Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

asia+

Имрӯз Маҳмадамин Маҳмадаминов, нафаре, ки номаш бо марҳилаҳои муҳими ташаккули сиёсати хориҷӣ ва низоми бонкии Тоҷикистони соҳибистиқлол пайванд аст, 65-сола мешавад. Рӯзгори ӯ аз деҳоти дурдасти Шуғнон оғоз ёфта, тавассути дониш ва заҳмати пайваста то ба баландтарин минбарҳои ҷаҳонӣ дар шаҳри Ню-Йорк идома ёфтааст. Ба ин хотир мо аз фаъолияташ дар се самт – иқтисод, сиёсат ва дипломатия ёдовар мешавем.

Аз заҳмати саҳро то эътирофи Кремл

Маҳмадамин Маҳмадаминов 22-юми апрели соли 1961 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Масири касбии ӯ аз озмунҳои сахти зиндагӣ оғоз ёфт, ки дар солҳои 1978-1983 ҳамчун коргари оддии совхози Шуғнон заҳмат кашида, ба қавле “обу тоб” ёфт. Аммо истеъдоди фитрии ӯ хеле зуд зуҳур кард.

Акс аз сомонаи ВКХ

Ҳанӯз дар даврони донишҷӯӣ, соли 1985, вақте дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил мекард, аввалин донишҷӯ дар тамоми қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ шуд, ки бо ордени “Дӯстии халқҳо” сарфароз шуд. Ин мукофот дар он солҳо барои як ҷавони тоҷик на танҳо ифтихори шахсӣ, балки эътирофи заковати ҷавони тоҷик дар Маскав буд.

Корномаи овони ҷавонӣ

Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 1988, ӯ фаъолияти худро дар сохторҳои ҷавонон оғоз кард ва то соли 1991 дар вазифаҳои баланди комсомоли Тоҷикистон ифои вазифа кард.

Аммо Маҳмадаминов бо донишҳои филологӣ маҳдуд нашуда, ба омӯзиши иқтисод рӯ овард. Солҳои 1993-2003 барои ӯ давраи сайқали маҳорати менеҷерии байналмилалӣ буд, зеро ҳамчун менеҷери кулли Барномаи Бунёди Оғохон дар Покистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон фаъолият карда, дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими иҷтимоӣ саҳм гузошт.

Барои такмили ихтисос ӯ роҳи Амрикоро пеш гирифт ва солҳои 2001-2004 дар Донишгоҳи бонуфузи Ҷон Хопкинс дар риштаи иқтисод ва молия таҳсил карда, дертар унвони номзади илмҳои иқтисодиро ҳам ба даст овард.

Донистани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла англисӣ, русӣ, арабӣ ва олмонӣ ба ӯ имкон додааст, ки дар муколамаҳои ҷаҳонӣ ҳамчун як мутахассиси озодфикр ва мустақил баромад кунад.

Тафовути дигари ӯ иртиботи қавӣ бо ҷомеа ва аҳли қалам аст. Маҳмадаминов борҳо иброз доштааст, ки солҳои зиёд дар соҳаи рӯзноманигорӣ фаъолият карда, ҳамеша худро аз ҷумлаи аҳли қалам меҳисобад.

Хидмат дар ҳукумат

Соли 2005 ба ин сӯ дар ҳукумат мақоми баландро соҳиб шуд ва дар низоми иқтисодиву иҷтимоӣ ба сатҳи роҳбарӣ расид. Аз ҷумла, солҳои 2005-2010 Маҳмадаминов роҳбарии “Амонатбонк”-ро ба зимма дошт.

Бо назардошти таҷрибаи идоракунӣ, соли 2010 ӯ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таъйин шуд. Дар ин мақом ӯ на танҳо ба масъалаҳои дохилӣ, балки ба муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон дар конфронсҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекард.

Дар зимн, ӯ аз ҷумлаи аввалин вазирони тоҷик буд, ки дар ҳамоишҳои байналмилалӣ бо забони англисии равон сухан ронда, қолабҳои протоколиро ба қавле мешикаст.

Акс аз сомонаи ВКХ

Дипломатия дар сатҳи СММ

Давраи дурахшонтарини фаъолияти ӯ аз январи соли 2014 оғоз шуд, вақте ки ӯ намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид таъйин шуд. Ба гуфтаи дӯстонаш, агар аз як сӯ таҷрибаи кориаш ба инобат гирифта шуда бошад, аз сӯйи дигар боз ҳам донистани чанд забон, ба вижа англисӣ сабаб шуда, ки ба ин мақом таъйин шавад.

Дар Ню-Йорк Маҳмадаминов тавонист сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ба сатҳи сифатан нав барорад. Тавре ВКХ Тоҷикистон хабар медиҳад, дар давраи фаъолияти ӯ кишвари мо бори аввал барои солҳои 2017-2019 узви Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) интихоб ва худи ӯ соли 2017 муовини раиси ин Шӯрои бонуфуз шуд.

Ғайр аз ин, гуфта мешавад, ки маҳорати ӯ дар ҷалби диққати давлатҳои бузурге чун Чин, АМА ва Корея ба ташаббусҳои об ва иқлими Тоҷикистон боис шудааст, ки қатъномаҳои пешниҳодкардаи кишвари мо бо аксарияти овозҳо қабул шаванд.

Маҳмадамин Маҳмадаминов дар охири моҳи апрели соли 2021, вақте ки нав 60-сола шуда буд, бо сабаби “гузариш ба кори дигар” аз вазифааш барканор шуд. Моҳи июни соли 2024 расонаҳо аз муовини раиси раиси “Ориёнбонк”, яке аз бонкҳои низомсози кишвар, таъйин шудани Маҳмадаминов иттилоъ доданд ва тавре сомонаи ин бонк менависад, ӯ то кунун дар ин вазифа аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.