Чаро Тоҷикистон камтар аз дигар кишварҳои минтақа обро такроран истифода мекунад?

Фаровонии захираи об омилӣ аст?

Сайфиддин Қараев, Аsia+

Тоҷикистон — яке аз манбаъҳои асосии об дар Осиёи Марказӣ аст, аммо нишондиҳандаҳояш дар истифодаи такрории он паст аст. Чаро кишваре, ки дорои захираҳои бузурги обӣ аст, қариб обро коркард намекунад ва чӣ чиз ба рушди низомҳои истифодаи такрорӣ монеъ мешавад?

Тибқи маълумоти Environmental Performance Index барои соли 2024, Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонӣ аз рӯи ҳиссаи оби коркардшуда ва истифодаи такрории он яке аз ҷойҳои охиринро касб мекунад — тақрибан 5,2%. Аммо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон изҳор медорад, ки 8% тамоми обҳои бозгаштӣ такроран барои обёрӣ истифода мешаванд.

Дар ҳар ду ҳолат ҳам ин нишондиҳанда пасттарин дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёбад.

Қисми назарраси ҷараёни рӯдҳои бузургтарини минтақа аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Тибқи маълумоти Вазорати энергетикаи кишвар, дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 80% ҷараёни рӯди Ому, яке аз шохаҳои асосии обии Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад. Миқдори зиёди рӯдҳои кӯҳӣ ва пиряху кӯлҳо кишварро ба яке аз давлатҳои аз ҳама бештар бо об таъминшудаи минтақа табдил медиҳад.

Маҳз ҳамин омил то андозае ҳиссаи пасти истифодаи такрории обро шарҳ медиҳад. Дар кишварҳое, ки захираҳои табиии об зиёд асит ба технологияҳои истифодаи такрорӣ ва истифодаи давра ба давраи об камтар таваҷҷуҳ зоҳир карда шудааст. Дар муқоиса бо давлатҳое, ки захираҳои маҳдуди об доранд, ба мисли Сингапур ё кишварҳои халиҷи Форс, дар Тоҷикистон муддати дароз зарурати шадид барои ҷорӣ кардани низоми гаронқимати тозакунӣ ва истифодаи такрории об ба миён наомада буд.

Маҳдудияти зерсохтори иншооти тозакунӣ

Яке аз сабабҳои асосии сатҳи пасти коркарди об зерсохтори начандон кофӣ рушдёфтаи тозакунии обҳои партов (чоҳу заҳбур) боқӣ мемонад. Қисми зиёди иншооти мавҷудаи поккорӣ ҳанӯз дар давраи шӯравӣ сохта шуда, имрӯз ба таъмиру навсозӣ ниёз доранд. Бисёре аз низомҳо бо иқтидори пурра фаъолият намекунанд ё сатҳи зарурии тозакуниро барои истифодаи такрории об таъмин намесозанд.

Дар як қатор шаҳрҳо иншооти тозакунӣ ё кӯҳна шудаанд, ё ба таъмиру навсозии ҷиддӣ ниёз доранд. Ин имконияти истифодаи обҳои партови тозашударо дар саноат, хоҷагии коммуналӣ ва бахши кишоварзӣ маҳдуд месозад.

Сохтори истифодаи об

Сабаби дигари муҳим сохтори истифодаи об аст. Тибқи маълумоти Стратегияи миллии об, дар Тоҷикистон истеъмолгари асосии об ҳамоно соҳаи кишоварзӣ, пеш аз ҳама обёрии заминҳо боқӣ мемонад. Тибқи арзёбиҳои гуногун, ба обёрӣ то 85–90% аз тамоми истифодаи об рост меояд.

Дар чунин шароит об бештар мустақиман аз дарёву наҳрҳо (каналҳо) истифода мешавад, ки аз низомҳои шаҳрии партови об ва поккорӣ намегузарад. Ин маънои онро дорад, ки қисми назарраси об ба низоми коркард ва истифодаи такрорӣ ворид нашуда, ба иншооти табиии об бармегардад ё дар шабакаҳои обёрӣ талаф меёбад.

Маҳдудиятҳои молиявӣ ва технологӣ

Рушди системаҳои истифодаи такрории об сармоягузориҳои назаррасро талаб мекунад. Технологияҳои муосири поккорӣ, системаҳои мониторинги сифати об ва зерсохтори тақсимоти оби тозашуда барои эҳтиёҷоти техникӣ ё кишоварзӣ заруранд.

Барои иқтисоди Тоҷикистон чунин лоиҳаҳо аксаран гарон арзёбӣ мешаванд. Афзалиятҳои буҷети давлатӣ маъмулан ба соҳаҳои энергетика, зерсохтор ва бахши иҷтимоӣ равона шудаанд. Дар натиҷа лоиҳаҳои таъмиру навсозии иншооти поккорӣ суст амалӣ шуда, аксаран ба кумаки молиявии байнулмилалӣ ва барномаҳои сарпарастӣ вобастаанд.

Омилҳои ниҳодӣ ва меъёрӣ

Рушди нокофии заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои истифодаи такрории обҳои тозашудаи партов монеъаи иловагӣ боқӣ мемонад. Дар бисёр кишварҳое, ки истифодаи такрории об фаъолона ҷорӣ шудааст, меъёрҳои дақиқи сифати об барои соҳаҳои гуногуни истифода, аз ҷумла саноат, кишоварзӣ, сабзкунии шаҳрҳо вуҷуд доранд.

Дар Тоҷикистон чунин механизмҳо ҳоло дар марҳилаи рушд қарор доранд. Мавҷуд набудани меъёрҳои дақиқу равшан ва ҳавасмандгардонии иқтисодӣ манфиатдориро аз ҷониби корхонаҳо ва мақомоти маҳаллӣ барои ҷорӣ намудани системаҳои таъмини давра ба давра коҳиш медиҳад.

Имконот барои тағйирот

Сарфи назар аз нишондиҳандаҳои пасти кунунӣ, иқтидори рушд дар Тоҷикистон назаррас боқӣ мемонад. Солҳои охир лоиҳаҳои ҷорисозии системаҳои ғайримутамаркази поккории обҳои партов, инчунин истифодаи оби тозашуда барои кишоварзӣ ва хоҷагии шаҳр мавриди баррасӣ қарор доранд.

Рушди чунин технологияҳо метавонад ба унсури муҳими мутобиқшавии кишвар ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши тадриҷии пиряхҳо, ки дарёҳои асосии минтақаро таъмин мекунанд, табдил ёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.