Аз 15-уми апрели соли 2026 дар Русия низоми нави қабул ва ҷойгиркунии шаҳрвандони хориҷӣ ба кор даромад, ки ҳадафи он ҷалби нерӯи созанда ва зеҳнӣ ба ин кишвар мебошад. Акнун шаҳрвандони хориҷие, ки “Русия ба онҳо ниёз дорад”, метавонанд бидуни имтиҳон ва ҳеҷ гуна мушкиле ҳуҷҷати иқомат гиранд.
Дар ин робита фармони Владимир Путин, раисҷумҳури Русия моҳи декабри соли гузашта ба имзо расида, нав ҳукми иҷро гирифт. Фармони нав на танҳо раванди ҳуҷҷатгузориро сода, балки барои мутахассисони сатҳи баланд ва ходимони фарҳангу варзиш имтиёзҳои бесобиқа пешкаш мекунад.
Мо ин фармон ва замимаашро омӯхта, ҷузъиёти мақоми навро фаҳмидем ва ҷанбаҳои онро дар қолаби саволу ҷавоб шарҳ медиҳем.
– Ин чӣ мақом аст ва ҳадафи Русия аз ҷорӣ кардани он чист?
– Ин мақоми вижа барои “шаҳрвандони хориҷие, ки барои Русия аҳамият доранд” пешбинӣ шудааст. Русия бо ин роҳ мехоҳад мутахассисонеро пайдо ва ҷалб кунад, ки метавонанд дар рушди иқтисод, илм ва фарҳанги ин кишвар саҳми мустақим гузоранд. Бархурдорӣ аз ин мақом ба маъноест, ки давлат ин шахсро ҳамчун як узви муфид ва зарурии ҷомеаи худ эътироф мекунад ва ба ӯ барои зиндагии доимӣ шароити махсус фароҳам меорад.
– Киҳо метавонанд ин мақомро ба даст оранд?
– Доираи шахсоне, ки метавонанд ин мақомро соҳиб шаванд, хеле васеъ аст. Дар навбати аввал, ин олимон ва пажӯҳишгароне мебошанд, ки дар соҳаи илму технология дастовард доранд. Сипас, соҳибкороне, ки тиҷорати хурду миёнаро дар соҳаҳои муҳим, ба мисли технологияҳои иттилоотӣ ё истеҳсолот роҳандозӣ кардаанд.

Ҳамчунин, варзишгарони номдор, ҳунарпешагон, тарроҳон ва ҳатто хатмкунандагони аълохони донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ метавонанд барои ин мақом ҳуҷҷат супоранд.
Илова бар ин, мутахассисони оддӣ, вале ботаҷриба дар соҳаҳои тиб, муҳандисӣ ва сохтмон, ки собиқаи кории беш аз панҷсола доранд, низ дар ин рӯйхат шомил мешаванд.
– Ин мақом дар гирифтани ҳуҷҷатҳои иқомат чӣ сабукиҳо дорад?
– Яке аз бартариҳои асосӣ ин аст, ки шахс ниёзе ба гирифтани меъёри солона ё ҳамон “квота” надорад. Инчунин, ин ашхос метавонанд мустақиман ва бидуни миёнарав барои гирифтани ҳуҷҷати иқомати доимӣ дархост диҳанд. Баррасии ҳуҷҷатҳои онҳо низ дар муддати бисёр кӯтоҳ, яъне то 30 рӯзи корӣ анҷом меёбад, ки ин нисбат ба тартиби муқаррарӣ чандин маротиба тезтар аст.
– Оё барои соҳиб шудан ба ин мақом имтиҳони забони русӣ ва таърихи ин кишвар ҳатмӣ аст?
– Не, ин яке аз имтиёзҳои калидии мақоми нав мебошад. Шаҳрвандоне, ки Русия ба онҳо ниёз додааст, аз супоридани имтиҳонҳои ҳатмӣ аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузорӣ пурра озод карда мешаванд. Дастовардҳои касбии ин гуна афрод барои эътирофи онҳо кофӣ мебошад.
– Оё аъзои оилаи ин шахсон низ аз имтиёзҳо баҳра мебаранд?
– Бале, тамоми имтиёзҳое, ки ба шахси асосӣ дода мешаванд, ба аъзои оилаи ӯ низ дахл доранд. Ҳамсар, фарзандон ва волидони “шахси ба Русия лозимӣ” низ метавонанд бо тартиби содашуда ҳуҷҷатҳои иқомат гиранд ва дар Русия кору таҳсил кунанд.
