавӣ ва сиёсӣ мебошад, ки асосан барои таъмини амният ва ҳамкорӣ байни кишварҳои аъзои худ таъсис ёфтааст. Дар оғоз 12 кишвар таъсисгузори НАТО буданд ва имрӯз ин созмон 30 аъзо дорад.

Ҳамасола 4 апрел ҳамчун Рӯзи интернет таҷлил мешавад. Ин сана бо рӯзи даргузашти Исидори Севиля, яке аз донишмандони асрҳои миёна, ки аввалин энсиклопедияи ҷаҳониро навиштааст, иртибот дорад.
Исидори Севиля, ки дар асрҳои 6-7 зиндагӣ кардааст, шахсияти маъруфи илмӣ ва динӣ буд. Вай бо эҷоди “Энсиклопедияи ягона” маъруф аст, ки дар он донишҳои васеъ дар бораи илм, фарҳанг, дин ва дигар соҳаҳои ҳаёт ҷамъ оварда шудаанд.

Инчунин, Рӯзи мутахассиси сомона таҷлил мегардад. Ин сана рамзӣ интихоб шудааст, зеро тарзи навишти санаи имрӯза бо рақам – 4.04 ба хатои маъруфи “404 – Саҳифа ёфт нашуд” шабоҳат дорад, ки ба фаъолияти устоҳои сомонаҳо алоқаманд аст.
Хатои “404” вақте ба вуҷуд меояд, ки сомона кӯшиш мекунад, ба саҳифа ё мазмуне, ки дигар вуҷуд надорад, дастрасӣ пайдо кунад. Ин хато барои мутахассисони сомонаҳо ба ҳайси нишонае барои пайгирӣ ва бартараф кардани мушкилот ва иштибоҳҳои эҳтимолӣ дар сомонаҳо боқӣ мемонад.

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии сабзӣ аст. Ин рӯз аз соли 2003 инҷониб таҷлил мешавад ва ҳадафаш таъкид кардани фоидаи сабзӣ ба саломатӣ аст. Ҷолиб он аст, ки сабзӣ ибтидо дар Осиёи Марказӣ пайдо шуда, пеш аз пайдоиши ранги норинҷии муосир, ранги арғувон, зард, сафед ва ҳатто сиёҳ дошт.

Ҳамчунин, имрӯз Рӯзи ҷаҳонии каламушҳо таҷлил мешавад, ки онро дӯстдорони ин ҷонвар дар соли 2003 таъсис додаанд. Олимон муайян кардаанд, ки ДНК-и каламушҳо бо инсон 95% монандӣ дорад, онҳо ҳам мисли одамон таҷриба меандӯзанд, хатоҳои худро ислоҳ мекунанд ва ҳатто хоб мебинанд.

ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 7+12º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4+9º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 16+21º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5+10º гарм, дар ғарби вилоят шабона 6+11º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 10+12º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 6+8º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 3 ба 4-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.


