Аз муборизаи сиёсӣ то эҳёи Рӯдакӣ. Нақши устод Айнӣ дар ҳувиятсозӣ ва худшиносии миллии тоҷикон

Мо назари се донишманди тоҷикро пурсидем.

Меҳрофарин Наҷибӣ, asia+

Имрӯз, 15-уми апрел, дар Тоҷикистон зодрӯзи асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ таҷлил мешавад. Дар таърихи ҳар миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки дар лаҳзаҳои ҳассоси “ҳастиву нестӣ” чун наҷотбахш зуҳур мекунанд. Барои мо, тоҷикон, Садриддин Айнӣ маҳз ҳамин гуна шахсият аст: касе, ки хишти аввалини бинои худшиносии моро дар асри XX гузошт. Миллатсозӣ ва ташаккули тафаккури миллии тоҷикӣ барои устод Айнӣ на танҳо як ҳадафи эҷодӣ, балки масъалаи кору пайкор ва ҳаёту мамот будааст.

Мо назари адабиётшиносон ва айнишиносони кишварро дар бораи нақши устод Айнӣ дар ҳувиятсозиву худшиносии миллии тоҷикон пурсидем.

Бо қалами оташбор ба муборизаи сиёсӣ бархест

Академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, айнишиноси шинохтаи тоҷик, дар ҳамоише, ки дар зодрӯзи Садриддин Айнӣ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор шуд, гуфт, дар аввали солҳои бистуми садаи бист, замоне ки тақсимоти миллӣ дар Осиёи Миёна бо шиддат авҷ мегирифт, ҳифзу ҳимояи ҳастии халқи тоҷик ба як баҳси доманадор ва пур аз ихтилоф табдил ёфта буд.

Ба қавли ӯ, маҳз дар ҳамин давраи ҳассос устод Айнӣ ва ҳамфикронаш ба майдони муборизаи сиёсию иҷтимоӣ бархостанд ва ҷони худро дар хатар монда, дар миёни зиёиён ва ҷомеа аз худшиносиву бедории миллӣ мегуфтанд.

“Устод Садриддин Айнӣ ба зулми ноодилонаи таърих таҳаммул накарда, аз қадимият ва ҳастии халқи тоҷик дифоъ мекард ва фикру мулоҳизаҳояшро рӯйирост дар матбуоти даврӣ баён менамуд. Устод ҳамчун ҷонфидои халқи тоҷик ба муборизаи сиёсӣ бархоста, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, ҷасурона аз забон ва фарҳанги тоҷикӣ дифоъ мекард ва пеши роҳи тундгароёни миллатгарои ашаддиро гирифта, бар зидди онҳо тавассути қалами оташбор, мақолаҳои асоснок ва афкори илмӣ ҷавоби саҳеҳ менавишт”, – гуфт Раҳмонзода.

Абдуҷаббор Раҳмонзода
Акс аз муаллиф

Вай афзуд, устод Айнӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳои давр, ба мисли “Овози тоҷик”, “Бедории тоҷик”, “Дониш ва омӯзгор” ва ғайраҳо мақолаҳои зиёде интишор карда, бо исрор таъкид мекард, ки тоҷикон дар ин қаламрав мардуми омада ва омехта набуда, балки соҳиби таърих, забон ва фарҳанги қадимиву соҳибони аслии ин диёранд.

Эҷоди “Намунаи адабиёти тоҷик”

Муҳимтарин хидмати устод дар ин давра, ба андешаи ин айнишинос, таълифи тазкираи бунёдии “Намунаи адабиёти тоҷик” буд.

Раҳмонзода гуфт, ки устод Айнӣ дар муддати 7 моҳ (аз марти соли 1925 то октябри ҳамон сол) тамоми маводи илмӣ ва таърихиро шабонарӯз заҳмат кашида ҷамъоварӣ намуд ва соҳиби хат, забон ва адабиёти оламшумул будани тоҷиконро ба таври қатъӣ исбот кард.

Ба қавли ӯ, чопи ин тазкира дар соли 1926 рақибони сиёсӣ ва миллатгароёни бадхоҳро дар шигифт гузошта, боиси баланд шудани рӯҳияи зиёиёни тоҷик ва дилгармии мардум шуд.

Кашфи оромгоҳи Рӯдакӣ

Профессор Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси шаҳири тоҷик, бар ин назар аст, ки барои устод Айнӣ миллатсозӣ ва доштани тафаккури миллии тоҷикӣ муҳим буд.