– Оё барои кор кардан дар Русия ба ин нафарон гирифтани иҷозатномаи кории алоҳида (патент) лозим аст?
– Не, ин ашхос ва аъзои оилаи онҳо ҳуқуқ доранд, ки бидуни гирифтани ҳеҷ гуна иҷозатномаи корӣ ё худ “патент” фаъолияти меҳнатии худро оғоз кунанд. Ҳатто дар даврае, ки дархости онҳо барои иқомати доимӣ дар ҳоли баррасӣ аст, онҳо метавонанд қонунӣ ба кор шурӯъ кунанд.
– Раванди муроҷиат ва қабули қарор чӣ гуна сурат мегирад ва кӣ онро танзим мекунад?
– Танзими ин раванд бар зиммаи Вазорати корҳои дохилӣ ва Оҷонсии ташаббусҳои роҳбурдии Русия мебошад. Шахси хориҷӣ аввал ба як ниҳоди махсуси ваколатдор бо дархост ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маҳораташ муроҷиат мекунад. Ин ниҳод маҳорати шахсро месанҷад ва сипас хулосаи худро ба гурӯҳи кории назди Комиссияи масоили шаҳрвандӣ мефиристад. Қарори ниҳоӣ дар бораи “лозимӣ” будани шахс дар он ҷо қабул мешавад.

– Шартҳои ахлоқиву маънавӣ барои гирифтани ин мақом кадомҳоянд?
– Ҳангоми муроҷиат, шаҳрванди хориҷӣ бояд ба таври хаттӣ тасдиқ кунад, ки арзишҳои анъанавии маънавию ахлоқии Русияро эҳтиром мекунад. Ин яке аз талаботи муҳими фармон мебошад, зеро ин кишвар мехоҳад нафаронеро қабул кунад, ки на танҳо аз ҷиҳати касбӣ, балки аз ҷиҳати фарҳангӣ низ бо ҷомеаи ин кишвар созгор бошанд.
– Ин нафарон бо кадом навъи раводид ба Русия ворид мешаванд?
– Барои шахсоне, ки “лозимӣ” эътироф шудаанд, раводиди кории бисёркарата ба мӯҳлати то як сол дода мешавад. Ин раводид заминаи ҳуқуқӣ барои ворид шудан ва омода кардани ҳуҷҷатҳои иқомати доимиро фароҳам меорад.
Ҳамин тариқ, низоми нави иқомат барои шахсони соҳибистеъдод роҳро ба сӯи зиндагии доимӣ дар Русия ҳамвор ва кӯтоҳ мекунад.
Аммо бояд дар ёд дошт, ки дар ду соли охир дар Русия беш аз 20 қонуни нав дар бахши муҳоҷират қабул карда шуданд, ки ҳадафи асосии онҳо сахттар кардани назорат ва ба тартиб овардани раванди будубоши хориҷиён дар ин кишвар мебошад.
Ин тағйирот ҷанбаҳои гуногун, аз ҷумла соддатар кардани раванди аз кишвар берун кардани муҳоҷирон аз ҷониби кормандони пулис бидуни ҳукми додгоҳ, ҷамъоварии ҳатмии маълумоти биометрӣ ва маҳдуд кардани фаъолияти хориҷиёнро дар бар мегиранд.
Ҳамчунин, низоми махсуси ихроҷи фаврӣ ҷорӣ гардидааст, ки барои вайронкунандагони қоидаҳои будубош маҳдудиятҳои шадид, аз ҷумла манъи идораи воситаҳои нақлиёт, истифода аз хадамоти бонкӣ ва бастани ақди никоҳро пешбинӣ мекунад.
Ғайр аз ин, солҳост, ки муҳоҷирони корӣ дар Русия аз рейдҳое бо шеваи таҳқиромез шикоят доранд, ки ба боздошт ва ҳатто ихроҷи онҳо ба поён мерасад. Барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд.
Сарфи назар аз ин, Думаи давлатии Русия нақша дорад, ки рӯйхати асосҳо барои ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронро боз қариб ду баробар зиёд кунад. Агар ин тағйирот пазируфта шавад, аз ҷумла барои ибрози назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё ҳар гуна ҳарфе зидди артиши Русия боиси ихроҷи муҳоҷирон мешавад.
Консепсияи нави сиёсати муҳоҷирати Русия чӣ гуна аст ва барои шаҳрвандони Тоҷикистон чӣ тағйир ёфтааст? Дар ин матлаби мо мутолиа кунед.



