ЧОРАБИНИИ МУҲИМ
– Имрӯз, соати 17:30 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) филми мустанад бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон намоиш дода мешавад. Ҳамчунин, нашри чаҳоруми ҷилди асарҳои нависанда рӯнамоӣ мешавад. Вуруд озод аст.
– Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳи “Чил калид”-и Анваршо Сайфуддинов, рассоми маъруфи тоҷик идома дорад. Он ба 50-солагии фаъолияти эҷодии рассом бахшида шуда, 172 асар, ки натиҷаи заҳмати ӯ ва шогирдонаш аст, манзури бинандагон гардидааст. Намоишгоҳ то 4-уми майи имсол идома мекунад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1973 – Дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон оркестри камеравӣ таъсис ёфт.
Соли 2009 – Президенти Тоҷикистон фармони гузариш ба лампаҳои каммасрафи барқиро имзо кард, ки мувофиқи он аз 1- уми майи ҳамон сол дар саросари ҷумҳурӣ гузариш ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ ба роҳ монда шуд.
Соли 2013 – Бозори “Фаровон”-и шаҳри Қӯрғонтеппа сӯхт.
Соли 2018 – Ҷамшед Зиёев, собиқ раиси “Тоҷпромбанк” боздошт шуд. Нисбат ба ӯ аз рӯи моддаҳои 245 (тасарруфи амвол) ва 247 (қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парванда боз гардид.
Соли 2019 – Рустами Эмомалӣ президенти нави Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) интихоб гардид.
Соли 2019 – Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик бори панҷум қаҳрамони Осиё шуд.
Соли 2020 – “Амонатбонк” барои ҷалби пасандозҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, депозити махсус ба роҳ монд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1928 – Мавлуди Шумқор Одинабеков, овозхони тоҷик, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон.

Шумқор Одинабеков дар ҳайати Театри халқии вилояти Ғарм истеъдодашро сайқал додааст. Солҳои 1956-1985 сароянда ва мутриби ансамбли тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд.
Одинабеков санъати мусиқии тоҷикони кӯҳистони Дарвозу Раштро ҳамчун шогирди Акашариф Ҷӯраев бою рангин гардонидааст. Ӯ сурудҳои эҷодкардаи А. Ҷӯраев – “Ташниз”, “Дарахти дӯстӣ”, “Намепурсад ҳеч”, “Мегирист”, “Бахти ман”-ро хеле дилчасп иҷро кардааст.
Соли 1934 – Мавлуди Абдусалом Атобоев, нависанда ва драматурги тоҷик.
Соли 1955 – Зодрӯзи Шарифбек Азизӣ, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Соли 1962 – Мавлуди Фозил Абдурашидов, доктори илмҳои таърих.
Соли 1987 – Зодрӯзи Муҳиддини Музаффар, коргардони тоҷик, узви Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон.

Муҳиддини Музаффар соли 2009 Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва якчанд курсҳои коргардониро хатм кардааст. Фаъолияти кориашро дар Театри давлатии драма ва мусиқии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом ба ҳайси ҳунарпеша оғоз карда, солҳои 2013-2016 саркоргардони театри мазкур будааст. Соли 2015 Муассисаи давлатии “Суғдсинамо”-ро таъсис дода, аз ҳамон сол инҷониб директори он мебошад.
Дар театр намоишномаҳои “Куштори яксаду чаҳордаҳ шоҳзодаи Ҳахоманиши дар кӯшки гардон”, “Модар-Ватан”, “Инопланетянинҳо дар замин”, “Модар ман зан мегирам”, “Хонуми боистеъдод”, “Қорӣ-ишкамба”-ро ба саҳна гузоштааст.
“Ормонҳо”, “Паймон”, “Коса”, “12 соли интизорӣ”, “Тангно”, “Сайёра ранг иваз мекунад”, “Аз миллион яке”, “Пайроҳаи мураббӣ” ва “Дов”аз филмҳои маъруфи ӯ дар синамои тоҷиканд. Ҷоизадори даҳҳо озмунҳои байналмилалӣ дар соҳаи синамо аст.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии бисёрҷониба ва дипломатия ба хотири сулҳ мебошад, ки бо қатъномаи Маҷмааи умумии СММ таъсис ёфтааст. Ҳадаф аз он тарғиби ташаббусҳои сулҳҷӯёна ва роҳҳои мусолиматомези ҳалли муноқишаҳо ба таври осоишта аст.

24 апрел инчунин Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии ҷавонон аст, ки таваҷҷуҳи мақомоти давлатӣ, ҷомеа ва расонаҳоро ба мушкилоти ҷавонон ҷалб менамояд. Ин рӯз бори аввал соли 1957 таҷлил шуда, ба иҷлосияи хотимавии Конфронси Бандунг (1955) бахшида шудааст.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии ҳимояи ҳайвоноти озмоишӣ аст. Ин рӯз соли 1979 бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии зидди таҷрибаҳои дардовар ба ҳайвонот таъсис ёфта, аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтааст.

Аз ҷумлаи ҳайвоноте, ки бештар дар таҷрибаҳо истифода мешаванд, мушҳо, харгӯшҳо, маймунҳо ва сагҳо мебошанд. Ҳар сол садҳо намояндаи ин навъҳо дар лабораторияҳо талаф меёбанд. Ҳайвонот инчунин дар омӯхтани донишҷӯёни тиб ва байторӣ истифода мешаванд.
Имрӯз инчунин Рӯзи пайдоиши оби газдор аст. 24 апрели соли 1833 дар ИМА оби газдор ба таври расмӣ патент карда шуд. Ин ихтироъ ба кимиёшинос, диншинос ва файласуфи англис Ҷозеф Пристли тааллуқ дорад, ки як хосияти диоксиди карбонро кашф намуд ва ба шарофати он имкони истеҳсоли оби газдор пайдо шуд.

24 апрели соли 1800 Китобхонаи Конгресси ИМА таъсис ёфт. Аввал он чун шӯъбаи иттилоотӣ барои қонунгузорон таъсис дода шуд, вале баъдан ба як муассисаи сатҳи давлатӣ табдил ёфт.
Имрӯз ин Китобхонаи миллии ИМА буда, ҳамчун маркази пурқудрати библиографӣ ва Агентии ҳуқуқи муаллифии Амрико фаъолият мекунад. Он дар Вашингтон, дар Капитол Ҳилл ҷойгир аст. Масоҳати он 265 000 метри мураббаъро дар бар мегирад, тӯли рафҳояш 865,5 километр аст. Дар толори асосии он, ки баландии он аз фарш то гумбаз 50 метрро ташкил медиҳад, беш аз 45 000 китоби маълумотӣ ва ҷой барои 250 хонанда мавҷуд аст.

Дар маҷмӯъ, фонди китобхона зиёда аз 120 миллион китобу маҷалла, 12 миллион акс, тақрибан 5 миллион харитаи географӣ, 57 миллион саҳифаи дастнавис, инчунин нотаҳо, сабтҳои мусиқӣ, филмҳо ва барномаҳои телевизиониро дар бар мегирад.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 10+15º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат; дар водиҳо рӯзона 26+31º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 21+26º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 11+16º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 20+25º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ғарби вилоят борон, дар шарқи вилоят борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 20+25º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар ғарби вилоят шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 26+28º гарм, шабона 14+16º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 13+15º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 28+30º гарм, шабона 15+17º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 8+10º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 24 ба 25-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.




