Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

Ширин Раҳмонова, аsia+

Бо роҳандозии барномаи “eDonish” дар мактабҳои Душанбе гуфта мешуд, ки падару модарон имкон пайдо мекунанд, ки вақти омаду рафти фарзанди худ ба мактаб, баҳо ва давомнокии таҳсили фарзандонашонро пайгирӣ кунанд. Вале бо татбиқи ин барнома баъзе мушкилиҳо низ ба миён омад, ки кӯшиш кардем дар ин мавод посух дарёбем.

Ба саволҳои муҳим дар бораи кори ин барнома Дилноза Исмоилзода, сармутахассиси шуъбаи татбиқи лоиҳаҳои корхонаи “Шаҳри ҳушманд”-и ҳукумати Душанбе посух дод.

– Паём меояд, ки кӯдак ба мактаб ворид шуд, вале ӯ ҳоло аз хона набаромадааст. Ё баръакс, вақте ки ӯ ба мактаб ворид мешавад, хабар меояд, ки ӯ аз мактаб баромадааст. Чаро чунин аст ва ин мушкилӣ кай ҳал мешавад?

  • – Баъзан волидайн дар бораи ба мактаб омадан ё рафтани кӯдак метавонанд огаҳиномаи нодуруст гиранд. Аксаран ин ба тағйири симои кӯдак ва аксе, ки дар барнома ворид шудааст, рабт дорад. Яъне аксе, ки вақти бақайдгирии кӯдак дар барнома ҷой дода мешавад, бо гузашти вақт бо симои хонанда мувофиқат намекунад.

Ҳамчунин, огоҳинома метавонад аз дурбини баромад дар ҳолате ояд, ки хонанда воқеан ба мактаб ворид мешавад. Ин дар ҳолате метавонад ба амал ояд, ки агар кӯдак дар минтақаи гузаргоҳ истода бошад ё бо дигар хонандаҳо суҳбат кунад, инчунин рӯяшро ба тарафи дубрини дигар гардонад. Дар чунин ҳолат, низом метавонад рӯйи хонандаро бо дурбине, ки дар баромад насб шудааст, сабт кунад ва ба таври худкор огоҳиномаи марбутаро фиристад.

Барои баланд бардоштани дақиқӣ ва саҳеҳии кори низом бо маъмурияти мактабҳо корҳо бурда мешаванд. Аз ҷумла, ба саривақт навсозии аксҳои хонандагон дар пойгоҳи маълумот, инчунин бештар ба тартиб овардани гузаштани хонандагону кормандон тариқи минтақаи даромад бидуни ҷамъшавии одамон назди камераҳо таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

– Кӯдак дар мактаб нест ё бемор аст, вале дар ин рӯз ба ӯ баҳо мегузоранд ё баръакс, кӯдак дар мактаб ҳаст, аммо огоҳинома меояд, ки ӯ ҳузур надорад

  • Журнали синфӣ бевосита аз ҷониби омӯзгорон пур карда мешаванд. Ҳоло дар бахши дарҷ кардани баҳо ва ҳозиру ғоиби хонанда хатогиҳо ба чашм намехӯрад.

Агар дар волидайн саволҳои марбут ба пайдо шудани баҳо ё маълумот дар бораи давомот пайдо шавад, метавон ба роҳбари синф ё муаллими ҳамон фан мурроҷиат кард. Дар сурати пайдо шудани саволҳо ё хатогиҳои имконпазир дар кори барнома, падару модар метавонанд ба маркази хадамот бо рақами 446400021 ё рақами кӯтоҳи 0021 муроҷиат кунанд.

Ғайр аз ин, ҳар як мактаб маъмури барнома дорад, ки барои ҳалли чунин масъалаҳо ёрӣ мерасонад. Дар сурати зарурат, ҳамчунин, метавон мустақиман ба дафтари кории барномаи “eDonish” бо суроғаи кӯчаи М.Турсунзода 27А (бинои “IT park”) муроҷиат кард.

– Ворид шудани маълумот ба “eDonish” чӣ гуна ва аз ҷониби кӣ танзим мешавад?

  • – Ҷараёни ворид кардани маълумот ба барномаи “eDonish” аз ҷониби маъмури муассиса танзим мешавад. Назорат дар ҳама сатҳҳо, аз мудири мактаб то кормандони сарраёсат, ки саҳифаи шахсӣ ва ба ҳамаи раванди муассиса дар барнома дастрасӣ доранд, амалӣ мешавад.

Ғайр аз ин, ба мақомоти масъул ва назораткунанда саҳифаҳои махсус дар ихтиёрашон дода шудааст, ки ба онҳо ҷиҳати пайгирӣ ва назорати кор дар самти худ дар соҳаи маорифи шаҳри Душанбе имкон медиҳад.

– Дар сурате, ки агар кӯдак дар мактаб набошад, вале тибқи маълумоти “eDonish” ӯ дар он ҷо қарор дорад, ба кӯдак ҳодисае рух диҳад, кӣ ба он масъул аст?

  • – Ин қариб ғайриимкон аст. Агар чунин омилҳо пайдо шаванд, хеле кам аст ва метавонанд ба хатогии технигӣ вобаста бошанд. Вале дар чунин ҳолат масъулият ба дӯши маъмурияти мактаб меафтад.

– Оё имкони ислоҳи маълумот дар “eDonish” вуҷуд дорад ва кӣ метавонад онро ислоҳ кунад?

– Дар ҳолате, ки агар омӯзгор вақти баҳо гузоштан ба хатогӣ роҳ диҳад, онро метавон танҳо дар мувофиқасозӣ (дар шакли хаттӣ) бо маъмурияти Сарраёсати маорифи шаҳр ислоҳ кард.

Барномаи “eDonish” барои омӯзгорон ва волидайни хонандагон машғулиятҳои таълимӣ мегузаронад. Аз ҷумла машғулиятҳои омӯзишӣ ва машваратҳо мегузаронем. Ҳамчунин, чанде пеш маводи видеоии таҳия шуд, ки дар ҳамаи сомона ва саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дастрас аст.

Тими “eDonish” минбаъд низ мувофиқи дархости мактабҳо ва корбарон омода аст, ки чорабиниҳои таълимӣ баргузор кунад, то ки истифодаи низом ҳатто барои касоне, ки ба технологияҳо хуб сарфаҳм намераванд, осону қулай шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.