Ӯ ҳам таъкид кард, ки омода кардани асаре мисли “Намунаи адабиёти тоҷик” дар зарфи 7 моҳ кори саҳл набуд ва “фақат Айнӣ метавонист ин корро анҷом диҳад, зеро донишманде мисли ӯ, ба дараҷаи ӯ огоҳ дар он замон вуҷуд надошт”.

Аммо Сатторзода ба як ҷанбаи дигари ҳувиятсозии Айнӣ ишора мекунад: “Ҷустуҷӯҳое, ки устод Айнӣ дар ёфтани қабри устод Рӯдакӣ карданд, бемислу монанд аст! Айнӣ тамоми манбаъҳоро санҷида, ба хулосае омад, ки Рӯдакӣ бояд дар атрофи Самарқанд ва Панҷакент бошад”.

Абдунабӣ Сатторзода
Акс аз муаллиф

“Бо мактубнависӣ ба котиби ҳизби коммунисти Панҷакент ва пурсуҷӯ аз мардикорони деҳаи Фороб, ӯ деҳаи Панҷрӯдро пайдо кард. Баъдан, бо пешниҳоди устод Айнӣ дар Академияи илмҳо ҳайати ҷустуҷӯ ташкил шуд ва инсоншиноси машҳур Герасимов устухонҳои шоирро ёфта, чеҳраи ӯро аз рӯйи сарчашмаҳои мантиқие, ки Айнӣ фароҳам оварда буд, барқарор кард. Ин кашфиёти муҳими устод Айнӣ буд, ки Рӯдакиро дубора зинда кард”, – гуфт адабиётшинос.

Аз исботи “тоҷик” то сохтани Тоҷикистони нав

Қадами дигари муҳим дар худшиносӣ, ба гуфтаи профессор Сатторзода, навиштани мақолае дар бораи истилоҳи тоҷик дар сарчашмаҳо аст. Ба қавли ӯ, ин мақолаи таҳқиқотӣ исботи мавҷуд будани қавми муаззаме ба номи тоҷик буд, то ба даҳони онҳое, ки мегуфтанд тоҷикон гӯё эрониҳои гумном ҳастанд, муҳри хомӯшӣ занад.

Сатторзода ҳамчунин аз нақши устод Айнӣ дар бунёди Тоҷикистони нав ва овардани зиёиёни Самарқанду Бухоро ба Душанбе ёдовар мешавад. Бо таъсиси ҶМШС ва дертар ҶШС Тоҷикистон устод Айнӣ сабабгори ба кишвари навтаъсиси тоҷикӣ омадани даҳҳо чеҳраҳои адабии машҳури мо шуд, ки ҳамаи онҳо ҳам барои худшиносии миллии тоҷикон саҳми бориз гузоштанд.

Бо вуҷуди ҳамаи ин, ба қавли Сатторзода, муҳимтарин коре, ки дар роҳи худшиносии миллӣ ва ҳувиятсозии мо анҷом дод, эҷоди асарҳои мондагор аст.

“Устод Айнӣ дар солҳои сиюм бо романи “Ғуломон” ва қиссаи “Одина” замони пешро сиёҳ карда, бартариҳои Шӯравиро нишон дод, вале дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ “Қаҳрамонии халқи тоҷик – Темурмалик”-ро навишт ва дар охири умр шоҳасари худ “Ёддоштҳо”-ро ба вуҷуд овард, ки беҳтарин асар дар шинохти таърихи миллат аст”, – мегӯяд профессор Сатторзода.

Пайванди ориёӣ, дифоъ аз забон ва сипоҳи маънавӣ

Рустами Ваҳҳоб, Шоири халқии Тоҷикистон ва устоди донишгоҳ, бар ин бовар аст, ки ҳеҷ як аз осори устод Айнӣ, хоҳ адабӣ, хоҳ забоншиносӣ ё таърихӣ бошад, ҳаргиз аз мавзӯи худшиносии миллӣ бебаҳра нест.

Дар ин баробар, ин ҳамсуҳбати мо ба масъалаи ҳувиятсозӣ аз зовияи жарфтар нигоҳ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, “худи китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” бо таъкид ба нуқтаи мабдаъ ва асли худшиносии тоҷикон шуруъ мешавад, ки он ёдоварии мансубияти ин қавми муаззам ба ирқи орӣ (асли ориёӣ) ҳаст”.

