Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Наим Халимов

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон метавонанд ҳамкориҳоро дар соҳаи нафту газ густриш диҳанд. Ҷонибҳо бори дигар сари баррасии масъалаи интиқоли маҳсулоти “Ӯзбекнефтегаз” ба Тоҷикистон баргаштанд. Қаблан ин навъи маҳсулот интиқол меёфт, вале дар як давраи муайян боздошта шуд.

Тавре ки хадамоти матбуоти ҶС “Ӯзбекнефтегаз” хабар медиҳад, раиси раёсати ширкати мазкур Абдуғанӣ Сангинов бо намояндагони ҳайати расмии Тоҷикистон дидору гуфтушунид кардааст.

Дар гуфтушунидҳо директори Агентии захираҳои модии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Нурмуҳаммад Аҳмадзода ва сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Насриддин Исматулло ширкат варзидаанд.

Гуфта мешавад, зимни вохӯрии ҷонибҳо дурнамои таҳвили маҳсулоти нафту гази ширкати Ӯзбекистон ба бозори Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ҷониби Тоҷикистон ба хариди маҳсулот аз корхонаҳои бузурги саноатии ширкати “Ӯзбекнефтегаз” таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Дар ширкат таъкид доштаанд, ки интиқоли эҳтимолии маҳсулот метавонад бо шартҳои бозаргонӣ сурат гирад. Ҳамчунин зикр шудааст, ки тайи солҳои ахир ҳамкорӣ байни кишварҳо ба сатҳи стратегӣ расида, бар асоси эътимоди тарафайн ва ҳамҷавории нек рушд меёбад.

Дар ҳамин ҳол, аз ҳаҷмҳои мушаххаси таҳвил ва муҳлатҳои интиқоли эҳтимолӣ ҳоло саҳеҳ маълумот дода нашудааст.

Ӯзбекистон пештар яке аз таҳвилгарони калидии газ ба Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Аммо соли 2012 интиқол қатъ шуда буд. Он замон “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки Ӯзбекистон аз қатъи пурраи содироти газ аз 1 апрели соли 2012 хабар дода, сабаби инро норасии захираҳо маънидод карда буд.

Мувофиқи созишномае, ки аввали соли 2012 ба имзо расид, Тоҷикистон харидани ҳудуди 200 млн метри мукааб газро ба нақша гирифта, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми кафолатнок дар семоҳаи якум 45 млн метри мукааб муқаррар шуда буд.

Бино ба маълумоти “Тоҷиктрансгаз”, то охири моҳи марти ҳамон сол ҳудуди 41 млн метри мукааб газ интиқол дода шуда, таҳвил бояд то квотаи семоҳа расонида мешуд.

Пас аз қатъи содирот ҳамкории энергетикӣ байни кишварҳо ба таври назаррас коҳиш ёфт. Танҳо солҳои охир дар пасманзари беҳбуди муносибатҳо, ҷонибҳо тадриҷан ба барқарор намудани робитаҳои иқтисодӣ оғоз бахшиданд.

Қобили зикр аст, ки дидору гуфтушунидҳои кунунӣ метавонанд як иқдоми навбатӣ дар ин самт шаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.