Душанбе. 10-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон ба баргузории чорабинӣ бахшида ба 20-умин солгарди хурӯҷи нерӯҳои низомӣ аз Афғонистон, ки ҳамасола 15-уми феврал доир мегардад, омодагӣ мегиранд.
Рӯзи якшанбе бо ибтикори Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон дар назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко дар шаҳри Душанбе чорабинии ботантана баргузор мешавад. Ғайр аз ин, дар чорабинӣ ошхонаи саҳроӣ гузошта шуда, ба иштирокдорон хӯроки маъмулии сарбозон пешниҳод мегардад.
Тавре аз Шӯрои ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар даргириҳои дар Афғонистон рухдода ҳангоми будубоши нерӯҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин кишвар беш аз 15 ҳазор тоҷикистониён иштирок карда, 366 нафарашон ҷони худро дар кишвари ҳамсоя аз даст доданд. Беш аз 1 ҳазор ҷанговарони тоҷик захмҳои гуногун бардоштанд. «Ба панҷ нафар ҷанговарони тоҷик, аз ҷумла ба Александр Мироненко пас аз маргаш
унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст», – гуфт манбаъ.