Ӯ таъкид мекунад, ки “то замони ба ин мавзӯъ баргаштани академик Бобоҷон Ғафуров, маҳз устод Айнӣ бори аввал дар матни таърихиву адабии мо аз истилоҳи “ориёӣ” ҳамчун маншаи ирқи тоҷикон ишора кардааст”.

Рустами Ваҳҳоб бо овардани як хотираи ҷолиб шахсияти устод Айниро чунин тасвир мекунад: “Устод Айнӣ бисёр босалобату бовиқор будаанд ва ҳамеша суҳбаташон орому бо таанниву мӯътадил анҷом меёфтааст. Вале агар касе бихоҳад, ки устод Айниро аз ин ҳолат хориҷ кунад, баҳсро дар бораи забон сар мекард… Дигар устод ба шӯр меомад”.

Рустами Ваҳҳоб
Акс аз муаллиф

“Барои устод Айнӣ забон асли гавҳари худшиносӣ ба шумор мерафт ва дар мақолаи дар бораи истилоҳи тоҷик метавон қиёми маънавӣ ва рӯҳии ӯро дар ин роҳ мушоҳида кард”, – иброз дошт Рустами Ваҳҳоб.

Ба қавли ин донишманд, устод Айнӣ гарчанде мутаассиб набуд, хуб пай бурда буд, ки “вуҷуди кишвари ӯ, вуҷуди кишваре бо номи Тоҷикистон ба таъйид ва тасдиқи илмӣ ва воқеии ҳувияти тоҷикӣ вобаста ҳаст ва ин барояш масъалаи маргу зиндагӣ буд”.

Рустами Ваҳҳоб ҳам аз ҳамроҳ овардани “сипоҳи маънавӣ” аз Самарқанду Бухоро ва атрофи он ба Тоҷикистони навтаъсис ишора карда, мегӯяд, ки онҳо аз равшанфикрон ва аҳли саводи замони худ буданду маҳз ба хотири сухани устод Айнӣ озими Сталинободи вақт шуданд.

Ба гуфтаи ин донишманд, устод Айнӣ дар ҷашни 75-солагиаш ба равшанфикрони ҳамроҳ овардааш муроҷиат карда, гуфтааст, ки тасмим дорад адабиёти нави тоҷикро бунёд кунад ва ривоҷ диҳад ва аз онҳо хостааст дар ин роҳ ба ӯ мусоидат кунанд, то “ин тифли нозпарвар”-аш дарбадар нашавад.

Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,

Ин тифли нозпарвари ман дарбадар шавад…

Ба ҷойи хулоса

Тавре аз таҳлил ва дидгоҳи ин се донишманди тоҷик бармеояд, нақши устод Садриддин Айнӣ дар худшиносӣ ва ҳувиятсозии миллати тоҷик фарогир ва бунёдӣ будааст.

Аз муборизаҳои шадиди матбуотӣ дар аввали қарни гузашта барои ҳифзи номи тоҷик ва эҷоди “Намунаи адабиёти тоҷик”, то ҷустуҷӯ ва кашфи қабри сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ; аз пайванд додани решаҳои таърихӣ ба ирқи ориёӣ, то эҷоди асарҳои мондагори таърихӣ ва гирд овардани нерӯҳои зеҳнӣ дар пойтахти кишвар – ҳамаи ин далолат бар он мекунанд, ки устод Айнӣ на танҳо як адиб, балки меъмори ҳувияти миллӣ дар Тоҷикистони муосир мебошад.

Ин се донишманди тоҷик муътақиданд, ки хидматҳои устод Айнӣ дар дифоъ аз забон ва фарҳанги миллӣ чун сипаре буд, ки ин миллатро аз гирдбодҳои таърихи садаи бист эмин нигоҳ дошт, то мо ба Тоҷикистон соҳибистқлол расем.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

70% хариду фурӯши манзил дар пойтахт: “Somon.tj” бозори амволи ғайриманқули Тоҷикистонро барои семоҳаи аввали соли 2026 арзёбӣ кард

“Somon.tj” – пойгоҳи №1 дар соҳаи амволи ғайриманқул дар Тоҷикистон натиҷаҳои таҳлили бозорро барои семоҳаи якуми соли 2026 (Q1 2026) нашр кард. Натиҷаҳо нишон...

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 апрели соли 2026

Аз ҷорӣ гардидани хати лотинӣ дар Тоҷикистон то зодрӯзи Садриддин Айнӣ ва Рӯзи ҷаҳонии фарҳанг