Паҳлавонони тоҷик аз мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё дар шаҳри Ордаси Чин бо 5 медал – 2 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба Ватан бармегарданд. Ҳамчунин, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби дастаӣ дар ин мусобиқа ҷойи дуюмро гирифт.
Дар қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки аз 16 то 18-уми апрел бо ширкати 197 варзишгар аз 19 кишвар баргузор шуд, Тоҷикистонро 13 паҳлавон (9 мард ва 4 зан) муаррифӣ мекард:
- Эмомалӣ Нуралӣ (- 66);
- Обид Ҷебов (- 66);
- Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг);
- Сомон Маҳмадбеков (-81 кг);
- Беҳрӯзи Хоҷазода (-81 кг);
- Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг);
- Шодмон Ризоев (-90 кг);
- Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг);
- Меҳрзод Суфиев (60 кг);
- Аҳлия Муъминова (48 кг);
- Мадина Курбонзода (52 кг),
- Александра Кан (-57 кг);
- Виктория Киселёва (+78 кг).

Аз миёни онҳо Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг ва Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг ба гирифтани медали тилло даст ёфтанд. Ин аввалин нишонҳои тилло аз қаҳрамонии Осиё барои ин ду паҳлавони тоҷик буд. Онҳо 7 сол баъд аз Комроншоҳи Устопириён медали тилло ба даст оварданд.
Дар умум дар таърихи ҷудои тоҷик пҳалавонони кишвар 4 маротиба қаҳрамони Осиё шудаанд, ки ду медали тиллои онро Комроншоҳи Устопириён солҳои 2016 ва 2017 соҳиб шудааст.

Ҳамчунин, имсол Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ва Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг аз мусобиқаи қаҳрамонии Осиё нишони нуқра гирифтанд. Ягона медали биринҷиро Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг ба даст овард, ки ин беҳтарин натиҷа миёни бонувони тоҷик дар ин мусобиқа ба ҳисоб меравад.

Варзишгарони дигари тоҷик дар марҳилаҳои гуногуни рақобатҳо ноком ва аз медалҳо маҳрум шуданд.
Баъди анҷоми мусобиқа Тоҷикистон бо 5 медал дар ҳисоби дастаӣ мақоми дуввумро гирифт. Муғулистон бо се медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ соҳиби ҷойи аввал шуд.

Бояд гуфт, ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиёи соли 2025, ки моҳи апрели ҳамон сол дар шаҳри Бангкоки Тайланд баргузор шуд, 7 медал (2 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст оварда буданд.


