Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон тибқи нақшаи нав то баҳори соли 2027 ба охир расида, тобистони соли оянда истифодаи тиҷоратии лоиҳа оғоз мешавад. Ин нукта дар вохурии Далер Ҷумъа, вазири энерҷии Тоҷикистон бо намояндаи ширкати паймонкори қитъаи афғонистонии лоиҳа – “Kamani Engineering Corporation” (KEC) дар Душанбе зикр шуд.
Тавре Вазорати энерҷӣ ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаохӯрӣ роҳбарони ширкати “Брешно”-и Афғонистон, Бонки ҷаҳонӣ ва ширкати паймонкори лоиҳаи “CASA-1000” – “Kamani Engineering Corporation” ширкат карданд.
“Ҷонибҳо вазъи кунунии корҳо, инчунин масоили фаннӣ ва молиявии лоиҳаи “CASA-1000”-ро баррасӣ карданд”, – зикр мешавад дар хабар.
Далер Ҷумъа аҳаммияти роҳбурдӣ (стратеги)-и амалисозии лоиҳаи “CASA-1000”-ро зикр карда, таъкид доштааст, ки “он ба таҳкими ҳамкории минтақавӣ, баланд гардидани эътимод байни кишварҳои иштирокчии он ва таъмини содироти нерӯи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мусоидат мекунад”.

Ба иттилои манбаъ, корҳои сохтмонии ин тарҳ дар 3 давлати узви он – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Покистон ба анҷом расида, дар Афғонистон идома доранд.
“Пурра ба охир расидани корҳои лоиҳа рушди бозори энергетика, таҳкими амнияти энергетикӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиро байни кишварҳои иштирокчии лоиҳа таъмин мекунад”, – хулоса шудааст дар хабари Вазорати энергетика.
Дар бораи лоиҳаи CASA-1000
Дар лоиҳаи “Central Asia – South Asia – 1000” (CASA-1000) сохтмони хати фаромарзии интиқоли барқ пешбинӣ шудааст, ки тариқи он интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон сурат мегирад.
Маросими расмии оғози татбиқи лоиҳаи “CASA-1000” моҳи майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон бо иштироки сарони кишвар ва раисони ҳукуматҳои чор кишвари иштирокчии лоиҳа баргузор шуд.
Тибқи маълумоти Вазорати энерҷии Тоҷикистон, ҳамаи корҳо дар доираи лоиҳаи мазкур дар қаламрави Тоҷикистону Қирғизистон ба охир расида, анҷоми корҳои татбиқи лоиҳа дар қаламрави Покистон то охири соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар чаҳорчӯби лоиҳаи мазкур, 1387 километр хати ду истгоҳи табодули барқ барои интиқоли 1300 МВт нерӯи барқ сохта мешавад.
Маблағи умумии сохтмони ин хати интиқоли барқ бо масофаи умумии 1,4 ҳазор километр ҳудуди 1,2 млрд доллар, арзиши қисмати лоиҳа дар Тоҷикистон – 344 млн ва дар Қирғизистон – 200 млн долларро ташкил медиҳад.
Дар назар аст, ки даромади Тоҷикистон ва Қирғизистон аз содироти нерӯи барқ ҳадди ақалл зиёда аз 250 млн доллар дар як солро ташкил хоҳад дод.




