Пулиси Душанбе мегӯяд, давоми се моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 44 садама рух дода, дар 32 ҳолат ронандагон мусофиронро пахш кардаанд ва дар пайи он, 6 пиёдагард ҷон бохта, 26 тани дигар маҷруҳ шудаанд.
Мақомот аз афзоиши садамаҳо бо ширкати пиёдагардон изҳори нигаронӣ карда, бо мақсади “пешгирии садамаҳо бо иштироки пиёдагардон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон дар бораи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ” амалиёти даҳрӯзаи “Пиёдагард”-ро роҳандозӣ кардааст.
Ба иттилои манбаъ, амалиёт дирӯз, 13-уми апрел оғоз шуда, то 23-юми апрел идома мекунад.
Мақомот аз сокинон хостаанд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя карда, фарзандонашонро ҳам ба ин кор водор ва бо аломатҳои роҳ шинос кунанд.
Ёдрас мешавем, ки мақомоти пойтахт соли гузашта низ чанд навбат дар бораи гузаронидани амалиёти “Пиёдагард” хабар дода буд, аммо аксаран натиҷаҳои он эълон намешуд.
Танҳо соли 2019 пулиси Душанбе хабар дода буд, ки давоми як ҳафта дар пойтахт 1 ҳазору 500 нафарро дар доираи ин амалиёт ҷарима кардааст.
Бояд гуфт, мувофиқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба пиёдагардоне, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва ё аз ҷойҳои муқаррарнашудаи роҳ убур мекунанд, 39 сомонӣ (ним нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ҷарима таъин карда мешавад. Ҳамчунин, барои онҳое, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ ҳолати садамавӣ ба вуҷуд меоранд, аз 78 то 156 сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.


